Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Қорӣ Муллокаромат Танбўрии Дилкаш (вафот-130 ҳиҷрӣ)

Муллокаромат Танбўрии ДилкашҒазал

(Аз тазкираи Афзал)

Хуррам дили он кас, ки нигораш ба бар ояд,

Осудагии чон, ки шаби  ҳаҷр  сар ояд.

Аз  ишқи ту ҳаргиз нашавад як сари  мў кам,

Гар  филмасал он зулфи сияҳ то камар ояд.

Ашкам шаби  ҳиҷрони ту мерехт зи дида,

З-он гуна, ки аз абри баҳорон матар ояд.

 

Аз  баҳри суроғаш чи равӣ кўча ба кўча,

Як  дам бинишин, ёр дар ин раҳгузар ояд.

Аз  тарси падар мекунадам ваъдахилофӣ,

Ё раб, чу Масеҳо, чи шавад, бепадар ояд!

Соянд ҳарифон ба сарам дасти навозиш,

Аз табьи равонам ҳамагӣ шеьри тар ояд.

Харчанд хазафреза бувад шеьри ту, Дилкаш,

Дар дидаи аҳбоб чу дурру гуҳар ояд.

 

Дилкаш дар шеьру мусиқӣ шогирди Аҳмад-махдуми Дониш аст. Дар аҳди Аҳмад-махдум ва баьд аз он ба ҳурмат зиндагонӣ мекард. Марди озодалибос, нозукмизоҷ ва ҳуртабиат буд. Мардуми Бухоро бинобар камоли таваққуфаш дар мусиқӣ нози ўро ба ҷои  ниёз қабул карда, ба хурсандии хотираш мекўшиданд.

Амир  Абдулаҳадро ба тарзи ҳаёти Дилкаш рашк омада, вайро мулозими рикоб карда, аз зиндагонии озодонааш маҳрум сохт. Бечора Дикаш соле ба хориву зории дарбори  амир базўрӣ муқовамат намуда, оқибат ба бемории силӣ гирифтор омада, вафот ёфт. Тазкиранависони муосираш мисли  Афзал ва Мўҳтарам мумоилайҳиро «бинобар худписандиаш аз умр бархурдор нашуда мурд» гуфта қайд кардаанд (барои хушомади амир).

Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат дар таърихи вафоташ навишт:

Рубоӣ

Фарёд, ки бигзид тариқи дурӣ,

Аз даҳр он шахси фозили машҳуре,

Соли таърихи фавташ ин номи накўст,

Қорӣ Муллокаромати Танбўрӣ (1320).

 

 

Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

 Душанбе соли 2010.