Аз асарҳои Пешвои миллат. Файзии   Деканӣ

Файзии Деканӣ (1547-1596) низ бо сабки ҳиндӣ шеър эҷод мекард.Барои мисол:

Соқиву ҷоми маю гўшаи дайр аст ин ҷо,

Лиллаҳилҳамд, ки аҳвол ба хайр аст ин ҷо.

Нуқтаи ишқ мапурсед, ки ҳушам боқист,

Сухан аз ёр магўед, ки ғайр аст ин ҷо.

Оби  ин  майкада  ҷонбахштар  аз оби  бақост,

Бирав, эй Хизр, ки сарманзили  сайр аст ин ҷо.

Бода  дар ҷилваву мурғони чаман меҷўшанд,

Ку Сулаймон, ки ҳама мантиқи тайр аст ин ҷо.

Файзӣ, афсонаи исонафсонам  ҳавас аст,

Чу сари қиссаи Мусову Узайр аст ин ҷо.

Дар шеъри  шоирони ин давра хусусиятҳои хоси давраи аввали сабки ҳиндӣ инъикос ёфтаанд, ки яке аз ин махсусиятҳо сабукӣ ва равониву ҳусни баён мебошад:

Гар  Каъбаат ба зери лаб оранд, лаб бидўз,

Бар хок бўса зан, зи ҳарам остон махоҳ.

Урфии Шерозӣ  

Манам он қатра, ки сад синаву дил кардам доғ,

То зи нўги мижа ғалтида  ба домон  рафтам.

«Тўтинома».

Зи сўзи оташи сўзон агар хошок мерўяд,

Шаҳидони муҳаббатро гиёҳ аз хок мерўяд.

«Тўтинома»

Мо ташналабу чашмаи ҳайвон нафаси мост,

Дарвеши ҷаҳонему  ҳумо дар  қафаси мост.

«Тўтинома»

Аз порчаҳои шеърии овардашуда аён мегардад, ки эҷодиёти Файзии Деканӣ ва Урфии Шнрозӣ нисбат ба осори шоирони асри 16 алҳол дар услуби содабаёнию сабки ҳиндӣ мавқеи мобайниро ишғол менамояд. Яъне дар эҷоди ин шоирон алҳол сабки ҳиндӣ чандон  таъсири  амиқе надоранд.

Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар солҳои 1577-1578 дар Ҳиндустон иқомат карда, ба муҳити адабии он ҷо ворид гардида бошад ҳам, ба ў сабки ҳиндӣ таъсир накардааст.Тадриҷан сабки ҳиндӣ дар эҷоди адибон реша давондан мегирад. Дар асрҳои 16-17 аз пайравони ин сабк Назирии Нишопурӣ (ваф-1626). Толиби Омулӣ (ваф 1624). Абдутолиби Калим (ваф 1632), Қудсии Машҳадӣ (ваф.1646) ва дигарон маъмулу машҳуранд.        

ТОЛИБИ  ОМУЛӢ

Яке аз пайравону идомадиҳандагони сабки ҳиндӣ Толиби  Омулист. Толиби Омулӣ яке аз сухангустарони охирҳои асри 16 ва ибтидои асри 17 тоҷикзабони Ҳиндустон буда, соли 1580 дар яке аз деҳаҳои Омули Мозандарон ба дунё омадааст.

Толиби  Омулӣ баъди дар зодгоҳи худ омўхтани донишҳои замон аз сабаби танг будани шароити зиндагӣ Мозандаронро тарк гуфта, ба Кошон меояд. Чи хеле ки аз китобҳои таърих маълум аст, шоҳ Аббоси 1 (1587-1629) пойтахти мамлакатро аз Қазвин ба Исфаҳон кўчонид ва Исфаҳон дар замони шоҳи мазкур ба шаҳри бузург ва обод табдил ёфт. Толиби Омулӣ аз Кошон ба Исфаҳон меравад ва ду қасида ба номи шоҳ Аббоси I менависад. Ин қасидаҳо диққати шоҳ Аббоси Сафавиро ҷалб карда натавонистанд, бинобар ин ў соли 1607 рў ба Ҳиндустон овард:

Толиб гули ин чаман ба бўстон бигзор,

            Бигзор, ки мешавӣ пушаймон, бигзор.

            Ҳинду  набарад ба туҳфа кас ҷониби Ҳинд,

            Бахти сияҳи хеш ба Эрон бигзор.

