Ҳасрати Ҳисорӣ. Гулзори Ҳасрат
Водии Ҳисор қариб дар тамоми давраҳои таърихи адабиёти тоҷик намоняндагони худро доштааст. Мо дар сарҷашмаҳои адабӣ ва таърихӣ монанди Биҳиштии Ҳисорӣ, Муҳаббатии Ҳисорӣ, Қудсии Ҳисорӣ ва ғайра номи шоирони бисёреро мебинем, ки дар ин водӣ ба камол расидаанд.
Биҳиштии Ҳисорӣ – муосири амир Алишер аст – менависад муаллифи тазкираи «Рўзи равшан» Мавлавӣ Муҳаммад Музаффар Ҳусайни Ҳусайни Сабо.
«Муҳаббатии Ҳисорӣ – дар «Нигористони сухан» ба Меҳнатӣ навишта шуда, вале дар асл Муҳаббатӣ буда, дар шаҳрӣ Деҳлӣ ба талаби илм иштиғол дошт. Акбарподшоҳ ўро бад–ин тахаллус навохт ва ба қазои Сеҳранд бардошт ва вай ҳамон ҷо ҷома гузошт”, – мегўяд ҳамин муаллиф.
Сарчашмаҳо дар хусуси шоири асри XVI Қудсии Ҳисорӣ маълумот дода, ўро “Ҷомии сонӣ” номидаанд. Мутаассифона, аҳвол ва ашъори қариб ҳамаи шоирони ин водӣ мисли бисёр шоирони тоинқилобии мо омўхта нашудааст.
Чунон ки маълум аст, водии Ҳисор дар тамоми давраҳои таърихӣ қаламрави давлати марказии амирони Бухоро буд ва дар охирҳои асри XVII низ ба тобеияти ин ҳукумат дохил мешуд. Аммо дар натиҷаи муборизаҳои шадид ва худро ҳокими Ҳисор эълон кардани Абдулкаримхон ин мавзеъ як муддат ба ин ном давлати мустақил гардид ва аз тобеият ба амирони Бухоро саркашӣ кард. Абдулкаримхон ба умеди афзудани эътибори давлати худ шоирони зиёдеро ба дарбор ҷамъ овард. Бо ин роҳ дар Ҳисор як маҳфили адабӣ таъсис ёфт. Мулло Муҳаммади Раҷаб (Парӣ), Тошхоҷаи Асирӣ, Мулло Исои Мавзуни Бадахшонӣ, Фориғӣ Ҳисорӣ, Саидҷон Мирзои Муншӣ ва дигарон аз шоирони охирҳои асри XVII ва аввали асри XIX ва сабақдидагони ҳамин маҳфили адабӣ мебошанд. Мирзо Олимҷони Ҳасрат, ки низ дар ҳамин давра зиндагӣ кардааст аз шуарон соҳибзавқи ҳамин маҳфил ва ҳамин водист.
Аз сарчашмаҳои адабӣ “Тўҳфат – ул аҳбоб” – и (нашри Тошканд, соли 1332 ҳиҷрӣ, саҳ 89) Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар бораи ин шоир чунин менависад: “…Номаш Мирзо Олимҷон аз вилояти Ҳисор, дар аҳди давлати амири кабир (амир Насруллоҳ) ва амири Саъид (амир Музаффар) марде буд олимашраб, хушсўҳбат, накўмуҳовара, таҳсили улум дар фанни шоирӣ мусаллам ва мақбуд, ашъори ошиқонаи ҳасратангезу дардомезе дорад. Дар охири умр ба марази барас мубтало шуда вафот кардааст. Ин абёти рангин аз зодаи табъи ў мебошад”. Пас аз ин Возеҳ ду ғазали шоирро намуна меоварад.
Аз олимон ва тадқиқотчиёни советӣ доир ба аҳволи Ҳасрат ва маҳорати шоирии ў, пеш аз ҳама, устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” (соли 1926, саҳ. 256) ва баътар Абдусалом Деҳотӣ сухан рондаанд.
Соли вафот, ҷараёни зиндагӣ ва бисёр лаҳзаҳои ҳаёти Мирзо Ҳасрат чандон равшан нест. Танҳо ҳамин қадар метавон гуфт, ки як қисми аввали умри шоир дар Ҳисор ва қисми дигараш дар Бухоро гаштааст. Аз ашъори Мирзо Ҳасрат ва интихоби тахаллуси адабиаш пай бурда мешавад, ки дар мўҳтоҷӣ ва ҳасрат умр ба сар бурдааст. Мисраъҳои зерени шоир далели ин даъвост:
Ба номи бекасӣ ҷуз ғам ғарибонро кӣ мепурсад?
Ба ғайр аз дард ҳоли дардмандонро кӣ мепурсад?..
Фитода дар таҳи девори Ҳасрат мо ғарибонем,
Ғарибу хоксору хонавайронро кӣ мепурсад?
Ё ки дар ҷои дигар ў навиштааст.
