Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Авлод Ҳусайнхон

Таҷаллии Деҳлавӣ, мутваттин ба Ёрканд. Мумоилайҳи дар хурдсолӣ ҳамроҳи падари худ дар аҳди Яъқуббачаи ҳокими Кошғар аз ватани аслиаш –Деҳлӣ ба Кошғар ҳиҷрат карда, баъд аз он сафари Ҳиҷоз ва адои ҳаҷ намуда, ба Кошғар баргашта, дар он ҷо дар мавзеи Хаҷаариғ аз музофоти Ёрканд мутаваттин шуда. То авоили инқилоб, ки 1917 мелодӣ аст, барҳаёт ва бо дўстони туркистониаш мукотаба дошт. Ҳоло аз ҳолаташ чизе маълум нест (дар он вақт бояд синнаш аз ҳафтод мутаҷовиз бошад).

 

            Таҷаллӣ соҳибдевон аст, аммо девонаш мутолаа нашуд. Дар таърихи вафоти Миёнфазли Куддус ном аҳли тасаввуф менигорад:

                        Миёнфазли Куддус, к-аз фазли қуддус

                        Дилашро фуюзи қудус буд ҳосил.

                        Чи шуд восили олами қудс, гуфтам:

                        Ба солаш Миёнфазли Куддус восил (1308)

            Ва низ дар ҳамин воқеа марсияе, ки ҳар мисраъаш таърих аст, иншод карда:

                 Боз ҷаҳон шуд зи нав маҳшари ранҷу алам,

                 Кард аҷаб ранг ҷавр пири сипеҳри дижам.

                 Ойинаи даҳрро занг гирифта ҳама,

                 Баски дар офоқ зад сели духони алам,

                 Мояи айшу нишот шуд ба азизон ҳаме

                 Ҷолиби оҳу ҳазан, косиби андўҳу ғам.

                 Лашкари олам зад баски саросар ниҳеб,

                 Кард зи ҷоҳо тамом мавҷаи ором рам.

                   Чеҳраи аҳли ҷаҳон бар сифати каҳрабо,

                         Чашм зи дарди равон чашмаи оби бақам.

                      Сурати бим аз куруб омад андар вуҷуд,

                   Рафта ҷимоли фараҳ сўи савора Адам.

Ин марсия 25 байт аст, ки аз ҳар мисраъаш соли 1308 мебарояд, бадин ҳисоб 50 таърих мешавад. Фақат мисраъи дуюм байти  дувум 1310 аст. Мумкин аст, ки хато аз китоб шуда бошад.

Дарин таърих ҷое, ки ба назари танқид нигоҳ карда мешавад, он аст, ки дар мисраъи аввал  байт аввал «вов»-и отифа ба шумор дохил карда нашудааст. Аммо дар соири байтҳо  ба ҳисоб дохил карда шудааст. Ҳамчунон ҳарфи «мадд»-ро як ҳисоб карда шудааст ва ҳол ин ки бояд ду ҳисоб ёбад.

Таҷаллӣ дар ҳамин воқеа ба 13 байт таърихе навиштааст, ки аз рўи даъвои худаш 1326 таърих мебарояд, лекин баъзе мисраъҳо ба таҳрифи котибон ғалат шудааст, вагарна аз рўи ҳисоби фақир 1282 таърих мебарояд. Ин таърихро худ ба қитъаи дигар шарҳ низ кардааст.

Аз ин ҷо, ки ин гуна санъатҳо аз мавзўи адабиёт берун аст, нақлаш муносиб дида нашуд.

            (Аз «Радоиф –ул –ашъор»)

Боди наврўз, бин, чи сон омад,

Ки Масеҳош бодхон омад.

Бо дами исавӣ насими баҳор

Ҳамнафас, балки тавъамон омад.

Балки бар дўши худ фиканд Масеҳ,

Ҳуллаи Хизр дар миён омад.

Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

Душанбе соли 2010.

 

Таҳияи Уғул Бобораҳимова,

мутахасиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.