Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ бихонем
Фазлии Нимангонӣ
(Аз шуарои дарбори Умархон аст ва дар миёнаҳои асри 13 ҳиҷрӣ зиндагонӣ кардааст.)
(Аз “Туҳфат –ул-аҳбоб”)
То ниҳон шуд он ба рух чун офтоб аз чашми ман,
Рехт анҷумҳои ашки беҳисоб аз чашми ман.
Риштаи тори назар банди ниқоби ҳусни ӯст,
Он ҷамоли бенишон дорад ҳиҷоб аз чашми ман.
Наргиси ҷодуи ӯ то ҳамнишини сурма шуд,
Рӯзи ман гардид чу шаб, рафт хоб аз чашми ман.
Ҷилваат ҳар ҷо, ки рахши нозро ҷавлон диҳад,
Ғамзаро фармо, ки то созад рикоб аз чашми ман.
Бе ҷамоли ёр агар ин аст, Фазлӣ, кулбаам,
Хонаи мардум шавад яксар хароб аз чашми ман.
Фазлӣ тазкирот-уш-шуарое ба зикри шуарои дарбори Умархон таълиф намуда, дар он китоб ашъори туркиву форсии эшонро дарҷ кардааст.
Қорӣ Абдуррозиқ Фикрати Бухороӣ (Вафот- 1311)
(Аз тазкираи Афзал)
Гуфтам, ки дурӣ ё гуҳарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Хуршеди фалак ё қамарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам: лаби нӯшини ту шӯре ба дил ангехт,
Кони намакӣ ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам, ки бад- ин ҳусну малоҳат, ки ту дорӣ,
Боре, малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам: дили ушшоқ кашад сӯи ту ё худ
Бо ишваи ширин бубарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Гуфтам, ки ба воқеъ набувад ҳамчу ту хубе,
Ё худ ту ба хубӣ самарӣ? Гуфт, ки ҳарду!
Вазни ин ғазал ҳар мисраъ фаъулун/ фаъулун/ фаъулун/ фаъулун:
Ду чашми ман аз ашк дар гил нашинад,
Даме гар ба рӯят муқобил нашинад.
Худоро, нахоҳам, ки ҷоно, зи ғайрат,
Ки ғайрат ба хилватгаҳи дил нашинад.
Дар оғӯши худ танг гирам чунонат,
Ки дар сина захми ҳамоил нашинад.
Чу дар хилвати хеш бораш надодӣ,
Гузор ин, ки бар дар чу соил нашинад
Ба Фикрат бувад кӯҳи ҷон кандан осон,
Ки бе ту чун шириншамоил нашинад.
Қорӣ Абдуррозиқ дар аввалҳо ба “Соқиб”тахаллус карда, ба охир “Фикрат”қарор кардааст.
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.