Ҳасрат, ба кӣ гўям аламу дарди диламро,
Бо ҳар кӣ нишинам, зи ман ўро ҳазар ояд.
Дигар дар сарчашҳо ва порчаҳои адабии шоир, ки ба даст омадааст, оид ба шарҳи ҳол ва лаҳзаҳои зиндагии ў қариб чизе нест. Ягона ишорае, ки дар як шеъри Ҳасрат ба назар расид, аз Ҳисор будани ў хотирнишон мешавад.
Ҳамди иллаҳ, дар Ҳисори амндорам бўстон,
Гулшанободе, ки дорам, зулми хореро надид…
Соли вафоти шоир маълум нашуд. Мероси адабии ў низ то кунун ба таври пурра ба даст надаромадааст. Аз хусуси девони ашъор доштан ё надоштанаш ҳам маълумоте надодаанд. Фақат ҳамин қадар маълум аст, ки эҷоди шоир дар замони зиндагиаш шўҳрати босазое доштааст. Бисёр шеърҳои ў дар баёзи маҷмўаҳои дар охири асри XVII ва асри XIX мураттаб гардида ҷой доранд.
Баъди ҷустуҷў ва кўшишоти зиёд як қисми ашъори Ҳасрат гирд омад, ки 18 мухаммас, як мусаддас, як маснавӣ, 2 рубоӣ ва 7 байти алоҳида, яъне ҳамагӣ 829 байт аст. Ҳамчунин ду порчаи омехтаи насру назм, ки “Титол” ё “Татол” номида шудааст, дастрас шуд.
Аз ашъори Ҳасрат маълум мешавад, ки дар шеър ў пайрави Соиб ва Нозими Ҳиротист. Худи Ҳасрат ба ин маънӣ чунин ишора кардааст:
Ҳироти назмро гуфтори шўхат Нозими маънӣ,
Сифоҳони суханро Соиби андеша гулбўе.
Ҳасрат ба ашъори Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Калим ва Бедил барин шоирони классик низ мухаммасҳо бастааст.
Мазмуни аксарияти шеърҳои Ҳасрат аз васфи ишқ, баёни дарду ҳасрат, шикоят аз замон ва аҳли он панду насиҳат иборат аст. Мвсъалаҳои хурофотӣ ва мадҳу санои ҳокимони замон дар ашъори шоир хеле кам ба назар мерасад…
Амирбек Ҳабибов
ИН АБЁТ АЗ ӮСТ:
Баландӣ ёфт кўҳ аз пой дар доман кашиданҳо,
Сари селоб бар санг омад аз беҷо давиданҳо.
Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло давиданҳо.
Матои ҳусни ў гар бар сари бозори Миср оранд,
Зулайхо мешавад шарманда аз Юсуф хариданҳо.
Ману маъшуқро хоҳӣ ба як маҷлис тамошо кун,
Аз ў гул-гул шукуфтанҳову ранг аз ман париданҳо,
Надорад илтифоте бо рақибон шўхи ман ҳаргиз,
Ки оҳуро бувад расми қадим аз саг рамиданҳо.
Ба вазъи худ писандидем дар базми парирўён,
Забон аз мо гирифтанҳову ранг аз рух париданҳо.
Садои резиши фавворае мехонд дар гўшам,
Ки охир сар ба пастӣ мекашад боло давиданҳо.
Маро охир ба хоки тира яксон кард ин Ҳасрат,
Зи дунболаш давиданҳо, ба гардаш нарасиданҳо.
******
Эй шўхчашми нозанин, майли ҷафо дорӣ чаро?
Ҷабру ситам бар ҳоли ман з-ин сон раво дорӣ чаро?
Бо мо, ки дар роҳи вафо якранги ишқем, эй санам,
Бегона гардӣ аз чӣ рў, худро ҷудо дорӣ чаро?
Ман ба саҳро аз ғамат, ҳамхона ту бо муддао,
Эй рашки оҳуи Хутан, фикри Хито дорӣ чаро?
Аз чашми шўхат як нигаҳ кофист баҳри куштанам,
Пинҳон ба ҷайби ҳар назар чандин адо дорӣ чаро?
То ман, ки додам дил ба ту, беҷо ситамҳо мекунӣ,
Ҳар дам ба ҳоли муддаӣ лутфи баҷо дорӣ чаро?
******
Хок гардидаму лекин дили пурғам боқист,
Сина садчок шуду манзили мотам боқист.
Наравад бўи вафо баъди вафот аз хокам,
Дер солест, ки овозаи Ҳотам боқист.
Ҷони ширин ба лабу доғи ғамат бар дили ман,
Гар Сулаймон гузарад, шўҳрати хотам боқист.
Кай расад чашми маро сурма зи хоки қадамат,
Нур афтода, вале дидаи пурнам боқист.
Ба таманнои висолат дилу ҷон аз худ рафт,
Ба сари сина кунун Ҳасрату мотам боқист.
МАНБА: “Садои Шарқ”, соли 1969,№7
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.