Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Абдурауф Фитрати Бухороӣ. “Сайҳа”

Абдурауф ФитратАсари дуввуми Фитрат “Сайҳа” аст. “Сайҳа” дорои 16 саҳифаи кӯчак буда, муштамил бар панҷ ғазал ва шаш банд таркиббанд аст.

ҒАЗАЛ АЗ “САЙҲА”

Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро,

Эй бо ту ифтихораму в-эй бо ту эътибор.

Эй кӯҳи илм, баҳри шаҳомат, фазои файз,

Саҳрои маҷд, боғи ҳунар, соҳаи виқор.

Арши шараф, сипеҳри саодат, биҳишти адл,

Лавҳи сафо, ситораи из(з), бурҷи иқтидор.

Рӯҳӣ, чаро чу колбади  мурда мондаӣ,

Зери суми сутури ду-се нобакор?!

Аршӣ, валек хоки ҷаҳонӣ ба чашми ман,

Имрӯз дар заминату бинам афтода зор.

Охир, на дар бинои адолат будӣ асос?

Охир, на дар асоси мурувват будӣ мадор?

Эй он, ки аз ту буд қароре замонаро

Баҳри чиат замона кард чунин беқарор?!

Умедгоҳи халқи ҷаҳон будӣ, ҳол чист?

Аз ҳар касе барои чи гаштӣ умедвор?!

(Аз “Сайҳа”)

1

Эй боди сабо, сӯи мани зор надидӣ,

Якбора чи шуд, к-аз мани ғамнок рамидӣ.

Ҷуз зикри накӯи ту набурдам ба забон ман,

Боре, ту бигӯ, аз мани мискин чӣ шунидӣ?

Ту саҳнаи ҷавлонгаҳи ҳар хавфу риҷоӣ!

Ту соҳаи маърӯзаи ҳар биму умедӣ!

Бӯе набарад аз гули мақсуд ба олам

Он кас, ки ту дар кохи димоғаш навазидӣ.

Вобастаи занҷири тааллум бувад он дил,

К-аз лутфи ту рӯзе ба ҳавояш напаридӣ.

Ку он ки зи по монду ту дасташ нагирифтӣ?

Ку он ки ба раҳ хуфту ту нозаш накашидӣ?

Маъюс нарафт, он ки ту рафти ба ризояш,

Маҳрум намонд, он ки ба вақташ ту расидӣ.

Бас рӯҳи аламнок, ки гаштӣ ту маъинаш,

Бас қалби пароканда, ки баҳраш ту давидӣ.

Охир, сӯи мо низ, Худоро, назаре кун!

Боз ой, барои дили мо ҳам сафаре кун!

2

Бинмо саҳаре азми тавофи ватани ман!

Ах-ах, чи ватан, саҷдагаҳи ҷону тани ман!

Ҳам маъмани осоишу иззу шарафи ман,

Ҳам Каъбаи ман, қиблаи ман, ҳам чамани ман.

Он, к-аз ғами ошуфтагии ҳоли харобаш

Оғушта ба хун асту хароб аст тани ман.

То панҷаи зулми дигарон дод харошаш,

Чок аст зи сарпанҷаи ман пираҳани ман.

Он,к-аз пайи тахлиси гиребони ҳаёташ

Дерест фитодаст ба дӯшам кафани ман.

Рав, ҷабҳаи табҷил фурӯ мол ба хокаш,

Зан бӯса ба девору дараш аз даҳани ман.

Аввал бирасон аз тарафам арзи дуоро

В-он гаҳ бинамо лобаву баргӯй: Бухоро!

 

“Сайҳа” дар Истанбул, дар соли 1329, аз тарафи муҳаррираш нашр шудааст.

(Идома дорад)

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.