Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ бихонем

Фитрат насри форсиро ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони форсӣ ба хоки Мовароуннаҳр.

Абдурауф Фитрати Бухороӣ

(Таваллуд  1304, алъон дар қайди ҳаёт аст)

Мухаммас ба ғазали Ҳасрат

1

Дилбохтаам тарки муҳаббат  киву ман кӣ?

Фикри худу парвои маломат киву ман кӣ?

Савдоии дардам, ғами сиҳҳат киву ман кӣ?

Кулфатзадаам, бодаи ишрат киву ман кӣ?

Бемори ғамам, бистари роҳат киву ман кӣ?

2

Дар кӯи муғон рехт фурӯ  болу пари ман,

Хок аст дар ин Каъба тани дардасари ман,

Ҳастӣ, манамо ҷилва дигар дар назари ман,

Эй боли ҳумо соя маяфкан ба сари ман,

Шоҳаншаҳи фақрам, ғами давлат киву ман кӣ?

3

То азми сафар кард бути зуҳраҷабинам,

Вомондаву ранҷуру гирифтору ҳазинам,

Пажмурдаву афсурдадилу гӯшагузинам,

Дар маснади хории ҷаҳон сарднишинам,

Бо мардуми олам сари сӯҳбат киву ман кӣ?

4

Сармасти майи ишқаму фориғ зи ҷаҳонам,

Ҷуз  дарси муҳаббат набувад вирди забонам,

Савдозадаи ғамзаи оҳунигаҳонам,

Дилдодаи доғи ғами лайлисифатонам,

Андешаи фардои қиёмат киву ман кӣ?

5

Ҳастибафанододаи  савдои ҳабибам,

Бозичаи сарпанҷаи хунрези рақибам,

Аз фикри тараб дуру ба андӯҳ қарибам,

Ҳасрат, зи азал хуни ҷигар гашт насибам,

Бадмастии паймонаи ишрат киву ман кӣ?

****   *****    *****

Дар мактубе ба яке аз дӯстони худ навишта:

 

Хуррам диле, ки дар шарари ғам кабоб шуд,

Обод хонае, ки зи ҳасрат хароб шуд,

Ҷоне, ки як дақиқа тапидаст, зинда аст,

Биност, дидае, ки шабе хасми хоб шуд.

Дил нест, санги куҳнамазор аст, он чи ӯ,

Ноошнои коргари изтироб шуд.

Ҷуз оҳи гарми сӯхтагони амал набуд

Нуре к-аз ӯ  муҳити ту пуробутоб шуд.

Моро саройи айш  фазои маломат аст,

Ҷоно, дигар магӯй, ки он ҳам хароб шуд!

 

Абдуррауфи Фитрат адибест, ки тамом дар мактаби таҷаддуду инқилоб тарбия ёфтааст.

Фитрат дар  авоили ҳол  “Миҷмар” тахаллус мекард, ҳарчанд пеш аз он давраи интибоҳ ҳам ғазалу қасида месуруд, аммо ин обутоб ва сӯзу гудозро, ки ҳоло дорад, надошт.

Фитрат насри форсиро ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони форсӣ ба хоки Мовароуннаҳр.

Осори мансураи матбуъааш дар забони форсӣ:

Мунозара. 2. Сайёҳи ҳиндӣ. 3. Раҳбари наҷот.4. Оила.5. Тарҷумаи “Дор-ур-роҳат” аст.

Мо дар қисми саввуми ин маҷмӯа аз ҳар кадом асари форсии ин  муҳаррири оташзабон намунаҳо оварда, маҳфили арбоби адабиёти навро гарм хоҳем кард.

 

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