Аз мушкилоту дурнамои ҷавонон гуфтанд

Аз мушкилоту дурнамои ҷавонон гуфтандБа ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мизи гирд доир гардид.
Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ширкат намуданд. Ҳамчунин намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раисони шурои олимони ҷавони донишгоҳу донишкадаҳо ва мудирони шуъбаҳои  кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимоти олии касбии кишвар ҳузур доштанд.

Мҳфилро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда , ҳозиринро ба Рўзи ҷавонон табрик намуд. Ў иброз дошт, ки имрўз яке аз қишрҳои фаъоли ҷавон донишҷўёни муассисаҳои олии таҳсилоти  касбии кишвар ҳастанд ва дар 42  донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар 245 ҳазор донишҷў ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Салима Раҷабзода, муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ зимни ин нишаст таъкид намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рўзи ҷавонон аз мавқеи хоса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

-Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати кишвар маҳсуб меёбанд. Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу пешбари  буданд ва ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгари ватану соҳибони ояндаи миллат  ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд, изҳор дошт ў.

Ба боварии Раҷабзода дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадршиносӣ гардида истодаанд. Аз ин рў, моро зарур аст ҳарчӣ бештар миёни онҳо маҳфилҳои гуногуни илмиву маърифатӣ, фарҳангӣ, оммавӣ, варзишӣ, омўзишӣ ахлоқиву маънавӣ доир намоем, то ба татбиқи афзалиятноки самтҳои давлатии ҷавонон дар миёни онҳо  ноил гардем.

Аз мушкилоту дурнамои ҷавонон гуфтандБарои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву донишазхудкунӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд,- афзуд дар охири суханронияш Салима Раҷабзода.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода изхори хушнудӣ намуд, ки ин ҳамоиш дар оғози 10 рўзи ҷавонон шуруъ гардид. Вай дар ибтидои суҳбаташ ҳамаи ҷавононро табрик гуфт ва барояшон иродаи қавӣ, маърифтаи баланди сиёсӣ ва пешравӣ дар пешбурди  сиёсати давлату ҳукумати ҷумҳурӣ орзу кард.

– Мо дар маҳфилҳоямон аз пешравиҳо ҳарф мезанем, лекин аз мушкилиҳое, ки дар соҳаи мазкур арзи вуҷуд дорад, хомўш ҳастем.  Зиёда аз 72 дарсади аҳолии кишвар ҷавонон ҳастанд ва нерӯи сиёсии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар дасти ҷавононанд. Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созандагӣ доштани ҷавонон эътимоди калон доштанд, -гуфт дар фароварди суҳбаташ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода.

Аз мушкилоту дурнамои ҷавонон гуфтанд

Ин нишаст дар доираи нақшаи чорабиниҳои сиёсиву байналмиллалӣ, фарҳангиву маърифтӣ ва варзишӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба 23-юми май –Рўзи ҷавонон баргузор гардид. Мавзўи он пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ: мушкилот ва дурнамо буд.

Зимни ин нишаст пешниҳоду андешҳои ҷавонон шунида шуд ва масъулони ниҳодҳо иброз намуданд, ки баҳри амалӣ гаштанашон талош хоҳанд намуд.

Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва
робита бо ҷомеа.