Шоир дар Деҳлӣ, Лоҳур, Синд, Мултон зиндагӣ карда, сипас ба  Қандаҳор меояд. Ҳокими Қандаҳор Мирзо Ғозибеки Тархон шахси илмдўсту бомаърифат буда, шеър ҳам менавиштааст. Вай шоирро хуш қабул мекунад. Вале ин бахти ба даст омада ва шароити  муътадил дер давом накард. Ҳокими мазкур дар синни биступанҷсолагӣ (с.1613) аз дасти ғуломи худ кушта мешавад. Толиби Омулӣ аз марги Мирзо Ғозибеки Тархон сахт мутаассир гашта, аз Қандаҳор дубора рў ба диёри Ҳинд мениҳад. Вай шаҳри Лоҳурро интихоб карда, дар он ҷо соҳиби вазифа ва обрўю эътибор ва сазовори мансаби  маликушшуаро мегардад. Толиби Омулӣ дар соли 1624 дар ин шаҳр дар синни 48-солагӣ аз дунё гузаштааст.

Толиби Омулӣ шоири сермаҳсул буда, куллиёти мукаммали ашъораш бо кўшиши Тоҳирии Шақиқӣ мураттаб шудааст. Эҷодиёти Толиби Омулӣ ғанӣ ва рангин мебошад. Мавзуъҳои асосии ашъори шоирро оҳангҳои иҷтимоии шикоят аз замон, танқиди замон ва абнои он, панду ҳикмат, ишқу муҳаббат, васфи табиат, зебоиҳои ҳаёт ва умри ҷавонӣ ташкил менамоянд.

Толиби Омулӣ осори худро бо забони содаву ҳамафаҳм офаридааст. Масалан, дар ин ғазал бо киноя аз дарду алам менависад, ки аҳли илму адаб, дониш ва донишмандон хоранд, ҷоҳилону пастфитратон соҳиби қадру қиматанд:

Фалак чандон, ки дорад кина, бо донишварон дорад,

            Надорад меҳру дорад гар ки меҳре, бо харон дорад.

            Ба нософон надорад осмон нософие дар дил,

            В-агар нософие дорад, ба софигавҳарон дорад.

            Ба камқадрӣ зи иқболи баланди  сурма ҳайронам,

            Ки ин хоки сиёҳ чун ҷо ба чашми дилбарон дорад?

Дар ғазалиёти Толиби Омулӣ сабки ҳиндӣ эҳсос шавад ҳам, доираи он фарох нест. Ғазалҳои ў сода, равон ва бо истифодаи калимаҳои ноби тоҷикӣ суруда шуда, дар ғазали зерин калимаҳои кофтан, ковидан, ғампеша, наштаркада, андеша, раг, теппа, дил, олуда хеле зебо истифода шудаанд:

То чанд биковам дили ғампешаи худро.

                Ништаркада созам раги андешаи худро.

                Фарҳодаму андешаи Ширин ба сар, аммо,

                Олуда ба ҷуз дил накунам тешаи худро.

                Мастам зи шаробе, ки агар ҷўш барорад,

                Фаввораи симоб кунад шишаи худро.

Яке аз хусусиятҳои асосии сабки ҳиндӣ парвози баланди хаёл, тасвироти аз воқеият дур ва истиороти пўшида мебошад. Чунончи, дар ин порчаҳои шеърии Толиби Омулӣ ифодаю тасвирҳои «ба чашми рўзгор палос будани парниёни мо», «селоби ғам», «силсилаи коинот», дар Калим «сипоҳи ғамза», «дар дилҳо аз баргардидани мижгонат шикаст афтодан» ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд:

Парниёни мо палос ояд ба чашми рўзгор,

Даҳр агар биност, нобинои модарзод кист?

***

Селоби ғам, ки силсилаи коинотро,

Аз сар гузашта, рахши маро то рикоб нест.

Ашъори лирикии Толиби Омулӣ аз лиҳози таркиби луғавӣ, истифодаи таъбироти фразеологӣ ва панду андарз сода аст. Ў кўшиш кардааст, ки эҷодиёташ ба забони содаи тоҷикӣ наздик бошад.

Чунин содабаёнӣ дар эҷодиёти Калими Кошонӣ, Қудсии Машҳадӣ низ дучор мешавад.

 Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.

Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.

Шакли электронии китоб ин ҷост: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.