Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Абдурауф Фитрати Бухороӣ
“БАЁНОТИ САЙЁҲИ ҲИНДӢ”
Асари савуми бародар Фитрат “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ”-ст. Дар ин китоб аҳволи умумияи Бухоро бо оврдани мисолу намунаҳо тасвир меёбад.Муҳаррир дар ин рисола ҳар чи мегӯяд, аз забони сайёҳи ҳиндӣ мегӯяд. Гӯё як нафар ҳиндустонӣ Бухоро ва музофоташро саёҳат мекунад, бисёр воқеаҳоро мушоҳида менамояд натиҷаи мушоҳидоти худро ба шакли китоб меандозад.
Дар муқаддима аз забони сайёҳи ҳиндӣ навишта шудааст: “Чанд сол пеш аз ин яке аз мардуми Бухороро дидам ва аз чигунагии аҳволи ин шаҳр пурсидам. Он қадар мадҳу сано гуфт, ки аз он дам эътиборан зиёрати он шаҳрро аз воҷибаи зиёрати худ шуморидам. То ҳамин сол фурсатро муносиб ёфтам ва ба азми мақсади худ шитофтам. Дар аснои роҳ чизе қобили зикреро надидам, то ба дохили шаҳр расидам. Дар зарфи чанд моҳ аҳволи Бухоро ва бухороиёнро тадқиқ кардам ва ба аксари корҳои инҳо воқиф гаштам.
Бо камоли бадбахтӣ метавонам гуфт, ки бухороиҳо на танҳо бо заволи умумии олами ислом иштирок варзидаанд, балки баъзе аз тавоифи исломиро низ ба мағоки ғафлат кашидаанд. Пеш аз он, ки ба тафсили ин саёҳат шуруъ намоям, лозим аст, ки фикри иҷмолиро, ки аз ин саёҳат дар бораи Бухоро ва бухороиён ҳосил кардам, навишта, қориёни мӯҳтарамро иҷмолан ошнои аҳволи эшон гардонам.
Ҳамагӣ мардумони Бухоро се қисманд: уламо, умаро ва фуқаро. Дар ин ҷо аҳволи ҳар кадоми инҳоро иҷмолан зикр менамоям.”
УЛАМО
Маълум аст, ки Бухоро дар замони собиқ уламои мутабаҳҳир ва фузалои муқтадир хеле мерасонид. Ҳар рӯз як Буалӣ, Форобӣ, Муҳаммад бинни Исмоили Бухорӣ ва Улуғбеки дигареро ба майдони мусобақат медавонид. Ба ин восита овозаи шарофати худро овезаи гӯши ҷаҳониён мегардонид. Қариб дусад сол мешавад, ки қимати алияи худро кам намуда: пас аз вуруди Мирзоҷони Шерозӣ уламои Бухоро ба хондани ҳавошӣ, ки иборат аз тадқиқи алфоз аст, майл карда, кам-кам он қадар ба ривоҷи ин таҳсили бефоида кӯшидаанд, ки номи таҳсили фоиданокро ҳам аз хотири худҳо баровардаанд. Соири туркистониҳо, ки низ таҳсили худро дар Бухоро мекарданд, бо бухороиҳо муштаракан ба мағоки ҷангу ғафлат афтода; оқибат ситораи осмони маданият, саҳифаи мунаввари китоби инсоният, яъне Туркистонро ба ҳолате, ки забони дӯсту гӯши душман аз гуфтану шуниданаш мешармад, мубтало намудаанд.
