Ато Мирхоҷа: Бо шарофати падар китобхон шудем
Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” бо ширкати Ато Мирхоҷа – шоир ва рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфил ҳамчунин Азизи Азиз-адиби маъруфи кӯдакнависи кишвар, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва чанде дигар аъзои ИН Тоҷикистон иштирок доштанд.
Адиби шинохта Азизи Азиз дар оғоз Ато Мирхоҷаро барои ҳозирин муаррифӣ кард. Аз ҷумла гуфт: Меҳмони имрўзаи мо муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир маъруф, нависанда, мақоланавис ва инсони бисёр хуб Ато Мирхоҷаанд. Ато Мирхоҷаро муарифӣ кардан шарт нест, чунки тамоми довталабони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хеле хуб мешиносанд, медонанд. Аз китобҳое, ки устод Ато барои шумо, бачаҳо навиштаанд, чандеро ном мебарам. Инҳо: “Саргузашти Анду Анг”, қиссаи “Маъсума” «Нахӯдак-булъаҷабак», «Нахӯдак ва Нисо» достони “Шоҳи меваҳо кадом аст?”, “Бачаҳо дар кӯчаҳо”.
Ато Мирхоҷа муаллифи романи таърихии “Сарои санг” аст, ки муаллиф барои ин асари мондагор ба дарёфти баландтарин ҷоизаи адабии давлатӣ мушарраф шудааст.
Азизи Азиз дар идома сухан афзуд, ки барои бачаҳо навиштан хело душвор аст, ҳар нависандае, ки барои калонсолон эҷод мекунад, ҷуръат надорад, ки барои бачаҳо асар нависад. Аз як донишманд пурсиданд, ки барои бачаҳо чи гуна асар навиштан даркор, гуфтааст, ки ҳамчунон, ки барои калонсолон менависед, фақат андак беҳтар ва ҳамин андак беҳтарро на ҳар нависанда метавонад. Ангуштшуморанд нависандагоне, ки барои калонсолон менависанд барои хурдсолон ҳам нависанд. Масалан устод С. Айнй чанд шераке доранд барои бачаҳо ва нотакрор навиштанд ё ин ки шеъри А. Деҳотӣ “О барачеки масти ман” вирди забони мардуми мо аст. Ё ин ки А. Шукӯҳӣ қиссаи басо ширину хондании “Об аз куҷо меояд? – ро эҷод кард, дар ҳоле, ки шодравон шоири лирик буданд. Ва устод Ато Мирхоҷа низ аз зумраи ҳамин адибонанд, ки дар баробари барои калонсолон навиштан, барои бачаҳо низ навиштанд ва муваффақ шуданд.
Шоири маъруф суҳбати худро аз шеъре оғоз кард, ки ба духтараш бахшидааст.
Духтари хурдсоли ман Мино
Наздам ошуфта ин саҳар омад.
Дар ду дасташ харитаи олам,
Дар дилаш бонги сад хатар, омад.
Омаду он харитаро густард
Рӯи мизу бидуни сабру шикеб
“Падаро, – гуфт, – шаб нахобидам,
Посухам деҳ ба ин суоли аҷиб:
Андар ин нақша давлати бисёр
Ҳар яке тӯл дораду арзе.
Номашон сабт бо ҳуруфи калон,
Ҳар якерост диданӣ марзе.
Тоҷикистони мо вале аз чӣ
Ин қадар хурд будаву кӯчак,
Ки наояд ба чашм дар нақша,
Бо таваҷҷуҳу диққати андак?”
Дидам аз ростӣ ба кӯдаки ман
Хурдии кишвараш алам кардаст.
Ғусса хӯрдаст ончунон к-аз ашк
Чашми шаҳлои ӯ варам кардаст.
Додам ӯро ман инчунин посух,
То тасалло биёбаду таскин:
“Духтарам, ин ҷаҳон бувад чун тан,
Тоҷикистон вале дил аст, яқин.
Дар бадан дасту пову синаву сар
Ҳама бар чашми мо намоёнанд.
