“Ҳасрати дидор” – китоби нави Алӣ Ҷӯра

Китоби нави адиб ва рӯзноманигори маъруф Алӣ Ҷӯра бо номи “Ҳасрати дидор” ба тозагӣ нашр шуд. Қаҳрамонони ҳикояҳои нависанда ба зиндагӣ хушбинанд, талошманду муборизанд, амалу кирдорҳои неке, амсоли хайру эҳсонкорӣ, дасти мадад расонидан ба одамон, фаъолмандии шахсӣ баҳри рушду пешрафти ҷомеаро дар фикру пиндори хеш мепарваранд ва аз пайи амалӣ намудани ин ҳадафҳои нек қарору ором надоранд.

Рисолати эҷодкор ҳам, қабл аз ҳама, ба василаи офаридани сарнавишти мухталифи одамон ва инъикоси зиндагии мураккаби онҳо панду андарз додан ба хонанда ва ба роҳи рост ҳидоят кардани инсонҳост.

Нависандаи маъуф Шодӣ Раҷабзод дар сарсухан ба китоб бо номи “Воқеият дар меҳвари эҷод” менависад:

Иртибот бо қаламу сухан фикреву андеша ва эҳсосу ҳаяҷони дилро, ки бардошт аз мушоҳидаҳои зиндагист, рӯйи сафҳа овардан ва ба он руҳу неруи бадеӣ бахшидан аз ҷониби эҷодкоре, ки сарнавишти хешро ба адабиёт пайвастааст, талошу заҳмат ва аз қавле, сӯхтану сохтани ҳамвораро тақозо мекунад. Зиндагию қисмати одамонро  бо ҷумла мураккабию печидагиҳо ва паҳлуҳои нонамоёну нозукаш пайгирӣ кардану ба василаи сухану таъбиру ҳикматҳои мардумӣ офаридани симоҳои зиндаю хотирмон дар пироҳани нафиси бадеият ҳароина амали сангину тавонкоҳ аст. Ва хушо ба ҳоли эҷодкоре, ки бо азму саъйи комил, шабҳои зиёдеро ба бедорӣ рӯз карда, дар масъалаи суханро бо сухан зам намудану хуни дил шудан аз худ гузашта, тавассути тасвири бомароми манзараҳои мутафовити зиндагӣ, ки дар меҳвари он Инсон қарор дорад, асаре меофарад, ки бо тасвирҳои хушобурангу ҷаззоб таваҷҷуҳи хонандаи ҳушманду дилогоҳро  ба худ ҷалб месозаду ба дилҳо нури умед мебахшад. Роҳи эҷодии ҳар қаламкаш яксону ҳамвор набуда, вай то ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расидан марҳалаҳои такомули фаровони эҷодиро паси сар месозад, чу ниҳоле, ки бо таъсири файзбори хуршеду оби ҳаётбахшро дар решаҳои худ ҷабидан ба тадриҷ комилу расо мешаваду меваҳои шаҳдбор армуғон меорад. Ҳамин гуна масирро нависандаи хушқалам Алӣ Ҷӯра зина ба зина тай кардаву бо навиштаҳои дилрасу воқеии худ аз эҷодиёти пурбораш ба хонанда паём медиҳад.

Алӣ Ҷӯра ба майдони эҷод дар оғоз бо мақолаю очерк, эссе ва сафарномаҳои талифнамудааш ворид гардида, бадан неруи сухан ва лаёқати хешро дар иншои ҳикоя санҷида, муваффақ ҳам гардид. Навшитаҳои у диққати нависандагони шинохтаю маъруфро ҷалб кард. Бесабаб набуд, ки ба маҷмуаи очерку эссе ва сафарномаю ҳикояҳои ӯ бо номи «Тулуи беғуруб», ки соли 2022 ба табь расидааст, Нависандаи халқии Тоҷикистон, шодравон Кароматуллохи Мирзо пешгуфтор навита, ба ӯ дар ҷодаи эҷод барору муваффақият хоста буд. Аз ҷумла, дар хатми навиштаи худ устод қайд кардааст, ки: «Як бахши маҷмуа аз ҳикояҳое иборатанд, ки паҳлуҳои мухталифи зиндагии деҳотиёнро фаро гирифтаанд. Аз мутолиаи китоби «Тулӯи беғуруб»-и Алӣ Ҷӯра бармеояд, ки ҳамаи нигоштаҳои ӯ – эссе, хотира ва ҳикояҳо бадеият ёфтаанд, моли адабиёт, хонданианд, бо обу ранг, бо забони фасеҳи фаҳмо нигошта шудаанд».

