Авҷии Натанзӣ – аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти давраи Сафавия

Адабиёти форсу тоҷик дар тули таърихи худ дорои чеҳраҳои сершумори илму адаб мебошад, ки ҳар яке бо эҷодиёти худ ба ғанигардонии мероси фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Авҷии Натанзӣ мебошад, ки ҳамчун шоири тавоно, суханвари соҳибистеъдод ва намояндаи муҳими адабиёти давраи Сафавия шинохта шудааст. Гарчанде дар бораи зиндагии шахсии ӯ маълумоти дақиқи таърихӣ хеле кам аст, осори боқимондааш мавқеи ӯро дар таърихи адабиёт собит месозад.
Бояд зикр намуд, ки дар бораи соли таваллуд, номи аслии ӯ ва ҷузъиёти зиндагии адиб маълумоти пурра дар сарчашмаҳои таърихӣ боқӣ намондааст. Вале тахмин меравад, ки ӯ ба сабаби иртибот бо тоифаи «Авҷӣ» бо ҳамин тахаллус маъруф гардидааст. Аз тарафи падар бошад, ба хонадони сайидиҳои Натанз тааллуқ дошта, аз ин ҷиҳат бо унвони «Авҷии Натанзӣ» машҳур шудааст.
Ӯ аз хешовандони Амир Абулмаъолии Барзии Натанзӣ, хаттоти машҳур, вазири Шоҳ Аббоси Бузург ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи дарбори Сафавӣ ба шумор меравад. Ин муҳити хонаводаи илмӣ ва фарҳангӣ барои ташаккули шахсияти ӯ нақши муҳим бозидааст. Авҷӣ аз овони кӯдакӣ таҳти тарбияи чунин муҳит қарор гирифта, ба омӯзиши улуми замон, адабиёт ва ҳунарҳои гуногун машғул шудааст. Шоир дар давраҳои гуногун дар Ҳирот ва Хуросон зиндагӣ карда, дар хидмати Ҳасанхон Шомлу қарор доштааст. Дар ашъори ӯ номи Ҳирот борҳо зикр мегардад, ки ин шаҳрро ҳамчун маркази илму фарҳанг ва макони муҳими зиндагии худ нишон медиҳад.
Баъдан ӯ ба Ардабил низ сафар карда, муддате дар он ҷо иқомат намудааст. Аммо аз ашъораш бармеояд, ки зиндагӣ дар Ардабил барои ӯ чандон писанд набуда, эҳсоси ғарибӣ ва нороҳатӣ дар рӯҳияи ӯ таъсири амиқ гузоштааст. Яке аз шикастҳои шоир ва ғами бузургаш ин марги духтари азизаш бар асари бемории обила мебошад, ки ин мусибат ба рӯҳи ӯ таъсири сахт расонида, боиси навишта шудани марсияҳо ва байтҳои пурдард шудааст, ки намунаи равшани адабиёти эҳсосии давраи Сафавия ба ҳисоб мераванд.
Кард равшан нури чашми ман чароғи хокро,
Сӯхт марги духтари ман модари афлокро.
Зардрў рафт аз ҷаҳон охир зи ҷаври обила,
Кард иксири вуҷуди ў мурассаъ хокро.
Вой бар мастон аз ин пас к-аз димоғи хушки ман,
Шер дар пистон нахоҳад монд дигар токро.
Авҷии Натанзӣ махсусан дар қасидасароӣ маҳорати баланд дошта, худро идомадиҳандаи анъанаи шоирони бузург, аз ҷумла Хоқонӣ, мешуморид. Ғазалҳои ӯ бо мазмунҳои ишқӣ, ирфонӣ ва иҷтимоӣ ғанӣ буда, забони равон ва образҳои нозук доранд. Бояд зикр намуд, ки дар ашъори шоир истилоҳоти мусиқӣ зиёд истифода шудаанд, ки аз ошноии ӯ бо илми мусиқии суннатӣ шаҳодат медиҳанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ӯ ба ҳамбастагии шеър ва мусиқӣ аҳамияти махсус медод.
Авҷии Натанзӣ соли 1050 ҳиҷрӣ аз олам даргузаштааст. Девони ашъори ӯ дар ибтидо хеле бузург буда, вале то имрӯз танҳо қисмати ками он боқӣ мондааст. Бояд зикр намуд, ки аз ғазалиёт ва рубоиёти шоир танҳо як қисмати интихобӣ дар як китоб ҷой дода шудааст, ки он дар Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 23141 нигоҳдорӣ мешавад.
Ин маҷмуа чанд ғазал ва рубоии шоирро дар бар гирифта, барои омӯзиши мероси адабии ӯ аҳамияти муҳими илмӣ дорад. Пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони адабиёти давраи Сафавия метавонад аз ин маъхаз истифода кунанд.
Шукрона Каримзода,
сармутахассиси шуъбаи
Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир.
Теги: дастхатҳои шарқ