«Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба савдои одамон»

ХукукИн монография соле пеш дар шаҳри Душанбе чоп шуда, нав ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст. Муаллиф номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Карим Ҳоҷиевич Солиев буда, ба он доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профсссор Т.Шарипов тақриз навитааст.
Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои таъмин намудани амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти хусусияти фаромиллӣ доштани савдои одамон дар ҳудуди худ он шахсонеро, ки ба савдои одамон машғуланд, таъқиб менамояд. Таъқиби ҷиноятӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки савдои одамон ё давраҳои алоҳидаи он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикитон амалӣ гардида бошад, аммо он бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикитон равона шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳое, ки бо меъёрҳои санади байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё меъёрҳои қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ карда мешавад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳар як давлат уҳдадор аст, ки вайрон намудани ҳуқуқи инсонро пешгирӣ намояд, дар ҳолати содир шудани чунин вайронкуниҳо онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад, чорабиниҳои дахлдорро нисбат ба шахсоне, ки ҳуқуқи инсонро вайрон мекунанд, андешад ва ҷуброни зарари маънавӣ ва моддиро ба ҷабрдидагон таъмин намояд.

Бинобар ин, мушкили умдаи савдои одамон ва вазъи ҳуқуқии қурбониёни ин ҷинояти фаромиллӣ – яке аз масъалаҳои мураккабтарин мебошад, ки пешорӯи ҷамеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин масъала дар СММ, ки раванди ҷустуҷӯ намудани роҳу воситаҳои самараноки ҳифзи ҳуқукҳои гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ ва ба онҳо расонидани кумаки заруриро идома медиҳад, мавриди баррасии фаъолона қарор дорад.

Оид ба шумораи қурбониёни савдои одамон дар ҷаҳон, тақсимоти географӣ ва сабабҳои он маълумоти васеъ вуҷуд дорад. Иттилооти даҳсолаи охирро таҳлил намуда, метавон ба хулосае омад, ки мушкилии савдои одамон дар ин давра ҳам аз ҷихати сифат ва ҳам аз ҷиҳати миқдор хеле тағйир ёфтааст…

Хонандагон китоби мазурро метавонанд дар Китобхоани миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шариофова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.