“Асосҳои ҳамтаъсирии майдонҳои физикӣ бо объектҳои биологӣ”

Дар дастури таълимии  мазкур механизмҳои биофизикии  таъсири майдонҳои электромагнитӣ , акустикӣ, ҳароратӣ аз ҷозиба ба объектҳои биологӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, ки барои сохтани воситаҳои техникии ташхис ва муолиҷаҳои тиббӣ  истифода  бурда мешаванд. Муаллифон С.Ғафуров ва М. Талабов бештар ба таъсироти майдонҳои электромагнитӣ  ба муҳитҳои  биологӣ  ва бахусус  ба инсон бештар диққат додаанд.

Дар китоб оид ба усулҳои ташхис  ва муолиҷа ба воситаи ҷузъҳои  алоҳидаи  ин намуди майдон ба таври мушаххас маълумот дода шудааст.

Муаллифон ба ин назаранд, ки дастури таълимӣ  барои донишҷўёне, ки дар самти “Дастгоҳҳои электронӣ “ ихтисосҳои “ Электроникаи тиббӣ” , “Асбобҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ” ва “ Физикаи биотиббӣ”  таълим мегиранд, хеле муфид аст.

Дар сарсухани китоб аз ҷумла омадааст: Аз нуқтаи  назари  табий- илмӣ тағйироте, ки дар фазои моро иҳота карда рух медиҳад, натиҷаи таъсир ва ҳамтаъсирии майдонҳои физикӣ мебошад. Тағйирёбиҳо метавонанд ҳам хусусияти макроскопӣ  (асосан ба сохтори моддаҳо таъсиркунанда) ва ҳам микроскопӣ дошта бошанд. Сабаби  умумии ин  тағйирёбиҳоро метавон тағйирёбии ҳолати  энергетикии объекти  муоинашаванда ҳисобид. Аз ин рў, асосан ба мафҳуми зерини  майдони физикӣ такя мекунем.

Майдони физикӣ – ин шакли махсуси материя мебошад, ки ба  воситаи он таъсироти байниҳамдигарии энергетикӣ  ва электрикии объектҳо ба амал меояд.

Дар физикаи муосир ду намуди майдонҳои физикии асосӣ мавҷуд аст – элоктомагнитӣ ва гравитатсионӣ. Хусусиятҳои хоси ин майдонҳо  хосияти мубодилаи  энергия дар байни объектҳо новобаста аз мавҷудияти  моддаҳо  дар байни онҳо мебошад. Барои қулай аз назар гузарондани  ҳодисаҳои мубодилаи энергия дар моддаҳо мафҳуми майдонҳои акустикӣ ва ҳароратиро ворид мекунанд. Вобаста аз баамалоӣ  майдони физикиро метавон ба табий ва антропогенӣ  (дар натиҷаи фаъолияти ҷамъияти  инсонӣ ба амал меояд ) ҷудо намуд.

Дар ин дастури таълимӣ мо объектҳоро аз назар мегузорем, ки  ҳамчун организми зинда дар раванди фаъолият ва таҳҳавул  ҳам ба таъсири манбаҳои берунаи майдонҳои физикӣ дучор мешаванд ва ҳам худашон ҳамчун манбаи  ин майдонҳо ҳисоб мешаванд.Аз ин рў масъалаҳои асосие, ки мо аз назар мегузаронем, аз нуқтаи  назари  экологӣ дида баромада мешаванд.

Аз рўи истифодаи  усулҳои нишондоди ҳодисаҳои муайян масъалаҳои азназаргузаронандаро метавон ба биофизика мутаалиқ намуд. Ибтидои чунин ақидаҳо ба назарияи Ломоносов М.В. доир ба бинои ранга, ки ҳануз дар асри ҳаждаҳ пешниҳод шуда буд, дахл дорад.

Минбаъд  ба биофизика таҷрибаҳои Л. Галвани  доир ба омўзиши “барқи ҳайвоноти” тадқиқотҳои физиолог ва физика ва физирики франсуз, асосгузории кафедраи нахустини биофизика Дарсонвал дар соҳаи таъсироти  байниҳамдигарии ҷараёнҳои тағйирёбанда  ба объектҳои биологӣ (ки ба усули дарсонвализатсия – муолиҷа ба воситаи ҷараёни импулсии басомади баланд, шидати баланд ва кувваи паст ибтидо гузошт) саҳми  худро гузоштаанд. Дар байни дастовардҳои машҳури  биофизикаи асри ХХ рамзхонии сохтори сафедаҳо ва илтиво (спирал) и дугонаи  ДНК- ро метавон қайд кард.

Аз ин рў мавзўи омўзиш маҷмўи ҳодисаҳое мебошанд, ки ҳангоми ҳамтаъсирии майдонҳои физикӣ ба объектҳои  биологӣ  ба амал меоянд, мақсади омўзиш бошад – истифодаи  ҳодисаҳои баамаломада ба сифати асосҳои  методологӣ  барои ташкили дастгоҳҳои ташхиси  тиббӣ, тарҳрезии дастгоҳҳо ва системаҳои муолиҷавӣ, муаянкунии вояҳои  имконпазири таъсироти майдонҳои физикӣ ба объектҳои биологӣ, аз ҷумлаи инсон мебошад. Ба ёд меорем, ки экология – ин илм дар  бораи  қонуниятҳои ташаккул  ва коркарди  системаҳои  биологӣ ҳангоми ҳамтаъсирии онҳо ба муҳити атроф мебошад.

Хонандагони азиз китоби “Асосҳои ҳамтаъсирии майдонҳои физикӣ бо объектҳои биологӣ”-ро метавонанд дар толори хониши адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ бихонанд.

Таҳияи Ш.Норова, мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ.