Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Аҷзии Самарқандӣ. Бахши охир

Аҷзии Самарқандӣ.3.”АЙН-УЛ-АДАБ”

Матбуъ дар Самарқанд,1334. Аз осори Сиддиқии Аҷзӣ ”Айн-ул-адаб”  ашъори туркист, лекин дар охираш чанд порча форсӣ илова шудааст. Аз он ҷумла, дар ҳаққи касоне, ки ба сабаби “Анҷумани арвоҳ”  мумоилайҳиро такфир кардаанд, ин рубоиро навиштааст:

1.

Куфрам ба даҳони халқ зоҳир нашавад,

Кофиркуни ман, аҷаб, ки кофир нашавад.

Ман ҳамчу мукаффирон мусалмон нашавам,

То ҳамчу ман он ҷамоа кофир нашавад.

2.

Ҷамъе, ки маро ба айбу нуқсон бинанд,

Он айб ба шаъни хеш пинҳон бинанд,

Онҳо, ки маро ба заъм такфир кунанд,

Рӯзе худро чу ман мусулмон бинанд.

3.

Умрест ба ростӣ сабақ мехонам,

Олӣ дарсе дар ин варақ мехонам.

Аз ҳақгӯӣ забон кашидан куфр аст,

То ҷон дорам, каломи ҳақ мехонам.

  1. РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ”

Асари муҳиме, ки дар соли 1912 ба забони форсӣ ба майдон қадам ниҳод, рӯзномаи “Бухорои шариф” буд. Ин рӯзнома, дар зери дасти таҳрири Мирзоҷалол Юсуфзодаи Қафқозӣ, аз 1912-март-11 то 1913 дувуми январ яксаду панҷоҳу се адад баромада, баста шуд.

Афсӯс, ки нусхаҳои мудаввани ин рӯзнома дар дастам нест, то ки порчаҳои намуна нақл намоям . Танҳо шумораи дувуми ин ҷаридаро ба даст дорам, ки барои нишон додани забон ва тарзи баёни он сармақолааш сатре чанд эрод менамоям.

Ифтитоҳ

“Ба тавфиқи Худо аз имрӯз шурӯъ ба нашри мақсуд менамоем!  Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд, вале бояд ба тартиби вазъи таълим ибтидо намуд.

Аҳолии Бухорои шариф тоза-тоза ба воситаи васли роҳ ва касрати мутараддидин мехоҳанд аз авзои олам бохабар бошанд. Мо агар ибтидо ба фалсафаи ҷарида ва сиёсат намоем, ба ҷиҳати ағлаб мушкил мешавад, агарчи мардумони қобил ва олиму доно бисёр дорем!  Илло ин ки асли рӯзнома бояд нафъаш ом ва фоидааш том бошад. Ашхоси уламо эҳтиёҷ ба таълими амсоли мо надоранд. Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем, салоҳи амри умумиро дар назар дошта бошем. Лиҳозо рӯзномаи мо, аввалан, ҳар чи мумкин бошад, ба забони порсии сода навишта мешавад. Сониян, мақолаҳое, ки (ғайр аз ахбори олам)  мехоҳем дарҷ намоем, иборат аст аз муқаддимаи инсоният хоҳад буд-яъне таҳриси мардум ба талаби илм ва ислоҳ намудани вазъи таълим………. “Ҷалол”

  1. МАҶАЛЛАИ “ОЙИНА

Маҷалаи “Ойина”аз соли 1913, моҳи август-2 то соли 1915 моҳи уктабр 68 адад баромадааст.

Ин маҷмӯа дар забони туркӣ ва форсӣ дар зери масъулияту таҳрири Маҳмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ дар Самарқанд табъ меёфт.

Аз Бухоро ба имзои “Асъад”ва ба унвони “Киноёт” ва ба иқтибоси якчанд байти Ҳофизи Шерозӣ  навишта шудааст.

Булбул ба шохи сарву ба гулбонги паҳлавӣ,

Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.

Яъне, биё, ки оташи Мӯсо намуд рух,

То аз дарахт нуктаи таҳқиқ бишнавӣ.

Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯй,

То хоҷа май хурад ба ғазалҳои паҳлавӣ.

Ин қиссаи аҷаб шунав аз бахти вожгун,

Моро бикушт ёр ба ансофи исавӣ.

Соқӣ магар вазифаи Ҳофиз зиёда дод,

К-ошуфта гашт турраи дастгори мавлавӣ.

Аз ҷумла одат ин аст, ки дар мамлакати мо ҳақгӯӣ, ҳақшиносӣ ва ҳақпарастӣ машрут ва марҳун ба бахшидани мол ва тафаққуди аҳвол буда, чунончи шунидаву дидаем, ки ҳар гоҳ бузургон ба касе вазифа мебахшиданд, барои тамаллуқ ӯро Сулаймони аср ва Анӯшервони даҳр мехонданд. Ва агар он вазифа мақтӯъ мегашт, ё ду-се рӯз аз мавъиди муқаррарӣ ба таъхир меафтод, он шахси бузург фавран  аз либоси мусалмонӣ хориҷ шуда, Шаддод ибни Од, ё Убайдуллоҳ ибни Зиёд мешуд.

