Аз асарҳои Пешвои миллат. Абутолиб Калими Кошонӣ

Абутолиб Калими Кошонӣ, ки бо лақаби «Халлоқулмаонӣ» (офарандаи маъниҳо) машҳур аст, соли 1581 дар Ҳамадон ба дунё омад ва соли 1650 дар Кашмир ба олам падруд гуфт. Баъзе тазкиранависон ўро Ҳамадонӣ ва аз он ки муддате дар Кошон сукунат ихтиёр кардааст, бархе Кошонӣ ба қалам додаанд, вале Калим асли худро аз диёри овозадори сухан медонад:

Ман зи диёри суханам чун Калим,

На Ҳамадонию на Кошониям.

Калим дар аҳди Ҷаҳонгир (1605-1627) ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард ва баъдан дар дарбори Шоҳҷаҳон (1627-1658) ба мартабаи маликушшуароӣ расид. Маснавиҳои ў «Футуҳоти Шоҳҷаҳон» ва «Подшонома» ба шоҳҷаҳон бахшида шудаанд.

Шуҳрати Калим аслан дар ғазалиёти дилангези ўст, ки воқеоти рўзгори худро устодона дар либоси назм тасвир кардааст:

Дар даври мо зи хиссати абнои рўзгор,
Душвортар зи марг гиребон даридан аст.

Калим дар маъниофарӣ ва тасвирсозӣ устоди  камназир аст, ки ду байти зер шоҳиди ин гуфтаҳост.

Ҳалоки ҳиммати мурғи шикастаболи дилам,

            Ки аз шикофи қафас дар камини сайёд аст.

Ё

Сад камингар ба ҳар гўша нишонида чу ман,

Хоки кўйи ту, ки ором ба симоб диҳад.

Калим ҳамчунон бо истифодаи калима ва таркибҳои содаю равони рўзмарра дар содагии забони ин давра хидмати шоиста кардааст:

Гўянд, ки дасташ зи ҳино гулгун шуд,

            Не-не,зи ҳино нест, бигўям,чун шуд?

            Чун шона ба зулфи хеш дасте мезад,

            Нохун ба дилам хўрду кафаш гулгун шуд.

Тадриҷан услуби ифода чи дар назму чи дар наср, хусусан, дар асарҳои илмию таърихӣ рў ба мушкилписанд шудан дошт. Суханварони ин давра пайравони сабки ҳиндиро «тозагў» номида, зимни тавсифи услуби эҷодии ин гуна шоирон таркибҳои нозукхаёл, баландталош, соҳибтарз, печидагў, маънипарвар, маъниёб, маънибанд, хаёлбанд ва ғайраро истифода мебаранд, ки ба такаллуф ва санъатҳои лафзии мураккаб таваҷҷуҳ доштани онҳоро ифода мекунад.

Намояндагони барҷастаи адибони сабки ҳиндӣ дар садаи XVII Фонии  Кашмирӣ (тав.охирҳои асри 16-1670), Нозими Ҳиротӣ (1601-1605-1671),Соиби Табрезӣ (1603-1677), Ғании Кашмирӣ (тахминан с 1608-1668-1669) ва Шавкати Бухороӣ (тав. солҳои бистуми асри 17-1695-1699) мебошанд.

Масалан, Фонии Кашмирӣ аз душвору печдарпеч гуфтани ашъор худдорӣ намудааст. Забони ашъори шоир содаю оммафаҳм буда, аз ҳар гуна ифодаҳои сарбастаи мушкилфаҳм озод аст.

Забону сабки баёни «Ҳафт ахтар»-и Фонии Кашмирӣ, ки ҷавобияе ба «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавист, содаю равон ва фаҳмою марғуб аст. Барои мисол ғазалеро аз девони Фонии Кашмирӣ намуна меорем:

Мард агар аз пой афтад, сар намеояд ба кор,

Чун ҷудо шуд сар зи тан, афсар намеояд ба кор.

Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардиро ханҷар намеояд ба кор.

Дар чаман наргис ба мастон сар ба пеш афканду гуфт:

«Чун зи май холӣ бувад, соғар намеояд ба кор».

Майпарастонро чу Фонӣ ҳоҷати иршод нест,

Чун касе аз худ равад, раҳбар намеояд ба кор.

 

Дар ғазали дигари Фонӣ таъсире аз сабки ҳиндӣ мушоҳида мегардад:

Гарчи ҳамчун шона дорам пой дар занҷирҳо,

Дар саводи шаҳри зулфаш мекунам шабгирҳо.

Шаб ба ёди он миён суратгарони чини зулф,

Мекашанд аз хомаи мў дар дилам тасвирҳо.

Ғофил аз худ будану ғофил зи Ҳақ будан якест,

Лек ваҳмат мекунад як хобро таъбирҳо…

Кулбаи фақре бино кардам чу Фонӣ дар ҷаҳон,

Мекунам ҳар лаҳзааш аз хуни дил таъмирҳо.

Ё худ дар ин байт:

Ба мизони камон санҷанд мардон зўри бозуро,

Ба даст овардаам ман ҳам зи абруе тарозуро.

Ин фақат як порчае буд аз мақолаи “Абутолиб Калими Кошонӣ”, ки аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” иқтибос овардем.

 Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.

Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.

 Шакли электронии китоб ин ҷост: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ   

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.