Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ

устод АйнӣҲоҷӣ Неъматуллоҳ-махдум  Мӯҳтарами  Бухороӣ. Вафот-1338/1920, сентябр. Аз тазкираи Афзал)

Сарв аст қомати туву сарви суманбар аст,
Сабз аст орази туву сабзи мунаввар аст.

Сад офарин ба ҷони касоне, ки зиндаанд
Дар ҳаҷри он қаде, ки ба ҷонҳо баробар аст,

Ҳайрат ба зулфи ту ба қазои муаллақ аст,
Ҳасрат зи ҳукми ту ба балои муқаддар аст.

Оҳу ба пеши чашми ту бадтар зи тозӣ аст,
Ханҷар ба назди чашми ту камтар зи ханҷар аст.

Қутби ту беҳ зи қутби бутон аст, баҳри он-к
Лутфи бутон зи лаззати қаҳри ту камтар аст.

Лаълат кашид тунги шакар, дар ташаккур аст,
Зулфат шамид қуттии анбар, муанбар аст.

Як бор васфи ҳӯю ҳаёи ту гуфтаам,
Чун наварӯс дафтари табъам муаттар аст.

Гар домани мубораки худро кашӣ, равост
Аз чашми ман, ки домани ӯ доимо тар аст.

Чин мекунӣ ту абруи худро ба рағми халқ,
Бо он ки ҳузни теғ фузунтар зи ҷавҳар аст.

Гар Муҳтарам зи неъмати дунё шуда фақир,
Алҳамдулиллаҳ, зи ғами хубон  тавонгар аст.

*****     *****     *****    

Шӯхе, ки ҳусни ҳар ду ҷаҳон дар паноҳи ӯст,

Бар хубиаш ду кавну ду одил гувоҳи ӯст.

Ҳасрат зи хона зоди таманнои коми  мост,

Ҳашмат зи дудмони гули хори  роҳи ӯст.

Дар боғи ишқ сарви равон нахли оҳи мост,

Сарсабзии баҳор зи барқи нигоҳи ӯст.

Меъроҷи ишқро, ки сари дор гуфтаанд,

Ин пешгоҳ пойгаҳи  боргоҳи ӯст.

Аҷзе, ки роҳ ёфта бар авҷи кибриё,

Он гӯшаи шикастаи тарфи кулоҳи ӯст.

Ҳангомае, ки наййири аъзам фикандааст,

Таъсири як шарораи  ишқи илоҳи ӯст.

Бар Муҳтарам чи яъс, ки беҷо  ниҳода пой,

Дасташ ба домани карами узрхоҳи ӯст.

*****     *****     *****  

(Аз тазкираи Муҳтарам)

Кист, маҳ пеши ҷамоли ту накӯ мегӯяд

Айби маҳро ҳама офоқ бар ӯ мегӯяд.

Гар гарав баст рухи хуби ту бо аҳли чаман,

Аввалан мартаба гул омада бӯ мегӯяд.

Баски мардонагиву масти мастони ту дид,

Духтари раз лаби хум омада шӯ мегӯяд.

Ҷустуҷӯҳои маро гирякунон дидаву боз,

Дидаро дида тағофул  зада ҷӯ мегӯяд.

Муҳтарам, табъи ту аз лутфи шаҳаншаҳ номист,

Ҳар касе дид ғазалҳои ту, Ӯ мегӯяд.

 

Мӯҳтарам дар забон ва лаҳҷаи маҳаллӣ  бисёр тасарруфот ба кор мебарад, аммо тасарруфоташ мисли тасарруфоти  Савдо, Фитрат, Шоҳин, Музтариб ва Ҳайрат табиӣ нест.

Мӯҳтарам боре ба хонаи Садри Зиё омадаву ӯро ба хоб дарёфта, бадеҳатан ин рубоиро навиштааст:

(Аз тазкираи Садри Зиё)

Эй он ки зиёи дидаи аҳбобӣ,

Монанди ҳумо ба фарқҳо комёбӣ.

Ман бахти туам, аз он сабаб бедорам,

Ту бахти манӣ, аз он ҷиҳат дар хобӣ.

Ҳоҷӣ  Неъматуллоҳ  дар авоил “Нозук” тахаллус мекард, пас аз он ба “Муҳтарам” табдил намуд. Мумоилайҳи ба забону адабиёти араб ҳам вуқуф дошт, шеърҳои арабӣ ҳам гуфта.

Тазкират-уш-шуаро”- е муштамил ба зикри аҳволи шуарои муосирин тамом намудааст. Аз ашъори мутақаддимину мутаахирин, ки дар радифи ҳамдигар иншод кардаанд, то баҳри “дол” тақрибан панҷ ҳазор байт  ҷамъ кардааст. Мӯҳтарам ба ҷавонбухориён дӯстӣ дошт, аммо чун дар аҳди амир ба Яккабоғ қозӣ буд, дар вақти инқилоб ба сӯитафаҳҳуме аз тарафи идораи ҳарбӣ кушта шуд (сентябри 1920).

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.