Аз фармудаҳои Ҳошим Гадо
Ту мегӯӣ, ки шодон меоем ва пурғам таркаш мекунем. Не мо пурғам нестам, аммо вақт новобастаи хоҳиш моро ба ҷиғилдонам ҷой мекунад.
**** **** ****
Насиҳате ба афтодагон, раҳгумкардагон, ғамдидагон дорам. Чун дасту поятон, дидаатон бино, узвҳои баданатон дурустанд, шукрона намову ҳаракату мубориза бубар. Чунки агар надавӣ зиндагӣ медавонадат. Торҳои пурпечутобаш он қадар зиёданд, ки агар эҳтиёт накунӣ, нобудат мекунанд. Камтаринҳо дар ин ҷода роҳи худро ёфтаанд. Бе ному нишон гаштаанд. Пас… Чӣ бояд кард? Аввало бикӯш, то ба ин торҳо наафтӣ. Чун дар тор афтодӣ мубориза бубар. Дар муборизаи торҳо ҷон додан ин мардонагист. Бо вуҷуди ин дар ҳама асрҳо танбалон будаанд ва бояд бошанд. Агар танбалон намебуданд, нобиғаҳо ба дунё намеомаданд. Ин ақида бояд баҳсталаб бошад?
**** **** ****
Кӣ медонад, ки фардо чӣ мешавад? Ин хуб аст, ки одамон фардову пасфардои худро намедонанд. Агар донанд, медонед дар рӯи Замин чӣ мешавад. Ҳамдигархӯрӣ оғоз мешавад. Хуб аст, ки инсоният ду чизро пештар намедонад. Аввал мурдани худ ва дуввум фардо онҳоро чӣ интизор аст.
**** **** ****
Дар корхона онҳоеро, ки ақидаи худро доранд, сардорон дӯст намедоранд.
**** **** ****
Дар торикӣ афтодӣ зуд орзуи рӯшноӣ макун. Биандеш, ки бо кадом роҳ ба рӯшноӣ бояд баромад. Чун иродаат қавӣ шуд, гом заданро омӯз. Агар хоҳӣ, ки шарманда нашавӣ, ҳамроҳи ҷомеа бош.
**** **** ****
Ин бинанда кӣ буд? Ӯ дар сар бо ин рафтор чӣ ақидае дошт. Ин муаммои дигар аст.
**** **** ****
Ҳар як инсон намуди зоҳириву ботинии худро дорад. Иштиҳо дорад, ки ҳамеша хӯрдан мехоҳад. Ин чист? Ин дохили ӯст?
**** **** ****
Ақидаҳо аксари вақт кӯҳна мешаванд, аммо одамон ақидаҳои кӯҳнаро дӯст медоранд. Чаро? Зеро дар роҳи кушода роҳ рафтан осон аст.
**** **** ****
Қонунҳо бешуморанд, аммо барои ишқу ошиқӣ то ҳол қонуни аниқе нест.
**** **** ****
Дар мубориза ту метавонӣ худро биёбӣ агар сарро хам карда «лаббай» бигӯӣ.
**** **** ****
Пеш аз оне, ки ба водии хомӯшон сафар кунам, дарк намудам, ки сода ва хом будаам. Инро вақте дарк намудам, ки хеле дер шуда буд.
**** **** ****
Ҳарчӣ бодо бод. Танҳо ба пеш бо кӯмаки Худо.
**** **** ****
Худоё медонам, ки маро мешунавӣ ва хоҳишам ҳамин ки маро танҳо магузор.
**** **** ****
Сабаби пайдоиши дурӯғро дар олам кӣ исбот мекунад. Масалан, ман тӯли 70 сол андешидаам, ки авалин дурӯғро дар замин кӣ гуфта бошад? Дурӯғ мемурда бошад ё умри абадӣ дорад? Дурӯғ ҷисме буд, зан ё мард аст?
**** **** ****
Дар зиндагии шахс дарду ғам чун жола ба сари инсоният мерезад, вале танҳо онро оне ҳис мекунад, ки дар сараш чунин офатро қабул намудааст.
**** **** ****
Хирадманде чунин гуфтааст: «Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо». Ман ақида дорам, ки тоқат+тоқат+тоқат+сабр=сабуронро Худо дӯст медорад.
**** **** ****
Баъдан дар торикӣ будан шарт нест. Шояд ақидаи маро донистан хоҳед? Ин ҳолатест, ки танбалонро, азхудрафтагонро бедор месозад. Агар нашуд рост ба гӯр мебарад.
**** **** ****
Дар рӯи қабрҳо суханҳои аҷибе навишта шудааст. Масалан, дар таҳтасаннге хондам: «Акнун умрат ба охир расид ва бихоб осуда». Аз номи хешу табор.
**** **** ****
Тахтасанги мазоре навишта шуда буд: «Чун аз назди қабрам мегузаред, боре ба қабрам нигоҳ кунед. Ин барои шумо дарси зиндагӣ мешавад».
Аз китоби Ҳошим Гадо “Недруг” таҳияи Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.
Ин ва даҳҳо китоби Ҳунарманди маъруфро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.