Ҳоло дӯсти соҳибқалами мо маҷмуаи ҳикояҳои ба тозагӣ таълифнамудаашро бо номи «Ҳасрати дидор» пешниҳоди хонандагону ҳаводорони каломи бадеъ намудааст, ки аз заҳмату ирода ва ковишу ҷустуҷӯҳои бадеии ӯ дар роҳи тасвиру бозтоби сар навишту зиндагии одамон шаҳодат медиҳад.

Чанд омилро, ки бозгукунандаи сабки эҷодии носири соҳиблаёқат мебошад, зикр кардан ба мақсад мувофиқ аст. Алӣ Ҷӯра таҷрибаи фаровони зиндагӣ дошта, ба василаи мушоҳидаю бардоштҳояш олами вижаи зиндагии одамонро, ки ғолибан, дар байни онҳо умр ба сар мебарад, ба таври вокеӣ ба риштаи тасвир мекашад. Кӯтоҳбаёну хушкалом аст, дар навиштаҳояш ҳикматеву андарзе ба таври ҳатмӣ, банудрат ҳам бошад, ифода меёбад. Ба ҷуз ин ҳама, ҳикояҳояш ҷанбаи хуби ахлоқӣ дошта, ибратомӯзанд. Ва рисолати эҷодкор ҳам, қабл аз ҳама, ба василаи офаридани сарнавишти мухталифи одамон ва инъикоси зиндагии мураккаби онхо панду андарз додан ба хонанда ва ба роҳи рост ҳидоят кардани инсонҳост. Алӣ Ҷӯра аз тасвиру инъикоси лаҳзаву марҳалаҳои гоҳо дар ғояти мушкилу пуразоб ва сангини каҳрамонони худ иҷтиноб намеварзад. Чунинанд қисмати қаҳрамонони ҳикояхои «Амонат», «Афсонаи зиндагӣ», «Камони қомат», «Хайр», «Зоғи сиёҳ», «Хатти тақдир», «Бозгашти полвон», «Ҳасрати дидор”, «Гули пажмурда» ва ғайра, ки бо мушкилоту санҷишҳои зиндагӣ панҷа нарм карда, руҳи барозандаву иродаи қавии худро ба намош мегузоранд. Нависанда зиндагиро бо ҷамеаи паҳлуҳояш амиқу ҳамаҷониба омӯхтааст, аз ҷузъиёту муколамаҳо ба сифати аносири созандаи бадеӣ бо маҳорат кор мегирад, саҳнаҳои бархурду талошҳои қаҳрамононро зиндаю табии ва боварибахш тасвир мекунад. Хусусан, дар ҳикояҳои «Амонат», «Камони қомат», «Хатти тақдир», «Хасрати дидор» ба нависанда муяссар шудааст, ки драматизми шадиди руҳии одамон ва ҳолу авзои гуногуни онҳоро воқебинона ва ба гунаи массиру таконбахш биофарад. Қаҳрамонони ҳикояҳои нависанда ба зиндагӣ хушбинанд, талошманду муборизанд, амалу кирдорҳои неке, амсоли хайру эҳсонкорӣ, дасти мадад расондан ба одамон, фаьолмандии шахси баҳри рушду пешрафти ҷомеаро дар фикру пиндори хеш мепарваранд ва аз пайи амали намудани ин ҳадафҳои нек қарору ором надоранд.

Албатта, дар баъзе ҳикояҳои Алӣ Ҷӯра норасоиҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки ҷузъӣ бошанд ҳам, зикри онҳо аз фоида холӣ нест. Гоҳо нуфуз пайдо кардани нақл, гусаста шудани лаҳзаҳои зиндагии қаҳрамонон, ки мантиқи баёнро халалдор месозад, ҳанӯз ба дараҷаи фардият нарасидани кақрамонони ҳикояҳо аз нигоҳи забону гуфтор ва ҷамьбасти бадеии баъзе ҳикояҳо, ки комил нестанд, аз ҳамин гуна навоқисанд. Аммо мо мутмаин ҳастем ва ба азму иродаи тавонои нависандаи заҳматкаш, ҷӯёву кӯшо Алӣ Ҷӯра бовар дорем, ки бо омӯзиши бардавом ва мутолиаи осори гаронбаҳоии адибони ҷаҳон, фурӯ рафтан ба ғаври забони зиндаи мардум ва паҳлуҳои наву норӯшани сарнавишти инсонҳо ин ҷузъиётро бартараф намуда, бо асарҳои тозаю ибратомӯзи хеш дар пешрафти насри тоҷик ҳиссаи босазо мегузорад.

  Хонандагон имкон доранд бо китоби нави Алӣ Ҷӯра «Ҳасрати дидор» дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Шаҳнавоз АКРАМОВА,

мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд