Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ

Муҳаммадзамони Самарқандӣ бинни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ. (Таваллуд-1203, вафот-1266)

(Аз дасти наберааш Тамҳид гирифта шуд)

Лайлӣ намепурсад зи кас маҷнундили ношодро,

Ширин намедонад магар ҷон кандани Фарҳодро?

Эй бурда ороми дилам, боз о, ки аз бетоқатӣ,

То чанд монанди ҷарас аз дил кашам фарёдро?

Килки қазо то пайкарат бар лавҳи ҳастӣ зад рақам,

Тасвири нақши дилкашат девона кард устодро.

Оби назокат мечакад аз оташи рухсораат,

Эъҷози ҳусн ин бас бувад- ҷамъ оварӣ аздодро.

Мулло Раҳматуллоҳ Музтари Кошонӣ тумани Қаршӣ

(Аз шуарои асри 13).           Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”:

Нест дар маҳфили мо шишаву соғар даркор,

Бодаи беғашӣ лаъли лаби дилбар даркор.

Нахли оҳу дили доғе, ки ба боғи дили мост,

Не чаман ҳоҷату не сарву санавбар даркор.

Нотавонони ғаматро ба биёбони ҷунун

На мададгории афлоку на ахтар даркор.

Гуфтам: ойини ҷафо ин ҳама бо ман зи ту чист?

Гуфт: бо доғи муҳаббат дили Музтар даркор.

 

МИРЗО АБДУРРОЗИҚИ ТАБИБ МУНИРИ БУХОРОӢ

(Вафот-1278)

            (Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Ба найранги чу тӯфон кард  об аз чашми ман,

Шасти сели ашк яксар кард хоб аз чашми ман.

Гар чунин аз тундбоди ҳаҷр хоҳад мавҷ зад,

Мешавад маъмураи олам хароб аз чашми ман.

Осмон шоми ғарибон аз шафақ дар хун нишаст,

То зи бемеҳрӣ бирафт он офтоб аз чашми ман.

Як назар кардам ба чашми масти ӯ, ҷӯянд халқ,

То қиёмат нашъаи сад хум шароб  аз чашми ман.

Дар фироқи он дури якто чу мегиряд Мунир,

Халқи олам мефитад дар изтироб аз чашми ман.

 

Таърихи вафоти Мирзо Абдуррозиқи Мунирро Мирзораҳим Муншии Закитахаллус ба ин қитъа адо намуда:

Қитъа

Фоиқ-ул-амсол Мирзо Розиқ, андар шаъни ӯ

Илму ҳилму хулқу хубӣ- чор хислат ҷамъ буд,

Рафт аз дунёву таърихаш миёни аҳли фазл,

Аз сари ин чор равшан ҳамчу нури шамъ буд.

Махфӣ мабод, ки “айн”, “ҳо” , “хо” , “хо” 1278 аст.

 

            ҚОЗӢ МУЛЛО САЪДӢ  МОҲИРИ БУХОРОӢ

(Вафот-1287). (Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Дар суроғи матлабе гар ман саре медоштам,

Гӯш бар овози пои дилбаре медоштам.

Мешудам дохил ба базми васли равшантинатон,

Шамъсон сӯзи дилу чашми таре медоштам.

Мениҳодам пой бар фарқи муроди дил басе,

Бар сар аз бедонишӣ гар афсаре медоштам.

Мезадам сар аз камини синачокиҳо бурун,

Ҳамчу гул ман ҳам агар мушти заре медоштам.

Мешудам парвонаи лавҳи мазори хештан,

Шамъсон гар ёри ошиқпарваре медоштам.

 

Падари Моҳир аз тоторони  Қазон буд, аммо таваллуду касбу камоли Моҳир дар Бухоро шудааст.

 

            ҲОҶӢ  МУЛЛОҶАҲОНГИР  МАҶНУНИ БУХОРОӢ

            (Вафот-1313).          (Аз Тазкираи Садри Зиё)

Эй пираҳан, аз он тани нозук чӣ дидаӣ?

К-ӯро ба бар чу ҷони гиромӣ кашидаӣ,

Эй ханда,  баҳра аз лаби лаълаш гирифтаӣ,

Неку намак зи хуни малоҳат чашидаӣ!

Эй хол,  дар канораи рухсори анвараш

Баҳри назора турфа мақоме гузидаӣ!

Эй хат ба тавфи  Каъбаи ҳуснаш мусаммимӣ,

Андак таваққуфе, ки зи раҳ нав расидаӣ!

Эй ғамза ҷо ба наргиси махмури ӯ масоз,

Ҳушёр бош, пардаи масте даридаӣ

Эй зулф, бар узори хушаш такя мезанӣ,

Ҷурми ту нест мори ба ганҷ орамидаӣ.

Эй мубталои ғам шуда Маҷнуни ишқбоз,

Ошуфтаӣ, магар рухи Лайлӣ надидаӣ?!

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.