Аз марги Оноре де Балзак 175 сол гузашт

Оноре де Балзак 19-уми августи соли 1850 дар шаҳри Порис дар синни 51-солагӣ нависандаи номдори фаронсавӣ, пешвои мактаби воқеънигории иҷтимоӣ Оноре де Балзак аз дунё гузашт. Ӯро яке аз асосгузорони реализм (реализм – усули дарки бадеии воқеият ва ҳаққонӣ тасвир карданӣ он) дар адабиёти Аврупо  медонанд. Балзак  20-уми майи соли 1799 дар шаҳри Тури Фаронса ба дунё омада буд.

Оноре де Балзак дар оилаи деҳқон ба воя расидааст. Машҳуртарин асари нависанда «Мазҳакаи инсонӣ» мебошад. Ин силсилаи роману ҳикояҳоест, ки дар мавзуи ҳаёти ҷамъияти Фаронсаи ҳамонвақта навишта шудааст. Эҷодиёти Балзак ба бисёр нависандагони боистеъдод, аз ҷумла Чарлз Диккенс, Эмил Золя, Фёдор Достоевский таъсири худро расондааст.

Волидайн аз хурдсолӣ, Балзакро барои касби ҳуқуқшиносӣ омода мекарданд. Барои ин, ӯ дар Коллеҷи Вендом, дар Мактаби ҳуқуқии Порис  таҳсил карда, сипас дар нотариус ба ҳайси котиб кор кардааст. Вале ин дер давом накард ў аз касби ҳуқуқшиносӣ ба зудӣ дилгир шуда, худро ба адабиёт бахшид.

Аввалин асарҳои нависанда солҳои 1820 пайдо шудаанд. Ин романҳо дар рӯҳияи романтизм эҷод шуда буданд.  Аввалин китоб бо имзои «Балзак» соли 1829 аз чоп баромад. Ин романи таърихии «Шуанҳо» буд. Баъд аз ин ў очерку ҳикояҳои зиёде навишт, ки ниҳоят диққати мунаққидонро ба худ ҷалб кард. Асари навбатии ҷиддӣ – романи «Пӯсти Шагрен» соли 1831 пайдо шуд. Пас аз як сол, қисман романи тарҷумаиҳолии «Луи Ламбер» нашр гардид.

Бо вуҷуди он, ки Балзак ҳамчун нависанда сарватманд шуда наметавонист, вай кори пурҷўшу хурӯшро давом дода, соле чанд китоб нашр мекард. Натиҷаи асосии эҷодиёти ў силсилаи очеркҳои «Маҳзакаи инсонӣ» дар мавзуи ҳаёти фаронсавиҳо буд. Эҷодиёти нависанда дар солҳои 1820-1830 ба авҷи худ расид. Дар давоми умри худ Балзак борҳо ба Русия сафар карда буд.

Дар соли 1832 вай бо завҷаи ояндааш Эвелина Ганская, мулкдори лаҳистонӣ ва табаъаи рус шинос шуд. Солҳои охири умраш Оноре де Балзак дар мулки ҳамсараш дар Верховна, дар қаламрави Украинаи муосир зиндагӣ мекард. Вай дар «Нома дар бораи Киев», ки он нотамом мондааст хотираҳояшро дар бораи Украина нигоштааст. Нависандаи бузург 18 августи соли 1850 дар Порис вафот кард.

Балзак яке аз пуркортарин нависандаи дунёст. Вай дар тӯли умри нисбатан кутоҳаш беш аз сад мақола, роман ва намоишнома ба риштаи таҳрир даровард. “Гобсеки рибохӯр”, “Ишқи кимёгар”, “Ёдгориҳои ду наварӯс”, “Духтари чашмтилоӣ”, “Пирдухтар”, “Кашиши деҳкада”, “Домгустар”, “Зани сисола”, “Орзуҳои барбодрафта”, “Деҳқонон”, “Оташпора” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Баргигул Наботова, мутахассиси
пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба
шахсони имконияташон маҳдуд.