Аввалин роман аз рӯзгори хунёгари нотакрор Карими Шиш. Муаллиф Зариф Ғулом

Карими ШишКитоби “Карими Шиш” ба тозагӣ интишор ёфтааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост дар бораи саргузашти ғамангези  ҳунарманди беҳамто Абдукарим Ёрмаҳмадов, ки бо номи Карими Шиш маъруф аст, нақл мекунад. Адиби хушзавқ Зариф Ғулом сабаби рӯи кор омадани китобро дар сарсухане бо номи “Ҳидоятгарон” ин гуна нақл мекунад:

Эҷоди ҳар асар таърихи худро дорад. Пайдоиши романи «Карими Шиш» низ истино нест. Адиб ва журналисти варзида Умари Шерхон соли 2022 дар ду шумораи рўзномаи «Самак» оид ба фаъолияти хунёгари машҳури диёри орифони Кангурт, ҳофизи хушовоз ва мутириби мумтоз Карими Шиш фикру мулоҳизаҳои худро изҳор карда, аз ҷумла зикр намудааст:

«Дар зарфи сад соли охир дар қаламрави Тоҷикистон ва қисмати зиёди вилоёти Афғонистон номи Карими Шиш гоҳ бештару гоҳ пастгар, гоҳ зиёду гоҳе кам ба гўш мерасид. Тўли сӣ соли охир кам-кам, баъдан, бо мурури замон, бештару бештар ин ном ба забони муҳаққиқон, ҳам аз ёдкарди ҳунармандони воҳаи Кангурти Хатлон ва аҳён-аҳён аз матбуоти даврӣ мешунавему мехонем.

Маълумоти то кунун баррасида лаҳзаҳои парокандаи ҳаёту фаъолияти муғанниро фаро мегиранд. Паҳлуҳои рангини ҳаёти ситораи дурахшони санъату ҳунари мусиқии тоҷики асри ХХ Карими Шиш – Абдукарим Ёри Кангуртӣ то ҳол ба пуррагӣ дастраси умум нагаштааст».

Ин мулоҳизаи журналисти маъруф маро бениҳоят ба шигифт овард. Чунки банда ҳанўз соли 1998 дар чопхонаи Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик маҷмуаи қиссаву ҳикояҳоямро бо номи «Парвоз» аз чоп бароварда будам, ки қиссаи «Фарёди қалб» ба ин ҳофизи мардумӣ тааллуқ дошт.  Баъдтар, соли 2004 нашриёти «Адиб» ҳамин маҷмуаро такроран нашр намуд.

Воқеан, саргузашти фоҷиабори ин ҳофизи овозадори тоҷик аз давраи наврасӣ диққати маро ба худ ҷалб менамуд. Зеро бибикалонам Зинатбӣ дар бораи ҳофизи номии Кангурт нақлу ривоятҳои зиёд мегуфт.

Илова бар ин, тағои ҳофизам Халифа Бекмирзои Холмирзо, ки узви фаъоли дастаи ҳунарии Карими Шиш ба шумор мерафт, саргузаштҳои шавқовару мароқангезро ба мани хурдсол ҳикоя мекард.

Ҳамчунин, ҳамдеҳаамон Маҳмурод Сафаров, сокини булукоти Кангурт, дар бораи ин ҳофизи хушовоз қиссаҳои ҳаяҷонбахш медонист. Мавриди таҳияи қисса аз ҳидоят, хотираҳои ҳунармандони асил Убайдулло Раҷаб, Фаттоҳ Одина (равонашон шод бод), Турахон Аҳмадхонов ва ҳунарпешаи халқии ҷумҳурӣ Чиллахон Холов (илоҳо ҷояш ҷаннат шавад) истифода бурдам.

Боре дар чорсўи кўчаҳои ба номи Фирдавсӣ ва Борбади пойтахт бо композитори машҳур  Фаттоҳ Одина рўбарў задам. Устоди санъат бо лаҳни ширин пурсид:

– Шунидам, ки дар бораи Карим Ёрмаҳмадов драма навишта истодаӣ?
– Бале, устод, – ҷавоб гардонидам. – Бо ҳидояти устод Убайдулло Раҷаб ба ин кор даст задам.
– Агар асаратро «Карими Шиш» ном гузорӣ, – ҳунарманди боистеъдоди санъати мусиқӣ ангушти ишоратиашро боло бардошт, – ман ҳатман ба он мусиқӣ эҷод менамоям. Вале мабодо номи драмаро «Карими Шиш» нагузорӣ аз ман чунин амалро интизор машав. Зеро ки дар булукоти Кангурт ў бо ҳамин тахаллус машҳур аст.

– Осуда бошед, устод, – бо мамнуният посух гардондам, – драма «Карими Шиш» ном гирифтааст.

Сад афсўс, ки ин орзуи худро оҳангсози варзидаи кишвар бо худ ба гўр бурд. Пораҳои ҷудогонаи қисса дар васоити ахбори омма ба табъ расида буданд. Пасон, дар асоси ҳамин қисса драмаи «Карими Шиш» эҷод намудам, ки онро соли 2019 театри шаҳри Данғара ба саҳна гузошт ва дар нахустин намоиши он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ Убайдулло Раҷаб иштирок ва зимни муҳокимаронӣ маслиҳату дархостҳои муфид пешниҳод намуд.

Нигоштаи Умари Шерхон маро таҳрик дод, то даст ба таълифи роман занам. Ин орзуро борҳо устоди маънавиям Убайдулло Раҷаб аланга мезанонд ва сари ҳар суҳбат талаб мекард, ки барои ин санъаткори варзидаи тоҷик асари бузургҳаҷм офарам.

Романи «Карими Шиш» ҳаҷман хўрд бошад ҳам мазмунан васеъ мебошад. Он воқеаю ҳодисаҳои се даҳсолаи аввали асри ХХ – ро дар бар мегирад. Ҷуғрофияи асар низ фарох буда, ҳодисаю воқеаҳои дар мулку вилоятҳои Тоҷикистону Афғонистон рухдода тасвир ёфтаанд.

 Китоби Зариф Ғулом “Карими Шиш”- ро ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарҳод САЛИМ, 
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.