Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Амир Умархон – волии Фарғона (вафот 1237 ҳиҷрӣ)
Ғазал
(Аз як маҷмўаи дастнавис)
Бувад дар ишқ гаҳ бо мусҳафи рухсор савгандам,
Гаҳе бо ҳалқаи гесўи анбарбор савгандам.
Чи сон дил аз хами зулфи гиреҳгири ту баргирам,
Чу шавқам дод бо он мусҳафи рухсор савгандам.
Чунон эъзоз дорам мў ба мў дини муҳаббатро,
Ки бошад аз сари зулфи ту бар ҳар тор савгандам.
Гаҳе бо зулфу гаҳ бо оразу гаҳ бо хати мушкин,
Бувад дар даъвии ишқи бутон бисёр савгандам.
Ба дор-ул-мулки лутфат маҳзари ишқи ту овардам,
Надорам шоҳиде ин ҷо, бидеҳ ночор савгандам.
Амир, омад баҳору ҷуз шикастан нест имконе,
Диҳад гар муҳтасиб бар тарки май сад бор савгандам.
Ғазал
(Аз «Радоиф-ул-ашъор»-и Муҳтарами Бухороӣ, ғайри матбўъ аст)
Ба шавқи он, ки расонам ба зулфи ёр ангушт,
Чу шона медамад аз дасти ман ҳазор ангушт.
Расост нохуни андеша бар хароши ҷигар,
Вале чи суд, намеоядам ба кор ангушт .
Илоҷи кулфату захми дил ар фатила нашуд,
Нагашт монеаи хамёзаи хумор ангушт.
Гиреҳ зи зулфи сиёҳат кушудан осон нест,
Касе чи гуна расонад ба чашми мор ангушт.
Нигаҳ ба рўи ту кардам, гудохтам чун шамъ,
Сазои он, ки ба оташ кунад дучор ангушт.
Ишорати мижаҳои ту рост мешумарам,
Агар ғалат бувад, аз дасти ман барор ангушт.
Хаёли зулфи парешони ёр кард Амир,
Ба ин сухан марасон, шона, зинҳор ангушт.
Амир Умархон, илова бар ин ки мураббии шуаро ва фузало буд, аз шуарои намоёни давраи охир ба шумор мерафт. Бисёр истеъдодҳои адабӣ дар маҳди тарбияти ин модари адаб ба камол расида.
Радифгўӣ, ки аз замони пешин дар байни шуарои Шарқ маъмул буд, дар аҳди ин амири фозил ривоҷ гирифт. Чунончи ғазалеро, ки дар радифи «ангушт» дар боло сабт ёфт, аксари шоирони муосир ва муоқибаш тақлид кардаанд.
Дар ҳақиқат, радифгўӣ хусусан дар якравӣ зиёда душвор аст, зеро аввалин касе, ки дар он радиф шеър иншод мекунад, мазмунҳои саҳлуттасаввурро мебандад, дар пасмондагон ҳама маъниҳои муғлақ мемонад. Маъазолика, бисёр муқаллидон ҳастанд, ки аз касоне, ки он радифро эҷод кардаанд, ба дараҷот сода ва дорои мазмунҳои бикри омм-ул-фаҳм бастаанд. Ин аст комили иқтидор. (Қориён радифҳоро бадиққат мулоҳиза фармоянд!)
Амир Умархон дар сиюпанҷсолагӣ вафот кард. Дар ин умри кўтоҳ, бо вуҷуди касрати ашғоли ҳукуматдорӣ, дар олами адаб бисёр кор кард. Шеъри туркӣ, ки баъд аз Амир Алишер дар Туркистон ривоҷе надошт, дар аҳди ин амир дубора курсибандӣ дид. Дар форсӣ низ қудратнамоӣ кард.
Девони туркӣ ва форсиаш мавҷуд аст.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.