Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Абдурауф Фитрати Бухороӣ
ОИЛА Ё ХУД ВАЗОИФИ ХОНАДОРӢ
Асари панҷуми бародар Фитрат “Оила” аст. Дар ин китоб мувофиқи исмаш, роҳи интизоми оила ва вазоифи хонадорӣ баҳс меёбад.
Дар дебочаи ин китоб навишта:
“Медонем, ки одамиён маданӣ-ют-табъанд, яъне ба ҳукми табиат муҳтоҷанд, ки ба шакли як қабила ва ё ба сурати як қавм иҷтимоъ карда, доимо дар сояи муованати ҳамдигар зиндагонӣ намоянд. Ҳар кас ки аз доираи ҳамин қонуни табии қадам берун гузорад, яъне орзӯи узлати ҳақиқӣ намояд, бешубҳа, маҳву нобуд хоҳад гардид.
Раъйи уламои таърих бар ин аст, ки одамиён дар ибтидои халқ шудан зарур будани иҷтимоъро намедонистанд, бинобар ин, монанди ҳайвонҳои ваҳшӣ танҳо зиндагонӣ мекарданд ва аз ин тариқа зиндагонӣ бисёр зарар медиданд: ҳам дар зери бори гарони мушкилоти табиия ва ҳам дар муқобили ҳайвонҳои дарранда ғайр аз ҳалок шудан чора надоштанд. Ба мурури айём лозим будани иҷтимоъро фаҳмиданд. Аввалин иҷтимое, ки карданд, иҷтимои оила, яъне иҷтимои аҳли байт буд. Иҷтимои аҳли байтро оҳиста-оҳиста тараққӣ доданд, иҷтимои қабила ва иҷтимои қавм низ дар миёнашон пайдо гардид. Инак, аз ҳамин муқаддима дониста мешавад, ки “ташкили оила”, яъне иҷтимои аҳли байт ба иборати дигар таъсиси хонадорӣ аввалин пояи маданияти бани одам будааст.
Мебинему мешунавем, ки одамиён дар ҳар ҷое, ҳар вақте ки ба сурати як қабила ё қавм иҷтимоъ ва зиндагонӣ карда бошанд, барои таъмину осоиш ва ҳифзи ҳуқуқи якдигар низомеву қонуне тартиб дода ҷорӣ намуданд ва аз рӯи ҳамон қонун амал карда, ба бахтиёриву саодат расиданд. Ва ҳамин ки дар миёнашон бетартибӣ роҳ ёфта ва беинтизомӣ пайдо шудааст, ломаҳола маҳву нобуд ва ё ақаллан беэътибору зплил гардидаанд. Ин ҳодиса ҳам табиӣ ва ҳам зарурист, зеро одамиён табъан манфиатдӯстанд, ҳамин ки чанде аз инҳо як ҷо ҷамъ шуда гузарон намуданд, ҳар кас ба ҳукми ин ки асири манфиати худ аст, мехоҳад, ки ҳуқуқи дигареро таҷовуз ва ғасб намояд. Натиҷаи ин таҷовузу ғасб, албатта, беосудагӣ ва беинтизомист, ки самараи онҳо ҳам бешубҳа, маҳву нобудист. Инак аз барои пешгирии ҳамин таҷовузу ғасб, албатта қонуне даркор аст.
Ҳоло ба мавзуи аслии ин рисола, ки оила аст, баргардем: оила иборат аз шавҳару зан ва фарзанд аст. Ба иборати дигар, оила иборат аст аз касоне, ки дар як ҷо таҳти раёсати як шахсе зиндагонӣ доранд.
Аз ҳамин таърифҳо дониста шуд, ки оила низ иборат аз иҷтимои чанд нафар одамӣ будааст. Аз он ҷо ҳар кадоми инҳо ҳам одаманд ва бинобар он асири манфиати худанд, мумкин аст, ки яке ҳуқуқи дигареро таҷовуз ва ғасб намоянд. Пас барои пешгирии ҳамин таҷовузу ғасб дар миёни афроди оила низ қонуне лозим аст. Ҳукамои қадим дар ин боб хеле кӯшишҳо карда қонунҳо вазъ карданд, ки ҳайати умумияи онҳоро “Тадбири манзил” меноманд
Дар ин дунё ҳеҷ қавме нест, ки толиби саодату иззат набошад, саодату иззати ҳар миллат вобаста ба роҳату интизоми дохилии он миллат аст, ки он ҳам бе роҳату интизоми оилаҳои он миллат сурат надорад. Дар ҳар ҷо, ки муносибати оила боқуввату интизом аст, мамлакату миллат низ қавӣ ва муназзам хоҳад буд. Ҳар гоҳ, ки мардуми як мамлакат ба сабаби бадахлоқиву пастфитратӣ муносибати оилаи худро сусту беинтизом намудаанд, даст аз саодати он миллат шустан ва балки дил аз ҳаёти он қавм бардоштан лозим аст.
Ин аст, ки ҳукамои ҳозираи Фаранг низ доимо барои интизому роҳати оилаҳои миллати худ мекӯшанд, дар ин хусус садҳо китоб навишта нашр мекунанд… ”
(Идома дорад)
“Оила” дар 192 сафҳа ба соли 1916 дар Боку аз тарафи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзими Бухороӣ нашр шудааст.
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.