Лек дилро касе намебинад,
На ҳама ҷойи он ҳамедонанд.
Тоҷикистон дил асту боқӣ тан,
Дил агар нест, тан чӣ кор ояд?
Дил агар аз тапиш даме монад,
Дигар узви бадан чӣ кор ояд?”
Духтарам аз ҷавоби ман осуд,
Ғусса аз синааш бадар андохт.
Ин карат бар харитаи олам
Бо нигоҳи дигар назар андохт.
Ва шарҳи шеъри зебо беҳтарин сарсухан дар маҳфили буд. Шоири шинохта ба кӯдакону наврасон аз меҳри Ватане сухан гуфт, ки дар харитаи ҷаҳон дил аст ва набояд ин дил озурдаву шикаста бошад. Бояд онро дӯст дошт, то ҳамеша солиму бардам бошад.
Суҳбати гарме атрофи китобу китобхонӣ ва гузаштаву имрӯзи адиби маъруф ҷараён гирифт. Ато Мирхоҷа аз овони кӯдакиву наврасӣ ва завқи китобхониву шеърнависии худ қиссаҳои ҷолиб баён кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Рӯзу шаб китоб мехондам, бо шарофати падар, ки барои дастрасии китобҳо ҳамеша ёриамон мекарданд.Чун он замон телефон набуд, вақти зиёдамон ба мутолиа мегузашт ва ба хондан завқамон зиёд мегашт”.
Ба суоли “Шуморо чӣ водор кард, ки қиссаи “Анд ва Анг”-ро наивсед, посух дод: Сайругашти Анду Анг як китобе ҳаст ба камбинатсияи шигифти калимаҳо: калимаҳо аз ҳиҷоҳо, ҳиҷоҳо аз овозҳо ва ҳарфҳо иборат аст, барои он, ки кӯдаконе, ки ҳанўз нав ба мактаб мераванд, онҳо бо калимаҳо шинос шаванд, барои онҳо ман ҳастам, ки як тарзи нави калимаҳоро пешниҳод кунам, яъне, ки Анд-ин як фонема ё як ҷузъи калимаест, ки бо он чандин калима сохтан мумкин аст: Масъалан ба Анд-п-ро илова кунем Панд мешавад, агар ч-ро илова кунем чанд мешавад, ба Анг с-ро илова кунем санг мешавад.
Ато Мирхоҷа ба суол дар бораи романи таърихии “Саройи санг” посух дод, ки маводди ин асарро қариб тамоми умр гирд овардам. Ҳоло се ҷилди онро навиштаму чоп шуд, ҷилди чорумашро навишта истодаам.Фикр мекунам 5-6 ҷилд шавад. Ҷамъоварии мавод аз сарнавишти тоҷикон дар Бадахшон бароям хеле мароқангез буд, чун онҳо сокинони бумии ин минтаққанд ва таърихи хеле куҳан доранд.
Ман худам дар он ҷо таваллуд шудам ва ба воя расидам, дар ин ҷо анъанаҳо ва расму русуми мардуми куҳани тоҷик побарҷо ҳастанд. Аз давраҳои донишҷўиям ман оҳиста –оҳиста дар китобхонаҳо, қишлоқҳо рафта ба мардум аз Дарвоз то Мурғоб ҳамсуҳбат шудаву маводи кофӣ барои таҳияи як романи таърихӣ гирд овардам. Аммо фурсати навишт нав пайдо шуд ва ният дорам ҳар он чизе ҷамъ овардам, дар қолаби як асари бадеиву таърихӣ ба нашр расонам.
Ато Мирхоҷа бидуни шак аз ҷумлаи эҷодкорони муваффақи кишвар аст, ки ба шоириву нависандагӣ аз рӯзноманигорӣ ворид шудааст ва зина ба зина марҳилаҳои душвори кори эҷодиро пушти сар гузошта, ба як адиби сермаҳсулу пурхонанда расидааст.
Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо ширкати Ато Мирхоҷа хеле шавқовару хотирмон гузашт.
Шаҳноза Дониёрова, сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.