“Асосҳои фалсафа”-китобе, ки 38 сол пеш чоп шуда буд

Асосҳои фалсафаКитоби А.Спиркин “Асосҳои фалсафа”  чун як дастури таълимӣ соли 1988 чоп шудааст. Албатта, он шояд барои имрӯзиён чандон ҷолиб набошад, чун бештар дар бораи фалсафаи марксистиву ленинӣ баҳс мекунад. Аммо замоне як китоби муфид барои донишҷӯён буд.

Китоб бобҳои ҷолиб ва барои имрӯз ҳам муфид дар бораи таърихи фалсафа, шуур, забон, муошират, робита ва инкишоф, маърифати илмӣ, мактабҳои фалсафии олам ва ғайра дорад, ки хондани он аз аҳаммият холӣ нест.

Муаллифи дар сарсухан оврадааст, ки мо ба омӯзиши фалсафа шурӯъ карда,  вориди салтанати хиради ба таври назариявӣ фикркунанда, салтанати ҳикмати асрҳои аср ғуншуда мегардем. Асрҳо боз мардум фалсафа гуфта саъю кӯшиши дониши олиро мефаҳмад ва фарқи он аз маърифати даҳрї ва шаклҳои дигари дониш, аз фаҳмиши динию асотирии олам ҳамин буд. Файласуфҳо кӯшиш доштанд асоси ҳастӣ, тарзҳои фаъолияти маърифатӣ, моҳияти на фақат њодисаҳои табиат, балки моҳияти ҳаёти љамъиятиро ҳам дарк намоянд. Ҳамаи ин барои фаҳмидани маъною мақсадҳои ҳаёти инсон зарур буд.

Динамизми замони мо дар таърихи умумиҷаҳонӣ ҳамто надорад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти одами ҳозираро дигаргунсозиҳои бағоят гуногунҷабҳа фаро гирифтаанд. Динамизми ҳаёти маънавии инсоният ва ҳар одам гуё бо воқеаҳои иҷтимоӣ ҷӯр бошад, мунтазам ва муттасил меафзояд. Тамоми маданият, илму техника ва комёбиҳои азими онҳо, ҳамчунин ҳаёти ҷамъият ва дигаргунию тағйироти он аз мардум талаб мекунанд, ки ҳама имкониятҳои маънавиашонро ба кор баранд, масъулияти худро равшан ҳис кунанд, қадру қимати мабдаи маънавиро баланд бардоранд, соҳиби ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқ шаванд.

Пешрафти ҷамъияти мо ҳоло фақат бо роҳи тезондани тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ имконпазир аст, ки он амалї шудани мақсади ҳақиқатан инсондӯстона – таъмини инкишофи ҳамаҷониба ва мутаносиби шахсро наздик меорад. Мантиқи пешрафту тараққиёти ҷамъияти мо устуворона талаб менамояд, ки њамаи унсурҳои структураи он – иқтисодиёт, муносибатҳои иҷтимоӣ, системаи сиёсӣ, соҳаи маънавию идеологӣ, соҳаи идора, тарзу усулҳои кори ҳар кас ба куллӣ дигаргун сохта шавад. Барои ин психология, тафаккури мардум, шуури онҳоро тағйир додан зарур аст… Ҳозир масъалаҳои бисёре ба он вобаста аст, ки ҳамаи ин дигаргунсозиҳои иҷтимоиро чӣ хел одамон пеш гирифтаанд (ботину замир ва симои маънавии онҳо чӣ гуна аст). Бинобар ин ҳар кас бояд худро аз ҷиҳати маънавӣ ва интеллектуалї такмил диҳад – ин роҳу илоҷи муҳимтарини татбиқи имкониятҳои то ҳол истифоданашудаи тараққиёти мост.

Тарзи тафаккури кӯҳна ва умраш ба охиррасидаю аз бисёр ҷиҳат тираю якранг роҳи аз вазъияти ҳозираи ҳаёти ҷамъият халос шуданро ба мо нишон дода наметавонад. Агар кас инро дарк кунад, мефаҳмад, ки ривоҷи муносибати эҷодӣ ба кор, тафаккури гиро ягона роҳи бартараф намудани мулоҳизаронии якрангу қолибӣ буда, аз бар кардани диалектика ба ин мусоидат мекунад…

Фалсафа манфиати куллии халқ, идеалҳои адолати иҷтимоиро ифода карда, воқеияти табиї ва ҳам воқеияти иҷтимоиро дуруст инъикос менамояд…

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар толори хониши шуъбаи депозитории Китобхонаи миллї дастрас намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи депозиторї.