«Ҳастии Ватан ва фалсафаи ҳувияти миллӣ»
Китоби Комилов Далер Рустамович таҳқиқи фалсафа ва герменевтикии масъалаҳои Ватан, ҳувийяти миллӣ, худшиносии таърихӣ ва буҳронҳои маънавии инсони муосир дар шароити тамаддуни рақамӣ мебошад. Муаллиф масъалаи Ватанро падидаи ҳастишиносоӣ, муҳити ҳифзи хотираи таърихӣ, забон, фарҳанг ва пояи суботи виҷдонии миллат таҳлил менамояд.
Дар китоб масъалҳои буҳрони маъно дар ҷомеаи технология, муҳоҷирати рӯҳ, заифшавии муҳити маъносозии зиндагӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуури ҷавонон, нақши забон дар идомаи ҳастии миллӣ ва мақоми фарҳанг дар ҳифзи худогоҳҳии таърихӣ бо равишҳои онтологӣ,герменевтикӣ, аксиологӣ ва экзистенсиалӣ таҳқиқ гардидаанд.
Муаллиф бар пояи осори мутафаккирони Шарқ ва Ғарб, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абунасри Форобӣ, Мартин Ҳайдегер, Чарлз Тейлор,Зигмнут Бауман ва дигарон, масъалаи Ватанро ҳамчун муҳити муқовимати маънавии инсон ба бегонагии фарҳангӣ ва карахтии рӯҳи асри рақамӣ баррасӣ менамояд.
Дар маркази таҳқиқ масъалаи ҳифзи забон, хотираи таърихӣ, виҷдони миллӣ ва идомаи хастии фарҳангии тоҷикон қарор дорад. Ба назари муаллиф, миллат пеш аз ҳама дар заминаи сустшавии худгоҳии фарҳангӣ ва гум шудани иртибот бо муҳити маънавии худ рӯ ба завол меоранд.
Китоб барои муҳаққиқон соҳаи фалсафа, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамаи хонандагоне пешбинӣ шудааст, ки ба масъалаҳои Ватан, худшиносӣ, ҳувийяти миллӣ ва сарнавишти маънавии ҷомеаи муосир таваҷҷуҳ доранд.
Ин асар кӯшишест барои бедор нигоҳ доштани огоҳии виҷдонӣ ва ҳифзи гармии маънавии миллат дар асре, ки инсон ҳар рӯз бештар миёни суръати технология ва фарсудагии рӯҳӣ саргардон мегардад.
Ба назари муаллиф, миллатҳо то он замон зинда мемонанд, ки ҳофизаи маънавии худро аз даст надиҳанд. Вақте забон заиф мешавад, хотираи таърихӣ хомӯш мегардад ва инсон аз дарки Ватан ҳамчун маънои ҳастии худ дур меафтад, фурӯпошии ботинии ҷомеа пеш аз ҳар буҳрони сиёсӣ оғоз меёбад. Аз ҳамин рӯ, ҳифзи Ватан забон, фарҳанг, виҷдон, хотираи наслҳо ва гармии маънавии миллат мебошад.
Муаллиф дар оғоз менависад: Ватан барои ман аз харита оғоз нашудааст. Аз кафи дасти модарам оғоз шуд. Аз дасте,ки ҳар субҳ нони маро мебурад ва ҳар шаб бе он ки ман бидонам, барои амнияти ман дуо мекунад. Солҳо гузаштанд, то фаҳмидам, ки он хонае, ки модар дар он интизори фарзанд аст, хурдтарин шакли ватан мебошад. Агар он хона амн бошад, давлат зинда аст. Агар овози модар бо тарс бишканад, ҳеҷ парчам наметавонад осмони миллатро ором нишон бидиҳад. Ман Ватанро дӯст медорам, зеро дар хоки он қадамҳои падар мондаанд, дар забони он дуои модар садо медиҳад ва дар ояндаи он фарзандоне зиндагӣ хоҳанд кард, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд.
Таърих қабри миллатҳоро зиёд дидааст, аммо дар тамоми он қабрҳо як сабаб нуҳуфта буда, рӯзе фарзандонашон хотираи худро аз муҳаббати Ватан болотар гузоштанд.
Шояд баъд аз сад сол номи муаллифи ин китоб фаромӯш бишавад, аммо орзу дорам дар дили ҷавонони мо эҳсосе зинда монад, ки бигӯяд: ман ҳаққи хомӯш мондан дар назди сарнавишти Ватанро надорам.
Ман ин китобро барои он рӯзе навиштам, ки шояд фарзанди тоҷик дар миёни тӯфони аср аз худ бипурсад: ман кистам ва ин Ватан барои чӣ дар дили ман месӯзад?
Агар пас аз марги ман ин китоб як ҷавонро водор кунад, ки Ватанро бештар дӯст бидорад ва модарашро сахттар ба оғӯш гирад, пас тамоми умри ман беҳуда нагузаштааст.
Хонандагон китоби Комилов Далер Рустамович «Ҳастии Ватан ва фалсафаи ҳувияти миллӣ»- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Адиба МАРДОНЗОДА,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд