Аз муаллифи “Кимиёи саодат” бихонем…
Дар бораи Абуҳомиди Ғазолӣ сухан гуфтан чандон осон нест. Олими забардаст, донишманду фақеҳ ва шахсиятест омӯхта, файласуфест борикназар, муҳаққиқест пурдон. Вай соли 1058 дар шаҳри Тӯси Эрон таваллуд шудааст. Мутакаллим, фақеҳ ва сўфии форс-тоҷик буд. Илмҳои замонашро дар Гургон ва мадрасаи «Низомия» -и Нишопур назди Абдулмаолии Ҷувайнӣ солҳои 1028-1085 омўхтааст.
Солҳои 1091-1095 мударриси мадрасаи «Низомия»-и Бағдод буд ва ба унвони «ҳуҷҷат –ул- ислом» ноил гардид. Соли 1095 Ғазолӣ Бағдодро тарк карда, қариб 10 сол дар Шом, Фаластин ва Ҳиҷоз зист. Муҳимтарин асарҳояш дар ҳамин солҳо таълиф шудаанд. Соли 1105 ба Нишопур баргашта муддате дар мадрасаи «Низомия» дарс гуфт. Сипас ба зодгоҳаш омада хонақоҳ барпо кард ва то охири умр дар он ҷо ҳаёти сўфиёна ба сар бурд.
Ташаккули афкори Ғазолиро ба ду марҳила ҷудо мекунанд: 1) аз ибтидои фаъолияти илмӣ то тарк намудани Бағдод (соли 1095); 2) аз соли 1095 то охири умр.
Ғазолӣ дар таърихи афкори маънавӣ ба рушду камоли илми калом мусоидат кард. Ў каломро на танҳо ба усулу равиши фалсафӣ даровард, балки онро ба як низоми ақлию мантиқӣ ва истидлоӣ табдил дод. Назариёти фалсафии Ғазолӣ, ки асосан дар «Мақосид-ул-фалосифа» ва «Таҳофут-ул-фалосифа» баён ёфтааст, сирф идеалистӣ буда, ба тамоюлоти материалистии фалсафаи машшоъ зид аст. Идеализми Ғазолӣ аслан дар мунозира бо намояндагони фалсафаи машшоъ зоҳир мегардад. Вай аввал дар «Мақосид-ул- фалосифа» ақидаҳои фалсафи Арасту, Форобӣ ва Ибни Синоро мухтасар баён намуда, сипас дар «Тақофут-ул- фалосифа» унсурҳои материалистии фалсафаи онҳоро мавриди танқид қарор додааст. Ғазолӣ улуми фалсафиро аз 6 қисмат (риёзиёт, мантиқ, табиёт, илоҳиёт, сиёсат ва ахлоқ) иборат дониста, асосан ба илоҳиёт эътироз кардааст.
Назарияи маърифати Ғазолӣ низ барои ҳимоя ва пуштибонии дину идеализм равона шудааст. Маърифат, ба ақидаи вай, ҳиссӣ ва шуҳудӣ буда, яке аз ҳиссу ақл ва дигаре аз илҳому имони қалбӣ моя мегирад. Ғазолӣ мавқеи идроки ҳиссӣ ва ақлиро дар донистани ҳодисоти олам рад намуда исбот кардани мешавад, ки танҳо бо роҳи завқ ва мукошифа, метавон «ҳақиқат»-ро идрок кард.
Илми ахлоқ, ки дар системаи фалсафии Ғазолӣ мақоми намоёнро ишғол мекунад, дар асл рўҳи ирфонӣ дошта, барои такомули шахсияти инсон равона шудааст. Ғазолӣ дар инкишофи минбаъдаи афкори халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна таъсири муфид расонд. Ғояҳои ахлоқӣ ва инсондўстии ўро дар осори Фахруддини Розӣ, Шаҳристонӣ, Алии Ҳамадонӣ, Кошифӣ ва ҳатто Аҳмади Дониш метавон дучор кард.
Ғазолӣ Абўҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад соли 1111 дар зодгоҳаш шаҳри Тӯс вафот кардааст.
Бозчоп: аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С. 246. Муаллиф: Н. Назаров.
Аз Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро дархост кунед:
Айюҳа-л-валад. – Душанбе, 2005. – 74 с.
Гулчине аз гулистони «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғазолӣ: Рисолаҳои тарбиявӣ ва ахлоқӣ. – Душанбе, 2007. – 240 с.
Кимиёи саодат. – Душанбе: Эр-граф. – 2008. – 672 с.
Алиев, М.Т. Андешаҳои тарбиявии Имом Муҳаммад Ғазолӣ / Алиев, М.Т.. – Душанбе: Эҷод, 2008. – 116 с.
Насиҳат-ул-мулк. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 176 с.
Чаҳор чизи муфид ва чаҳор чизи зарарнок // Чашма. – 1993. – №5-6.
Посухи сенздаҳ суол // Чашма. – 1993. – №1-2.
Ману ту низ аз мурдагонем: Аз рўзгори Султон Увайси Қаранӣ / Таҳияи Абдуқодири Раҳим // Чархи гардун. – 1998. – 9 октябр.