“Асосҳои бехатарии барқӣ дар асбобҳои тиббӣ”
Ин дастури таълимӣ соли 2020 чоп шудааст ва муаллифаш Сафархон Ғафуров мебошад. Дар он таъсири ҷараёни электрикӣ, шартҳои осеби барқӣ, усулҳои ташхис ва хизматрасонии дастгоҳҳои тиббӣ, усулҳои ҳимояи инсон аз таъсири ҷараёнӣ электрикӣ ва ҷузъиёти он, қоидаҳои расонидани кумаки аввалини тиббӣ оварда шудааст.
Дастури таълимии мазкур барои донишҷўёни тамоми ихтисосҳое, ки корҳои амалиро дар озмоишгоҳҳо аз рўи курси электромагнетизм мегузаронанд ва бо таҷҳизоти барқӣ, бахусус таъмир, хизматрасонӣ ва истифодаи дастгоҳҳои тиббӣ бо мақсади ташхис ва табобати беморон сару кор мегиранд, таъин шудааст.
Муаллиф дар сарсухан меорад, ки истифодаи васеъи таҷҳизоти барқӣ ва асбобҳои барқӣ дар саноати сабук, вазнин, хоҷагии қишлоқ ва бахусус дар соҳаи тиб зарурати коргард ва иҷрои чораҳои хифзи ҳайати коргаронеро, ки ба таҷҳизоти барқӣ сару кор мегиранд, аз осеби барқӣ талаб мекунад. Ҳисоботи оморӣ нишон медиҳад, ки гарчанде шумораи умумии осебҳои барқӣ на он қадар зиёд бошад ҳам (аз 3 то 5% -и осебҳои умумии саноатӣ), аммо оқибатҳои чунин осебҳо хеле вазнин ва ташвишовар мебошад.
Афзоиши таҷҳизоти барқӣ дар истеҳсолоти муосир хатари баланди осебҳои барқиро ба миён меорад, ки манбаи энергияи онҳо шабакаҳои барқӣ, таҷҳизоти барқӣ техникаи ҳисоббароре мебошанд, ки бо энергияи электрикӣ кор мекунанд. Ин мубрамияти масъалаи бехатарии барқӣ – бартарафкунии осебҳои барақиро муайян мекунад.
Бехатарии барқӣ – системаи чорабиниҳои ташкилӣ ва техникӣ ва воситаҳост, ки ҳифзи одамонро аз таъсироти зарарнок ва хатарноки ҷараёни электрикӣ, камонаки электрикӣ, майдони электромагнитӣ ва афканишотро таъмин мекунад.
Осебҳои барқӣ дар муқоиса бо дигар осебҳои истеҳсолӣ фоизи камро ташкил медиҳад, аммо аз рўи миқдори ҷароҳатҳои бо натиҷаҳои вазнин ва марговар яке аз мавқеъҳои аввалро ишғол мекунад. Таҳлили осебҳои саноатӣ ба ҳисоби миёна тақрибан 18% -и ҳамаи ҳолатҳои вазнин ва марговари осебҳои барқиро ташкил медиҳад. Миқдори зиёди осебҳои барқӣ (60-70%) ҳангоми кор ба таҷҳизоти барқии шиддати то 1000 В ба амал меояд.
Мақсад, омўзиши масъалаҳои бехатарии барқӣ дар дастгоҳҳо ва таҷҳизоти тиббӣ ва нигоҳ доштани саломатии худ ва беморон аз таъсири ҷараёнҳои баланшиддат ҳангоми омодагардонии таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобатӣ бемсорон тасасути дастгоҳҳои тиббӣ мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд китоби “Асосҳои бехатарии барқӣ дар асбобҳои тиббӣ”-ро дар толори хониши шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ бихонанд.
Таҳияи Ш.Норова, мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ.