Авроқи  рангини таърих

Аҳрор-МухторовИн китоб соли 2007, соле, ки муаллиф дунёи фониро тарк кард, чоп шудааст ва дарбаргиранда мақолоти зиёдест, ки бино ба гуфтаи худи муаллиф дар солҳои гуногун дар нашрияҳои гуногун чоп шудаву қимати илмии худро гум накардаанд. Тавре дар муаррифии кутоҳи китоб омадааст, “метавон маҷмуаи ҳозирро порае аз умри бо иззат ва саодатманди муаллифи он, ифтихори халқи тоҷик академик Аҳрор Мухтор арзиёбӣ кард.

«Авроқи рангин» мақола ва ёдоштҳои тозаву дилписанд ва аз нигоҳи илмӣ ва пажуҳишӣ арзишманд ва мондагорро дар бар мегирад. Ҳар варақе аз ин китоб барги заррине аз таърихи диёри овозаманди мо ва фарзандони баруманди ўст, ки устод Мухторов басо мушфиқона эҷод  карда, бо меҳри фарзандӣ рўи сафҳаи ихлос рехтанд”.

Аммо агар хонанда хоҳад дар бораи ин китоб бештар донад, пас ба сарсухани муаллиф, академик Аҳрор Мухторов ба китоб таваҷҷуҳ кунад. Мо ҳам ба ҳамин ният ин сарсухани олими маъруф ва яке чеҳраҳои шинохтаи илми кишвар Аҳрор Мухторовро айнан рӯнавис ва бознашр кардем, ки гумон мекунем аз аҳамият холӣ нест.

АВРОҚИ РАНГИНИ ТАЪРИХ

Аз соли 1951 то ҳол камина зиёда аз 80 номгўй китобу китобчаҳоро ба чоп омода сохтам (аз ҷумла 18 китоб дар ҳамкорӣ бо дигар муаллифон). Ба ин рақам китобҳои ҷамбасткунандаи «Таърихи халқи итоҷик» (ҷилди 2, китоби 2, Москва,1964), сарсухан барои асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» (чопи Теҳрон, ба алифбои арабӣ), ҷилди чаҳоруми таърихи халқи тоҷик, ки зери чоп аст ва ғайра дохил намешаванд. Ба ғайр аз ин дар маҷаллаҳо, ҳафтанома ва рўзномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ садҳо мақолаҳои банда дар  мавзўъҳои гуногун чоп шуданд. Номи акари ин мақолаҳо дар китоби ҷамъбасткунандаи асарҳои илмии камина, ки ба муносибати 60, 70 ва 80 солагиам аз тарафи китобхонаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ чоп шудааст, зикр ёфтааст.

Аммо китобҳои мазкур на ҳамаи мақолаҳои чопшударо дар бар кардаанд. Чунки баъзе аз онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон чоп шуда, ҳатто барои муаллиф номаълум монданд.

АВРОҚИ РАНГИНИ ТАЪРИХСабаби асосии дар ин китоб омода сохтани аксар мақолаҳои дар маҷалла ва рўзномаҳои солҳои 1951-2006 чопшуда дар он аст, ки онҳо то ҳол арзиши илмии худро гум накардааст. Ғайр аз ин барои хонандагони имрўза ва баъдина дастнорас шудаанд. Махсусан, рўзномаҳои дар ноҳияҳои гуногун чоп шуда (мисли «Ҳисори Шодмон», «Паёми Истаравшан» ва ғайра), умуман ба хонандагони сершумор дастрас  нагаштаанд ё худ хонандагон ин  нашрияҳоро аз китобхонаҳо пайдо карда карда наметавонанд.

Ба ҳамин сабабҳо мо  ба хулоса омадем, ки мақолаҳоеро, ки бештар мазмуни илмӣ дошта, дар китобҳои чопшудаи камина дохил нашудаанд, дастраси хонандагон намоем.

Дар зери мақолаҳои солҳои пеш чопшуда номи рўзнома ва моҳномаҳо, таърихи чопи онҳо оварда шудааст. Мақолаҳое, ки чунин имзо надоранд, бори аввал ба чоп омода гаштаанд.

Аксар  мақолаҳои чопшуда ба замони худ мувофиқ  буданд. (Ин  ҷо мақолаҳои дар солҳои Ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ дар назар дошта шудааст). Ислоҳи илмии онҳо албатта мазмунро дигар карда  метавонист. Бинобар он, ба чунин мақолаҳо баъзе илова дохил шуд ва қисми дигарашон айнан ба чоп омода гардид.

Мақолаҳои ин маҷмўъа масъалаҳои гуногуни таърихи гузашта, таърихи адабиёти тоҷик, санъат, мусиқӣ, ёдоштҳо ва ғайраро ба забони тоҷикӣ ва русӣ дар бар доранд. Мо кўшиш нмудем, ки  китобро ба мавзуъҳо ҷудо намуда пешкаши хонандагон намоем. инчунин кўшиш кардем, ки як андоза ба тартиби хронологии мавзўъ риоя карда шавад. Яъне матолибе, ки ба таърихи давраҳои қадим дахл доранд, дар аввали китоб ва мақолаҳои марбут ба асрҳои баъдинаро аз паси онҳо ҳамроҳ намоем.

Дар ин китоб мақолаҳои зиёди муаллиф, ки барои «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд), «Советская Историческая Энциклопедия» (чопи Москва, иборат аз 16 ҷилд), мақолаҳое, ки ба забони хориҷӣ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон (дар Амрико, Олмон, Фаронса, Полша,Чехия, Италия, Исроил, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Япония ва дигар давлатҳо) чоп  шудаанд, дохил нашуданд.

Хулас, китоби мазкур танҳо як қисми мақолаҳои муаллифро дарбар гирифт. Барои ҳамаҷониба бархурдор шудан аз таълифоти камина ба китоби номбурда (Аҳрор Мухторов Душанбе,2004) муроҷиат шавад. Номгўи мақолаҳои баъди чопи ин китоб нашршуда дар ҳисоботҳои ҳарсолаи аъзоёни Академияи илмҳои Тоҷикистон дохил шудааст. Дар хотима аз хонандагон хоҳиш дорем, ҳар саҳву хатое, ки  дар ин китоб ба чашм мерасад, муаллифро бубахшанд ва ўро ба некӣ ёд кунанд.

Бедил, ин деги хаёл аз хомҷўшиҳо пур аст,
Шаш ҷиҳат оташ занӣ, то пухта гардад ошҳо.

Китоби Аҳрор Мухторов “Авроқи рангини таърих”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи Ойҷонгул  ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.