Аз мусиқадони форсу тоҷик Абдуллоҳи Нойӣ чӣ медонем?
Абдуллоҳи Нойӣ навозанда, сароянда ва мусиқадони форсу тоҷик охири асри XV ва ибтидои асри XVI дар Ҳирот таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоии илми мусиқиро низ ҳамон ҷо фаро гирифтааст. Абдуллоҳи Нойӣ дар навохтани най беҳамто буда, овозааш ба бузургтарин шаҳрҳои он давр низ расидааст.
Дарвешалии Ҷангӣ дар «Тўҳфат-ус-сурур» ба ў баҳои хубе додааст: «Аз овози форами най ҳамаро ба гулистон бурда…» Абдуллоҳи Нойӣ барои такмили донишаш муддате ба Бухоро омада, асосҳои назариявӣ ва амалии илми мусиқиро комилан аз худ кард. Сипас ба Ҳисор ва баъд ба Балх сафар карда, чандин асари мусиқӣ офаридааст. Аз ҷумла «Савти Дилреш» (бар усули «Мухаммас») ба шўъбаи «Сегоҳ», «Савти Дилошўб» (бар усули «Барафшон») ба мақоми «Ироқ», «Пеншрави Ситамкаш» (бар усули «Самоӣ») ба мақоми «Ҳусайнӣ», «Амали гардони Ной» (бар усули «Уфар») ба мақоми «Наво» ва амсоли инҳо маълуму машҳур будаанд.
Ба асарҳои мусиқии Абдуллоҳи Нойӣ бар вазни «Митайн» ва «Даври равон» «Куллиёт»-е тартиб додааст, ки ҳофизони номии Самарқанду Бухоро онро месуруданд.
Ў ҳамчунин ба мақомҳои «Кўчак», «Бўсалик», «Ҳусайнӣ» ва «Ироқ» асарҳои калонҳаҷми мусиқӣ мураттаб кардааст.
Абдуллоҳи Нойӣ инчунин ғазалҳои ирфониву фалсафии некў гуфтааст. Ў дар Ҳирот аз олам гузашта, қабраш дар маҳаллаи Ҳазрати Султон Аҳмади Ҳизрўя (Ҳирот) воқеъ аст.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 37.
Муаллиф: Раҷабов А.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.