Ҷамоае, ки имрӯз аз улуми ҳақиқия хабаре надоранд, бист сол таҳсил ва бист соли дигар дарсгӯӣ карда, баъд аз он ба мансаби муфтигӣ расида, боз мутолааи кутуби арабияро мушкил ва худро ба истеъмоли кутуби фиқҳияи форсия маҷбур медонанд, мақоми ҷалили рӯҳонияти Бухороро гирифтаанд. Ин ҷамоа амрҳои илоҳиро тобеи раъй ва мақсади худ дониста, бо ранге, ки хоҳанд, оят тафсир мекунанд, ҳадис мебофанд. Чунончи дар мавқеаш ҳам тафсилан менависем, дар ҳолате, ки худашон иртикоби ҳар гуна зулму гунаҳро мекунанд, ҳамеша менишинанд, то авоми бечораро ба андак гуноҳе кофир гуфта, ба зери лагад бигиранд. Ҳамин ҷамоа аз тарафе ҳамагӣ авқофи Бухороро аз ғайри шарти воқиф нӯши ҷон менамоянд, аз тарафи дигар аҳолии мискин, ки номи таҳсили фоиданокро ҳам нашунидаанд, буду набуди худро ба номи шогирдӣ фидои онҳо месозанд.
УМАРО
Ин фирқаи мудҳиша фақат ба дастёрии як бахти бешуур савори саманди ҳукмронӣ гашта, бо саргармии тамом мол, ҷон, ирз, номус, шарафу осоиши раияти бадбахтро поймол менамоянд. Ҳайати умумияи ин ҳокимони пуриқтидор аз ду тоифа, ки ҳеҳ вақте шоёни эътимоди ҳеҷ кас намегарданд фароҳам расида: қисме ҳокимзодагони ҷоҳил, ки ҳангоми ҳукумати падар ба анвои сафоҳату бебокӣ мишат карда аз тамоми фазоили инсонӣ, ҳатто аз хату саводи зарурӣ ҳам бебаҳра мондаанд, қисме ҳам аз тоифаи аттору баққол, ки саодати дорайнро ба шикампарварӣ мунҳасир ва таҳсили илму фазлро фазлаи вазоифи инсонӣ медонанд, ба ҳам омада, ҳар кадом ба василаи аҷоибе ба маротиби олияи ҳокимӣ расидаанд.
Ин азизон мактаб надидаанд, қавонини ҳукмрониро нашунидаанд, одобу маросими маъмуриятро намедонанд, миллат чӣ сон тараққӣ мекунад, мамлакат чӣ гуна маъмур мегардад, хазинаи давлат чӣ тавр обод мешавад, аз хотирашон нагузашта! Вазифаи як ҳоким биннисба ба раият чист, ҳуқуқи раият ба ҳоким кадом аст, абадан нашунидаанд! Лекин ҳамин ки номзади як вилоят шуданд, маншури ҳукумати он ҷоро бароти оташи дӯзах ё тазкираи яғмогарӣ пиндошта, бо ҳамаи атбоъ ва дӯстони худ монанди лашари бало ба он сарзамин фурӯд омада, аз аҳолии бадбахти он ҷо ҳар чӣ нафсашон хоҳад, мегиранд ва ба хазинаи ҳазрати подшоҳ ҳам ҳар чӣ инсофашон қабулад, месупоранд. Касе низ боиси ин дарёгирӣ ва қатрабахширо аз онҳо намепурсад!
АҲОЛӢ
Ин бечорагон айбе надоранд, аз ҳар ҷиҳат мустаъиданд, фақат ҳамин қадар аст, ки “намедонанд!” Ҳоло хуб аст тафсили аҳволи инҳоро ба зимни ин мақсад ҳавола карда, шуруъ намоем”.
“Сайёҳи ҳиндӣ” бисёр дардҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Бухороро ташреҳ мекунад, фақат ба забоне, ки аҳолиии одии Бухоро ва тоҷик ба осонӣ мефаҳмад. Воқеаҳоеро тасвир менамояд, ки аҳолии Бухоро ва музофоташ амсоли онҳоро дар аҳди амирон ҳаррӯза медиданд.
“Баёноти сайёҳи ҳиндӣ” дар 128 саҳифа дар соли 1330 ҳиҷрӣ дар Истанбул табъ ёфтааст.
(Идома дорад)
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.