Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ бихонем

Мирзо Акрам Фикрии Самарқандӣ

(Таваллуд-1288, алъон дар қайди ҳаёт аст)

Дар тазмини”Замин шудӣ, чи шудӣ, осмон шудӣ,чи шудӣ” гуфта:

Агар шаҳаншаҳи рӯи ҷаҳон шудӣ, чи шудӣ?

В-агар чун Рустами кишварситон шудӣ, чи шудӣ?

Балеғвақту  фасеҳ-ул- баён шудӣ, чи шудӣ?

Фақири муфлису бехонумон шудӣ, чи шудӣ?

Азизу соҳиби қасру макон шудӣ, чи шудӣ?

Чу соя  пайсипари мардумон шудӣ, чи шудӣ?

Чу офтоб рафеъ-ул-макон шудӣ, чи шудӣ?

Қабули хотири аҳли замон шудӣ, чи шудӣ?

”Замин шудӣ, чи шудӣ, осмон шудӣ,чи шудӣ?

****   * ****     *****

Баҳри ҳақ, эй  бемурувват, рӯ матоб аз чашми ман.

Ҳамчу тифли ашк магзар  даршитоб аз чашми ман.

Эй ки мепурсӣ зи шарҳи луҷҷаи мавҷи азоб,

Дар шаби ҳиҷрон биё бишнав, ҷавоб аз чашми ман.

Дӣ ба рӯи гулмисоли ӯ  нигоҳе доштам,

Ҷои ашк имрӯз мерезад гулоб аз чашми ман.

Дидаам, умрест, нозир гашта бо маҳталъатон,

Месазад гар рашк орад моҳтоб аз чашми ман.

Огаҳӣ гар боядат аз гиряи Яъқуби зор,

Баҳри ин мабҳас ҳамеҷӯ  фаслу  боб аз чашми ман.

Қиссае аз қиссаи ҷонон надидам хубтар,

Гарчи бигзаштаст лоюҳсо китоб аз чашми ман.

Фикриё, дар ҳайратам аз толеъи худ,  то ба кай

Чеҳраи мақсуд бошад дар ниқоб аз чашми ман.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.