«Авасто» – китоби муқаддаси зардуштиён»
Нашри якуми ин феҳрист соли 2001 бахшида ба ҷашни 2700-солагии Авасто, аз ҷониби собиқ кормандони «Китобхонаи миллӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» – Абдуллоҷон Юнусов, Бекназар Ахмедов, Елена Дегтярова ва Ирина Ритикова дар ҳаҷми 27 саҳифа, бо гирдоварии 193 адабиёти дохилӣ ва хориҷӣ кишвар нашр гардида буд.
Дар соли 2025 бо дархости баъзе хоҳишмандон мураттибон Маҳмадвалӣ Зиёев, Орзуҷон Искандаров ва Зафар Ғолибов қисмати дуюми ин дастурро дар шакли васеътар таҳия намуданд, ки барои донишмандону муҳаққиқон ва олимону пажӯҳишгарон ҷиҳати анҷоми таҳқиқоти гуногуни соҳавӣ кумак мерасонад.
Феҳристи мазкур давоми нашри якум ба ҳисоб рафта, аз 2 бобу 4 зерфасл иборат мебошад ва дар он 489 адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гирдоварӣ шудааст.
Қисмати аввали боби якуми «Авасто» – китоби муқаддаси зардуштиён, Адабиёт оид ба китоби «Авасто» унвон гирифтааст, ки адабиёти интишорёфта аз солҳои 1993 то 2023 ҷо дода шудааст. Мураттибон дар қисмати дуюми ин боб номгӯи мавзуҳоеро овардаанд, ки дар бораи Зардушт ё дини зардуштӣ сухан рафтааст. Ин қисмат «Нашри алоҳида» ном дошта адабиётҳоро аз соли 1978 то 2023 бо забони тоҷикӣ ва русӣ гирд овардааст.
Қисмати сеюм бошад ҳар он чизе ки дар матбуоти даврӣ аз соли 1974 то 2025 бо забони тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст, дар бар мегирад.
Боби дуюми дастури мазкур кумакфеҳристҳои мавзуӣ ва ашхосро дарбар гирифта, барои дарёфти номгӯи мавод ва шахсон кумак мерасонад.
Дар пешгуфтори китоб қайд гардидааст, ки дастури «Авасто» – китоби муқаддаси зардуштиён” танҳо маводи маҳфуз дар бойгонии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, идомаи мантиқии нашри аввал ба ҳисоб меравад, ки аксари онҳо дар барномаи электронии «Aleph»-и МД «Китобхонаи миллӣ» сабт гардидаанд.
Феҳрист бо риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», низоми «Ихтисораҳои тоҷикӣ дар тасвири библиографии асарҳои матбуот» ва «ГОСТ 7.1-2003» мураттаб гаштааст.
Хонандагон метавонанд «Авасто» – китоби муқаддаси зардуштиён”-ро дар «Китобхонаи миллӣ» мутолиа кунанд.
Орзуҷон Искандаров, мутахассиси пешбари
Маркази «Тоҷикшиносӣ»