Аз асарҳои Пешвои миллат. Сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои забонии он
Чун забону адабиёти тоҷикӣ ва форсӣ дар Ҳиндустон нуфузи бештаре пайдо кард, равобити адабию фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон бо ин кишвар беш аз пеш тавсеа ёфт, тадриҷан сабки ҳиндӣ ба адабиёти тоҷикӣ амиқтар ворид шуд.
Перомуни нуфузи шеъри тоҷикӣ-форсӣ дар Ҳинд Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» чунин менависад: «Шеъри форсӣ латофат, диққат ва мутаассирие, ки дар хоки Ҳинд пайдо кард, дар Эрон пайдо накард. Ин таъсири табиат ва ҳаёти Ҳинд аст. Кадоми ин шуарои Эронро, ки ба Ҳинд рафта, аз хаёлот, афкор ва обу ҳавои он ҷо мутаассир шудаанд, агар ба шуарои сокини Эрон муқоиса кунем, фарқи мазкур калон аст. Дар калимоти Урфӣ, Назирӣ, Толиби Омулӣ, Калим, Қудсӣ, Ғизолӣ борикии хаёл, латофат, рангомезӣ ва нафосате, ки ҳаст, дар каломи Шифоӣ ва Муҳташами Кошӣ нест».
Эҷодиёти Урфии Шерозӣ (1554-1591), Назирӣ (ваф.1612) ва Файзии Даканӣ (1547-1596) сабки ҳиндиро ба як шакли муайян даровард.
УРФИИ ШЕРОЗӢ
Урфии Шерозӣ аз зумраи намояндагони шинохтаи сабки ҳиндист ва ашъори дилнишину рўҳнавози ўро қариб кулли ҳамзамонон ва пасояндагон мавриди истиқбол қарор додаанд. Ҳар ҷо сухан аз боби истиқлоли сабки ҳиндӣ равад, албатта, номи ўро дар қатори аввалинҳо ёдовар мешаванд.
Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Зайниддин ибни Ҷалолуддини Чодарбоф соли 1554 дар Шероз ба дунё омадааст. Вай омўзиши ибтидоиро дар Шероз гирифта, баъдан ба Ҳиндустон меравад ва дар дарбори Акбаршоҳ ба фаъолият оғоз мекунад. Сабаби сафари Урфиро ба ин диёр тазкиранависон ба таври гуногун шарҳ додаанд, вале ў ба шоҳзода Салим (Ҷаҳонгир) ғоибона таваҷҷуҳ дошт ва медонист, ки дар дарбори ҳокимони ин диёр ба қадри сухан мерасиданд. Қудрати табъ ва маҳорати эҷодии Урфӣ дар ин диёри афсонавӣ бо тамоми шукўҳу манзалаташ рў ба таҷаллӣ овард.
Осори Урфӣ, асосан, аз қасида, ғазал, маснавӣ, қитъаву рубоӣ ва рисолаи «Насрия» иборат мебошад, ки ҷанбаи тасаввуфӣ дорад. Дар миёни осораш рубоиҳои шоир бо сабки равон, маънии баланд ва баёни муҷаз бартарӣ доранд.Чунончи:
Бо солу маҳам дақиқаву соат нест.
Бо рўзу шабам равшанию зулмат нест.
Дар сиҳҳату ранҷам офату роҳат нест,
Урфӣ, олам чу олами ваҳдат нест.
Шоир дар рубоиёти хеш бештар ба инсон руҷўъ намуда, ўро ба меҳру муҳаббат, раҳму шавқат даъват мекунад. Урфӣ бо лафзи ҳакимона лаб ба ситоиши илму маърифат, далериву устуворӣ, кўшишу талош, дўстиву бародарӣ кушода, дар баробари ин аз амалҳои номардонаву нолоиқ дурӣ ҷустанро талқин нмудааст.
Ҳамчунин, рубоиҳои Урфӣ аз лиҳози хусусиятҳои бадеиву шаклӣ низ ҷолибанд. Шоир дар нозукбаёниву мазмунофарӣ пешдаст мебошад ва дар истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ низ маҳорати баланд дошта, аз таъбирҳои забонӣ моҳирона истифода мекардааст.
Бе оҳу фиғон ишқ ба кас нест ҳалол,
Бе нола шакар ҳам ба магас нест ҳалол.
Он кас, ки тараннумаш диле нахрошад,
Омезиши савташ ба нафас нест ҳалол.
Урфии Шерозӣ бо сабки тозаи офариниши осори худ аз дигарон бартарӣ дошт. Тавре Шиблии Нуъмонӣ аз қавли Абдубоқӣ-муосири Урфӣ, нисбат ба ў дар китоби худ зикр кардааст. «Мухтареи (ба вуҷудоваранда) тарзи тозаест, ки алҳол дар миёни мустаидон (соҳибистеъдодон) ва аҳли забон маъруф аст ва сухансанҷон татаббуи ў менамоянд».
Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.
Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.
Шакли электронии китоб ин ҷост: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.