«АВАСТО»
«АВАСТО»
«Авасто» китоби муқаддаси маздоӣ аст, ки дар рӯзгори бостон бисту як наск (китоб) дошт ва дар шакли кунунии худ фарогири шаш бахш – «Гоҳон», «Йасна», «Йаштҳо», «Вандидод», «Виспарад» ва «Хурда Авасто» аст.
Мақсад аз нашри ин китоб баҳсу таҳқиқ дар матни «Авасто» ва бозшинохти ҷузъҳои он аз якдигар ва бознамудани вижагиҳои таърихию адабӣ ва забоншиносии он нест, балки ҳадафи ниҳоӣ аз ин нашр дастраси хонандаи тоҷик намудани гӯшае аз андеша ва ҷаҳонбинии деринаи ориёиён аст.
Авасто ҳуҷҷати китобии тамаддуни бостонии ориё – тоҷикон аст. Ошноӣ бо он барои худшиносии миллӣ, аз байн бурдани ифротгароӣ, васеъ кардани ҷаҳоншиносӣ аҳамияти беназир дорад, зеро он яке аз нахустин осори фикрии башарият аст.