Қавитарин санад ғурури миллии ман аст.
Шеъри муосири тоҷик ифодагари руҳи бузурги ҳастии миллати мост. Ин шеър хоҳ ошиқона бошад, хоҳ сиёсӣ ё иҷтимоӣ руҳияи истиқлолхоҳию озодипарастии мардуми моро ифода месозад. Устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Фарзона, Озар Салим, Давлати Раҳмониён хулоса сад сол инҷониб шоирони мо армонҳои дили мардуми моросурудаанд. Барои онҳо Тоҷикистон, ҳар зарра хоку ҳар пора санг ва ҳар қатра оби он муқаддас будааст.
Руҳи истиқлолхоҳии шеъри тоҷик дар ашъори ватанпарастонаи шоирон таҷассум меёбад. Мафҳуми Ватан ва истиқлол дар шеъри шоирон бо ҳам ба таври ҷудоинопазир пайванд мехўрад. Вақте сухан аз Ватан меравад атри истиқлол фазои он шеърро муаттар мегардонад. Вақте шоир истиқлол мегўяд, садои Ватан ба гўши ҷонҳо мерасад.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз зумраи шоиронест, ки тору пуди шеърашро эҳсоси ватанхоҳивуормонҳои миллӣ фаро гирифтааст. Шеъри ў аз дунёи инсоне сухан мегўяд, ки содаву беғаш аст ва аз ҳамон оғози зиндагиаш меҳри Ватанро дар вуҷуди худ мепарварад. Ин муҳаббатро ба ў падари қаҳрамонаш талқин мекунад, падаре, ки барои ин сарзамин ҷонбозиҳо кардааст ва мехоҳад фарзандаш мисли ў ватандор бошад:
Ҳамин аст орзуи ман,
Ту фахри Тоҷикистон шав.
Ту баъди ман ба ин кишвар
Нигаҳбон шав, нигаҳбон шав.
Нигаҳбонӣ кардани Ватан яъне нигоҳ доштани истиқлоли он, муқаддасоти он ва арзишҳои маънавию моддие ҳастанд, ки ҳувийяти миллатеро ифода менамоянд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар шеъри «Роҳ»-и худ чунин савганди вафодорӣ мехурад:
Барои халқ хоҳам зист,
Тамоми умр ҳамчун ҷонфидои халқ хоҳам зист,
Ба ҷуз оғўши кишвар ошёнам нест,
Ба ҷуз ишқи Ватан дар сина ишқи ҷовидонам нест.
Барои Аскар Ҳаким Ватане, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баробари ҷон дўст медорад, замини сабзи боварҳост. Дар китобе ва шеъре бо ҳамин исм шоир аз сарзамини хеш сухан мегўяд, сарзамине, ки аз хоки он ҳарфи осмон меояд. Ҳамон хоке, ки шоир ва миллати ў рўи он по мегузоранд барои дигарон ба монанди Каҳкашон аст. Яъне, Ватани шоир сарзамини илму шеъру ирфон ва ҷойгоҳи баландест, ки дигарон орзуи доштанашро мекунанд. Шоир бо баёни ин андеша истиқлоли комил доштанашро, ки натиҷаи худшиносоиву дилогоҳии ўст ва бо чашмони ҷаҳонбин аз равзанаи зодбуми хеш ба олам нигаристанро ба намоиш мегузорад.
Шоир дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунад, ки дар ҳар нигоҳаш кўҳро мебинад ва ин ҳақиқат барояш ошкор мешавад, ки ҷаҳони ў уфуқхат нест, балки шоқулист. Сарҳади ин ҷаҳон, ҳамон Ватани шоир аст ба савойи ҳафт гардун мерасад. Аз ҳамин ҷост, ки шоир чашми ҷаҳонбин дорад ва ғурури ў дар шакли худогоҳӣ аз ҳамин хок то ба афлок қомат мекашад. Ў таъкид месозад:
Хоки моро аз азал андозаи тангу фарохӣ нест,
Хоки моро то абад тафсиру андоза баландоист.
Ана, ҳамин тафсиру андозаи баландоии қомати Ватан дар истиқлоли ў таҷассум меёбад, ки шоир ин руҳи бузургро шинохтаву бе зикри ном ифода намудааст.
Муҳаммад Ғоиб шоири дардошнои Ватан аст. Оҳанги нарми шеъри ў гармии хосе дорад. Вай бе Ватан худро тасаввур карда наметавонад. Қуввату мадори ў аз ҳамин хок аст. Тоҷикистон ўро шоири машҳур кардаву ба вай қадру манзалат бахшидааст. Бе Ватан инсон хор мегардад, руҳаш пажмурда мешавад:
Бе ту бечораи бечора шавам,
Бе ту овораи овора шавам.
Бе ту дилрешу ҷигарпора шавам.
