Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзо Абдуллоҳ Зуҳурӣ

Ҳиротист, ки дар Бухоро истиқомат карда, дар он ҷо ба оташ сўхта вафот ёфтааст.Зуҳурӣ муосир, мусоҳиб ва мухлиси Шоҳин буда.

(Аз таскираи Афзал)

Эй низоминазму ҷомитабъу фирдавсикалом,

Дар бари шоҳини табъат Ваҳшӣ ҷуз усфур нест.

Анварӣ аз шўҳрати шеъри ту монда дар муҳоқ,

Аз хури табъат Шуоиро шуои нур нест.

Ҳамчу хуршеди дурахшонӣ ту маҳбуб-ул-қулуб,

Ҳар киро меҳри ту дар дил нест, дар сар шўр нест.

То вуҷуди ту ба одам ҳаст, эй олиҷаноб.

Шоиронро бар адои шеъри худ дастур нест.

Пайкарат шамси дурахшон асту эшон шабпара,

Ҳар киро меҳр аст, хаффошон магар мастур нест?

Мисли ту ҳар, буқъаро мардест, обод аст он,

Чун ту дар ҳар шаҳр шахсе нест, он маъмур нест.

Ҳар кас андар базми ту ворид шуд, аз ғам шуд халос,

Ҳар касе аз ту дур афтодаст, он масрур нест.

Ин малоҳатро, ки дар шеъри ман аст, аз васфи туст,

Он чи ман гуфтам зи мадҳат,ушри он мазкур нест.

Ҳар касе дур аст аз ту, аз фавоид  дуртар,

Хуш ба ҳоли он касе, к-ў ҷанобат дур нест

Хатм кун дигар суханро,эй Зуҳурӣ, з-ин мақол

Мешиносад шамсро ҳар кас,ки чашмаш  кўр нест.

Миёнаи Шамсуддин Маҳдум Шоҳин ва Қозӣ Бадруддин, ки бинобар тангии чашмаш душманонаш «кўр» мегуфтанд, бад буд. Зуҳурӣ дар байти охирӣ ба ҳамон ишора мекунад.

(Аз тазкираи Мўҳтарам)

Рубоӣ

Якчанд ба роҳи нозарурӣ гаштем,

Якчанд ба дашти  носабурӣ гаштем,

Гумном шудем, гум накарда худро,

Кардем зуҳуреву Зуҳурӣ гаштем.

Гўянд, Зуҳурӣ ба пайравӣ ва татабўи девони Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ девоне тамом кардааст. Аммо ҷомеъро дидани он муяссар нашуд. Шеъри Зуҳурӣ, чунончи дида шуд, оддӣ аст, бинобар ин, гумон меравад, ки дар ин тақлид бояд муваффақ нашуда бошад.

Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова.               .