Аз ҳувияти гумшуда то буҳрони адабиёт

malikai-sarazm(Бардоште аз румони “Маликаи Саразм”-и Шаҳзодаи Самарқандӣ. Аз маҷмӯаи “Суғдиёна”, интишороти “Ақли сурх”, Ҳоланд, 2020 с.)

Одамизод вақте дар ғурбат ба сар мебарад, бо ҳуввияти худ бештар ошно мешавад. Хусусиёти миллии худро бо дигарон қиёс мекунад ва худро бештар мешиносад. Зеҳни инсон дар ғурбат зиёд меандешад ва худро ислоҳ месозад. Шаҳзодаи Самарқандӣ, ки солҳост дур аз зодгоҳи худ, дар Урупо зиндагӣ мекунад, дар румони “Маликаи Саразм” ба суроғи арзишҳои гумшудаи фарҳангии миллаташ меравад. Ӯ баҳси масоили иҷтимоиву фарҳангии моро аз решаҳои таърихӣ меҷӯяд.

Тӯли сӣ соли охир мо ҳамвора аз ҳуввият ҳарф мезанем. Ҳуввият дар содатарин таъриф эҳсосест, ки инсон нисбат ба худ дорад ва он ношӣ аз арзишҳои фарҳангиву фардӣ ва боварҳои зеҳнист. Аслитарин зарфи баёни ҳуввияти таърихӣ ва нишон додани арзишҳои фарҳангии мо тоҷикон адабиёти мост. Махсусан шеър, ки дар саргаҳи он шуарои равшанфикри мо меистанд. Аммо ба гумони ғолиб мо мавзӯи ҳуввиятро дар шакли ғиноӣ ва бештар омехта бо эҳсоси боло сурудаем.

Ин бор Шаҳзодаи Самарқандӣ ба ҳуввияти тоҷикӣ дар наср даст ба кор аст. Дар румони “Маликаи Саразм” Шаҳзодаи Самарқандӣ ин дафъа бештар иҷтимоӣ меандешад. Аз ҳувият, аз таърих, аз адабиёт, зан, ишқ, муҳоҷират ва асмоли ин масоил. Ӯ пайи тавзеҳи арзишҳои лозиму нолозиме меравад, ки барои мо  тасдиқ шудаанд.

Баъд аз мутолиаи осори арзишманде мисли румонҳои “Синдроми Стокҳолм”, “Замини модарон” ва “Регистон” ин маротиба хонанда ривояти мутафовитеро мебинад. Гӯяндаи румони “Маликаи Саразм” мард аст. Аммо то куҷо як нависандаи зан тавониста аз диди мард ба воқеоти рӯзгор баҳои дуруст диҳад, дар ин навишта менигарем.

Тавре, ки зикр кардем, мутафовиттарин хусусияти ин румон дар қиёс ба дигар осори Шаҳзодаи Самарқандӣ дар он аст, ки ровии румон ин бор мардест. Марде, ки худ адиб аст ва бо андармониҳои рӯзгор ба буҳрони эҷодӣ гирифтор аст. Қаҳрамони асар бо вуҷуди мард будан, ҷуръати ҳарф заданро дар аксар маворид надорад. Ӯ баъзе гиреҳҳое аз арзишҳо ва боварҳои ҷомеаро барои худ во накардааст ва ҳини ошно шудан бо хонуме, ки аз Урупо омадааст, ин гиреҳҳоро оҳиста-оҳиста мекушояд.

Воқеоти румон дар шаҳри Душанбе мегузарад. Шаҳре, ки ҳамвора баҳонае пайдо мешавад, то дар борааш бигӯем.

Масоили зиёди милливу иҷтимоӣ монанди фалаҷ будани истеҳсолоти ватанӣ, аз байн рафтани арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, буҳрони адабиёт, тобу будани баъзе мавзуъҳо дар адабиёт, худсонсурӣ дар адабиёт, мақоми зан возеҳ инъикос ёфта, борикбинона тафсир шудаанд.

Бо вуҷуди он, ки гӯяндаи воқеоти румон як мард аст, аммо худи румон занмеҳвар аст. Зеро дар он ба мавзӯи зан бештар таваҷҷуҳ шудааст. Маликаи Саразм, “Бозёфти аср” – муҷассамаи асп бо саворааш, ки ҷинсияташ дар румон зери баҳс аст, ҳамсари адиб, ки тафаккури омиёнае дорад ва духтари ӯ Шаҳноз, ки аз насли муҳоҷират аст ва ноновари хонадон аст, Сангин, ки хонуми огоҳу пурталошест ва ҷаҳонбинии урупоияш ҳамватанонашро шигифтзада кардааст ва хонуме, ки ба хотири нолоиқ будани осораш узвияташ аз Иттиҳодияи нависандагон бекор шудааст, як занҷираи маъноиро ташкил медиҳанд. Ин занҳо ҳар кадом ривоятҳои нақлнашудаи ҷомеаи мо ҳастанд. Ҷомеае, ки ба қавли худ ба зан мақом додааст, вале ба ин мақом танҳо зане бо азму иродаи мардона бояд бирасад.

