Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Мирзо Назруддин Ҳодии Самарқандӣ

(Таваллуд-1246, вафот-1309. Аз девонаш)

Зи ҷӯши гиря аз ҳаҷри ту мижгон шуд сапед ин ҷо,

Ки чун абри сияҳ аз мавҷи борон шуд сапед ин ҷо.

Дили худ бар умеди ваъдаат кардам кабоб он сон,

Ки чашм аз интизорӣ чун намакдон шуд сапед ин ҷо.

Чи имкон аст гардад муртафеъ савдои ҷом аз май,

Саводи дил зи мавҷи гиря натвон шуд сапед ин ҷо.

Сабоҳи айши моро шоми ғам дар остин бошад,

Шаби ғам аз барои рӯзи ҳиҷрон шуд сапед ин ҷо.

Бувад маҳви тамошои ҷамолат дидаи Ҳодӣ,

Зи ҷӯши рақс ҳамчун чашми қурбон шуд сапед ин ҷо.

****    ****    ****

Дил чи сон пинҳон кунад ҳар лаҳза оҳи хешро,

Дона чун бар хештан дуздад гиёҳи хешро?

Баски шаб кардам чу сайқал бо қади ҳам изтироб,

Сохтам ойина санги такягоҳи хешро.

Дар бузургӣ бояд афкандан зи сар тоҷи ғурур,

Мева дар болидан андозад кулоҳи хешро.

Туҳмати раҳме ба худ бигзору хуни ман бирез,

Метавон бо хуни ман шустан гуноҳи хешро.

Ҷода натвонад ба гирди ҷилваи шавқам расид,

З-ин сабаб гум мекунам ҳар лаҳза роҳи хешро.

Баски шаб додам зи ғам хокистари худро ба бод,

Аз нафас ойина кардам субҳгоҳи хешро.

****    ****    ****

Дар чеҳраи бешарм нишоне зи ҳаё нест,

Туф бод бар он рӯ, ки дар он оби ҳаё нест.

Аз зулми тамаъ раст ҳар он кас, ки ба кам сохт,

Шаҳрест қаноат, ки дар он номи гадо нест.

Розӣ ба дилозории ёрон натавон буд,

Аз ҳамнафасон, шукр, касеро ғами мо нест.

Ҳодӣ, чи кунӣ шиква шабу рӯз зи пирӣ,

Ҳастат ба асо дастрас, ар қуввати по нест.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.