Аз асарҳои Пешвои миллат. Ғании Кашмирӣ

Ғании КашмирӣҒании Кашмирӣ (1608-1669) шоири рангинхаёл, забардаст ва дар суханпардозӣ камназир мебошад. Ў низ чун дигар шоирони пайрави сабки ҳиндӣ дар ашъорҳои худ мазмунҳои баланди  фалсафию иҷтимоӣ ва ахлоқиро бо тахайюлоти баланд ва парвози хаёл ифода намудааст. Дар ашъори Ғании Кашмирӣ калимаю ибороти умумиистеъмол ва асили тоҷикӣ бештар истифода гардидаанд.

Салосату балоғати сухани Ғании Кашмирӣ аз ҷониби бисёр адибону мунаққидон баҳои хуб гирифтааст.

Муҳаммадафзали Сархуш, Мир Ғуломалӣ Озоди Билигромӣ, Муҳаммад Қудратуллоҳи Гўпомўй, Сиддиқ Ҳасанхон, Аминуддавла Муҳсинмулук Шоҳнавозхон ва дигарон роҷеъ ба назокату нафосату санъати баланди ашъори Ғании Кашмирӣ баҳои баланд додаанд.

Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ дар «Тазкираи  Насрободӣ» мегўяд «Ҳаққо, ки дурустсалика ва ғарибхаёл буд. Ашъораш ҳамагӣ латиф аст. Шерхони Лудӣ мефармояд: Ашъораш монанди гулҳои Кашмир ҳамвора ботароват, маънӣ ва тарзи каломаш чун каломи хубон пайваста боҳаловат аст. Воридоти ўро маънии хос бисёр аст ва  мазомини тозае беқиёс».

Дар  девони Ғании Кашмирӣ шеърҳое дучор меоянд, ки  маънои онро хонандаи  имрўза дуруст дарк мекунад, барои муқоиса ду ғазал, ки аввалӣ бо сабки сода буда, дуюмӣ бо риояи анъанаи сабки ҳиндӣ иншо шудааст: ҳамчун намуна оварда мешавад:

Ғазали якум:

Не чашми масти ў ба шакар хоб рафтааст,

Бахти сиёҳи мост, ки дар хоб рафтааст.

То дидаем субҳи баногўши ёрро,

Аз чашми мо чу чашми гуҳар хоб рафтааст.

Ин нақши пой нест, ки уфтод бар замин,

Пойи сулуки мост, ки дар хоб рафтааст.

Ғафлат нагашт маҳрами хилватсаройи мо,

Берун зи чашм ҳалқаи дар хоб рафтааст.

Чун осиё мапурс зи осоишам, Ғанӣ,

К-аз чашми ман ба гарди сафар хоб рафтаас.

Ғазали дуюм:

Гармрў монанди шамсам баски дар роҳи фано,

Дур набвад, гар бисўзад дар кафи дастам асо.

Хонаи мо зери бори миннати  наққош нест,

Нест нақше  пеши мо хуштар зи нақши  буриё.

Баски шуд занҷири поям риштаи ҳуббулватан,

Дар сафар доим чу сўзан чашм дорам дар қафо.

Гар  расад дар гўши ман овози санги кўдакон,

Меравам аз хонаи занҷир берун чун садо….

Аз худоройӣ, Ғанӣ, дар банди зинат нестам,

Мепарад чун ранги рў аз дасти  ман ранги ҳино.

Устоди дигари сабки ҳиндӣ Шавкати Бухороӣ (ваф.1695) мебошад, ки ашъораш мавриди таваҷҷуҳу татаббуи шоирони Мовароуннаҳр ва Хуросон қарор дошт. Ў фаъолияти адибии худро дар ватанаш Бухоро оғоз кардааст. Давраи ҳаёти ў тахминан аз солҳои бистуми асри XVII то охирҳои ин қарнро дар бар мегирад. Ин даврони кашмокашиҳои сиёсиву ҷангу  ҷидолҳо буд. Мовароуннаҳр дар ин айём дар тасарруфи хонҳои Аштархонӣ ва хонадони  Сафавиҳо буд.

Шавкат аз оғоз ба тарзи нав шеър эҷод мекард. Вале аҳли маҳфилҳои адабии Бухоро навпардозиҳои шеъри ўро эътироф намекарданд. Новобаста ба ин, шоир аз пайи эҷод шуда, ғазалҳои дилошўб ва қасидаҳои дилкаш эҷод мекард.

Бинобар мураккаб гардидани вазъ дар Бухоро ў ба яке аз шаҳрҳои Хуросон омада, як қисми умри хешро дар он ҷо мегузаронад ва сипас, ба Ҳинд сафар менамояд. Шоир дар ҳар маконе, ки умр ба сар бурдааст, сабки нигориши худро иваз накарда, тарзи баёни сабки ҳиндиро беҳтарин воситаи тасвири эҳсосоти ботиниаш интихоб карда,дар ин сабк шуҳрати бештаре касб кардааст.

Девони Шавкат нишон медиҳад, ки шоири нозукхаёл дар сабки шеър тозакориву навпардозиҳо кардааст. Дар осори ў баробари масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии давр, мавзуъҳои зебоипарастӣ, инсондўстӣ ва баёни ҳолати маънавии  инсон тасвир ёфтаанд.

Чунончи:

Ҷудо аз ошёни худ зи бас ошуфтааҳволам,

Нагардад дом ҳам шерозаи  маҷмўаи болам.

Ин фақат як порчае буд аз мақолаи “Ғании Кашмирӣ”, ки аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” иқтибос овардем.

 Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.

Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.

 Шакли электронии китоб ин ҷост:
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.