Ба ҷойгоҳи воқеии зан Шаҳзодаи Самарқандӣ аз умқи таърих мебинад. Аз замони Саразм. 5500 сол муқаддам. Замоне, ки табақабандии иҷтимоӣ шакл гирифт ва ҷомеа модаршоҳӣ буд. Бо ин амсила нависанда қудрату тавоноии занҳоро дар қиболи ҷомеи мардсолори Тоҷикистон дар намоиш гузоштааст.

Баҳсҳо низ дар румон аз ду манбаъ тавлид мегарданд. Ду бозёфти таърихӣ. Муҷассамаи “Шоҳи суғдӣ”, ки ба атрофи ҷинсияташ баҳсҳое бо бурҳонҳое сурат мегирад ва “Маликаи Саразм”, ки ҳар ду аз кашфиёти бостоншиноси варзидаи кишвар Абдурауф  Раззоқов маҳсуб меёбанд.

Дар аснои мутолиаи румон диққати маро низ ҷинсияти “Бозёфти аср” – “Муҷассамаи Шоҳи суғдӣ” ҷалб намуд ва дуру дароз дар ин хусус андешидам. Ин масъала хоси илми бостоншиносист ва дар ин бахш бо порчае аз баҳси қаҳрамонони асар иктифо мекунем, зеро худи нависанда низ хулоса карданро ба ихтиёри хонанда гузоштааст: “Чи тур мешавад дар бораи чизе ки қарнҳо пеш сохта шуда ин қадар мутмаин буд? Бо тааҷҷуб ва тардид пурсидам. Гӯшвора дорад ва гарданбандаш ҳам занона аст, гуфт ба гарданбанди паҳни муҷассама, ки аз рӯйи шонаҳо то зери гӯш кашида шуда буд, ишора карда. Дуруст аст, ингуна гарданбанд ҳанӯз ҳам дар Африқо байни занон роиҷ аст, гуфтам ниҳоятан бо ӯ ҳамфикр шуда. Аммо ҳамчунон бо тардид идома додам, боз дида будам ингуна гарданбандҳо дар гардани заноне, ки барои дароз кардани гардани худ ба унвони нишонаи зебоӣ ба кор мебаранд. Аммо далел намешавад. Дар қадим мардҳо ҳам ороишу тазйини занона мекардаанд. Агар ҳақ бо шумост, пас чаро фикр мекунанд ин мард аст? Ҳайф, ки тавзеҳоти торихшиносҳоро аз даст додем. Мешуд аз онҳо пурсид, гуфтам ҳамчунон нобоварона. Ҳарчанд дилам мехост бо ӯ мухолифат накунам, аммо намехостам бовар кунам, ки торихшиносони мо ин қадар иштибоҳи фоҳиш карда бошанд ва “кашфиёти қарн”-и худро аслан нашнохта бошанд.”

Ҷанбаи дигари румон думболагир ва тафсиргари ҳолати адабиёт аст. Адабиёте, ки барои адабиёт шуданаш коре анҷом нашудааст. Адабиёте, ки ба қавли худи нависанда бо хати иҷораӣ иншо шуда: “Адабиёте, ки бо хатти иҷораӣ навишта мешавад, баъид аст, ки мондагор бошад. Хатти муваққатӣ мисли пистонак бар даҳони миллат аст ва то ин пистонаки хатти сириллик дар даҳон дорам, чӣ гуна дар баробари Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ, Мавлоно ва Саъдӣ қомат баланд кунам ва бигӯям ман аз табори шумоям?”. Нависанда бо ин роҳ масоиле монанди карахтии зеҳнӣ, ҷуръату тавони баён, дурандешӣ, бесамтусӯйии адабиёт ва бетафовутӣ нисбат ба адибро баррасӣ кардааст.

Ин бор хонандаи тоҷик шоҳиди ҷаҳонбинии нав ва воқеӣ мешавад. Мо ҷаҳонбиниро аксаран ба ҷаҳондидану огаҳӣ пайдо кардан таъриф мекунем. Ҷаҳонбинӣ ба гумони ман бо дигар тарз назар кардану дигарандеш будан аст. Аз ин ҷост, ки мо то ҷаҳонбинии худро иваз насозем, ба масоили иҷтимоӣ дуруст расидагӣ намекунем. Шаҳзодаи Самарқандӣ бо ҷаҳонбинии дигар менависад. Барои хонандаи мо ӯ нависандаи дигарандеш аст, ки бо тарзи нав ва ба худ хос тафаккур меронад.

Дар ин росто мебояд аз забон ва услуби баёни асар низ ёдовар шуд. Дар ин румон бештар аз имконоти забони тоҷикӣ корбурд шудааст. Фаротар аз ҳама забони румон равону рушан аст. Барои мисол месазад ин чанд ҷумларо аз румон биёварем: “Фариштаи хоб аз чашмонам парида ва деви хокистарии шабзиндадорӣ утоқро бо домани тирааш пур карда аст. Рангҳо худро бохтаанд ва чашмонам шаффофияти диданро аз даст дода аст”.

Барои ман воқеоти ин румон хеле наздик аст. Бар аксари ин масоил шоҳид будам ва шинохте аз ин ҳаводис дар зеҳнам дорам. Албатта, намешавад дар як румон ҳама ин мавзуотро мухтасар баён кард. Аммо Шаҳзодаи Самарқандӣ ба муҳимтарин воқеот ва падидаҳои таърихию фарҳангии чанд соли охири кишвар дар румони тозааш расидагӣ кардааст.

Ҳусайн Маҳмудов, рӯзноманигор.