Аз ҳама дил канаму аз ту вале дил наканам
Тоҷикистон, ватанам, эй ватанам, эй ватанам!
Шоир дар симои Ватани хеш қудрат ва тавоноиеро мебинад, ки ўро ҳифз мекунад. Ҳамин қудрат ва тавоноӣ руҳи истиқлол аст. Руҳе, ки дар шеъри шоир зиндагӣ мекунад ва бо номи Ватан тафсир мешавад.
Низом Қосим низ бо парвози баланди сухан ба ҳар шайъе ҷон мебахшад ва руҳи бешикасти ҳикмати Ватанро меситояд. Фалсафаи шеъри ў аз ману ту фаротар меравад ва дар Мо хулоса мешавад. Шоир нигоҳи ибратбин дорад Барои ў Наврўз бузургтарин рамзи Истиқлоли Ватан аст. Аз ҳамон рўзе, ки тоҷик Наврўзро шинохт ба худ расид, дидаи ҷаҳонбини хешро боз намуд. Руҳи Истиқлоли Ватанро дар Наврўз дидан маънои ба камол расиданро дорад:
Наврўзи мо садсолаҳо буд рамзи Истиқлоли мо,
Сарсабзии мо, бахти мо, гулхандаи иқболи мо,
Наврўз моро менамуд озод аз ҳар бандагӣ,
Пайваста меовард бор озодагӣ, пояндагӣ.
Шоир дар шеъри «Чашма» аз чашмае сухан дар миён меорад, ки аз дили кўҳ тавлид мешавад ва «бо тарона, бо тараннум, бо шукўҳ» ҷорӣ мегардад. Ин чашма дар тасвири шоир чашмаи дили Ватан аст, чашмаи поку мусаффо, вале дорои ғурури кўҳсорон, Низом Қосим зебову ибратбахш шеърро хулоса мекунад:
Чашмаи дилпоку ҷўшони Ватан,
Шуд яке руҳи хурўшони Ватан.
Сўи мавҷи нуру нор овард рў,
Дар кафи халқи Ватан шуд обрў.
Муҳаммадалии Аҷамӣ талқин менамояд, ки ба ҳурмати хоки Ватан мисли хуршед бояд зиндагӣ кард. Ҳамон гунае, ки хуршед пардаи зулматро медарад ва аз дили шаб қомати таманнояшро берун меорад, ҳар инсоне бояд пардаҳои ғафлатро барандозад ва бо диле огоҳ зиндагӣ кунаду ҳақиқати зодбуми хешро бишносад. Шоир сароҳатан таъкидмесозад:
Агар хоҳем чун миллат шукуфтанро,
Забони хуни мо шавад бедор.
Забони хуни мо шавад хуршед,
Ки хуни мурда миллатро наояд кор.
Руҳи Ватан ҳамон руҳи бедори истиқлоли ў дар хуни мо нуҳуфта аст. Забони хуни мо забони руҳи шукуфтанҳову растанҳост. Шоир таъкид мекунад, ки барои ба мурод расидан бояд талош кард, мубориза бурд, саддҳоро шикаст. Агар хоҳем, ки ба хуршед бирасем, зиндагии офтобӣ дошта бошем, бояд хонаи хуршедро пайдо кунем. Яъне, бедор будан, маърифат омўхтан руҳи миллии моро устувор мегардонад.
Расидан нест осон бар мурод охир,
Басе деворҳо бояд, ки бишкастан.
Бубояд хонаи хуршедро дарёфт,
Агар хоҳем бо хуршед пайвастан.
Озар Салим бо харобаҳои Тахти сангии Қубод, Шаҳри Тўс, Кўшки Зол иртибот мегирад, садои дили ин ёдгориҳои таърихи миллатро мешунавад. Онҳо бо забони безабонӣ аз хастии худ дарак медиҳанд, ба шоир мегўянд, «ки ин диёр меҳани Таҳамтан аст». Дар ин шеъри Озар, ки «Диёри Рустам» ном дорад, руҳи миллӣ хеле қавист. Руҳи миллӣ дар ғурури бегазанди миллӣ хулоса мешавад:
Далели дигаре чӣ мекунӣ суроғ?
Барои ман, ки шоирам,
Қавитарин санад ғурури миллии ман аст!
Ҳамин тавр дар ашъори кулли шоирони муосири мо эҳсоси баланди ватанхоҳӣ, ифтихор аз арзишҳои милливу инсонӣ ҷанбаи устувор дорад. Даврони Истиқлол шоиронро бештар ба самти ватансароӣ ҳидоят намуд. Рўҳи истиқлол фазои шеърро фаро гирифт.
МАНБАЪ: Ворис: “Ду ҷаҳон болу пари симурғ аст”. Душанбе, соли 2025.
Хоҳишмандон ин китоби хубро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Қурбонгул ВОҲИДОВА,
сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб.