«Аз ҳикояҳои русто» – китоби нави Шераки Ориён
Ин китоб қиссаю ҳикоятҳои имрўзу қадими рустоҳои кўҳистонро, яъне деҳкадаҳои диёрро дар бар гирифтааст.
Ва як қисми ин навиштаҳо аз боиси сабку рўйдоду воқеаҳои аҷибаш басо маъруфу шуҳратёр гардида ва бо забонҳои хориҷӣ низ тарҷумаю нашр шудаанд.
Умуман қиссаю ҳикоятҳои муаллифи ин китоб Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) тарҷумаи нашр гардида бо забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, лаҳистонӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ, уйгуриву ўзбекӣ, яъне ҷамъулҷамъ ба чил забони олам.
Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад, яъне 88-то бо тоҷикӣ ва 11-то бо русӣ ва сето бо инглисӣ ва сето бо ўзбекӣ.
Ҳамчунин Шераки ОРИЁН муаллифи 43 филми бадеӣ фалсафӣ ва ҳунарӣ ба шумор меравад, ки дар кишварҳои зиёди олам дар намоиш гузошта шудаанд ва эҷодиёташ ба ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ мушарраф гардидааст…
Нигоштаҳои Шераки Ориён ҳамчунин ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ”), макотиби кишварҳои аврупоӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ»), ва макотибии олии Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Барои шуҳрат бахшидани адабиёт ва санъати точик дар арсаи байналхалқӣ бо қарори Президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон нависанда ва синамогар Шераки Ориён бо орденҳои «Шараф» мукофотонида шудааст.
Китоби нави адиби маъруф Шераки Ориён “Аз ҳикоятҳои русто”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шарофат МИРЗОЕВА,
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