Имрӯз дар пеши қозикалони мӯҳтарами мо (дар ҷои “қозикалон” муҳаррир нуқта монда, мо тасреҳ кардем) ин одати ҷибиллиро ҳар кас ба раъюлайн мушоҳада мекунад, ки ҳар рӯз, балки ҳар соат гурӯҳ-гурӯҳ уламо ба остонаи дорулқазо ба ҷиҳати талаби маъхаз ҳозир ва камари хидмат ба миён баста, ки вақфи миллатро бихӯранд. Гурӯҳе садо мезананд, ки: “он вақфро мустаҳақ моёнем!”  Ҷамоате ба овози шӯрангез мегӯянд: “Ин маъхазро аз олами ғайб  ба номи мо вазифа намуда буданд, чаро эшони қозӣ ба хилофи “Ло родда лиқазоиҳи ва ло муаққиба лиҳукмиҳи” кор баста, ба они дигар ҳавола намуданд? ” Гурӯҳе эшони қозикалонро Фалотуни даҳр медонанд, фирқае мушорунилайҳиро ба бедимоғӣ нисбат медиҳанд, тоифае аз олами боло сухан меронанд, фирқае аз таҳтуссаро нуқта мезананд, хулоса, ҳар зифаросатро ба ҳоли эшони қозӣ дил месӯзад.

Агар ба назари таамуқ нигарем, шахсе вақфе намуда ва аз он таърих дусад сол ё сесад сол гузашта, гӯё он вақф дар майдон бо овози баланд мегӯяд : “Ҳар кӣ моро толиб бошад, бигирад!”

Уламои зишони мо дар он майдон доман ба қамар зада, бо ҳам дар кашмакашу задухӯрданд. Ҳар гоҳ яке аз инҳо ғолиб шуд, ба қабзаи тасарруфи худ даровард, он вақт он мол ҳалолан таййибан насиби ӯ мегардад. Шарти воқифи бечора ҳам дар ин ҷидол аз гардани онҳо соқит мешавад. Бале, инҳо, ки қариб сӣ соли умри худро ба таҳсили улум сарф карданд, маҳз барои ҳамин рӯз. Оҳ-оҳ! Чӣ кунем ва чӣ чора намоем, ки ба пайкари нозанини мамлакати мо оташи ҷаҳолат боло гирифта, касе нест, ки бо оби марҳамате ӯро фурӯ нишонад.

ФАРД

Гӯш агар гӯши туву нола агар нолаи ман,

Он чи, албатта, ба ҷое нарасад, фарёд аст.

Иттифоқан шахси ҳақгӯе дар он миён пайдо шавад, ба муқобили инҳо омада, ба ҳазор аҷзу одоб бигӯяд, ки : “Ин валвала чарост  Ва ба ин дастурхони шариат луқмаи шикоят тӯъмаи кист”, дарҳол пеши назар бинад, ки қиёмат барпост, чунончи ҳар якро ин нидо сар мезанад, ки “Ту дар миёнаи об ақиби сари ман афтодаӣ ва поро ба замин мезанӣ, то гарду хок баланд шуда, ба чашми ман дарояд! Пас биё, то луқмаи бузургтарро ба қадри гӯшат кунам ва тамоми хушиҳову лаззатҳои оламро фаромӯшат созам”. Ҳамон дам он бечораро мехоҳанд аз либоси мусалмонӣ хориҷ ва ба номи аъмолаш “ҳозо ибн-уш-шайтон” дарҷ созанд.

ФАРД

Деҳқони солхӯрда чи хуш гуфт ба писар,

К-эй нури чашми ман ба ҷуз аз кишта надравӣ!

Марҳабо, марҳабо!  Муддатест  тухми амал кориданд, инак ҳосили онро бармедоранд. Боре, кор  ин аст, ки мебинем, вазъ чунин аст, ки медонем, ҳариф – он ки дорем, сухан-он чӣ шунидем!

Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд?

Гиреҳ аз кори фурӯбастаи мо бикшоянд?

Агар аз баҳри дили зоҳиди худбин бастанд,

Дил қавӣ дор, ки аз баҳри Худо бикшоянд

Дари майхона бубастанд , Худоро, маписанд,

Ки дари хонаи тазвиру риё бикшоянд.

Ҳофиз, ин ҳирқаи пашмина набинӣ фардо,

Ки чу зуннор зи зераш ба хафо бикшоянд.

Асъад

(“Ойина”, 1914, якуми март, шумораи 19, саҳ.361-363)

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.