Аз «Наврўзнома»-и Умари Хайёми Нишопурӣ (Оғози китоб)

НаврўзномаСипосу ситоиш мар-Худойро, ҷалла ҷалолаҳу, ки офаридгори ҷаҳон аст ва дорандаи замину замон аст ва рўзидиҳандаи ҷонварон аст ва донандаи ошкору ниҳон аст – Худованди беҳамтою беанбоз ва бедастуру бениёз, яке на аз ҳадди қиёсу адад, қодиру мустасно аз зоҳиру мадад. Ва дуруд аз пайғамбарони ў – аз Одами сафӣ то пайғамбари арабӣ Муҳаммади Мустафо, салла-л-Лоҳу алайҳим (ва олиҳи) аҷмаъин ва бар итрату асҳоби баргузидагони ў.

Чунин гўяд хоҷаи файласуф-ул-вақт, саййиди муҳаққиқин, малик-ул-ҳукамо Умар ибни Иброҳим ал-Хайём, раҳмату-л-Лоҳи алайҳи, ки чун назар афтод аз он ҷо, ки камоли ақл аст, ҳеч чиз наёфтам шарифтар аз сухан ва рафеътар аз калом, чи агар бузургвортар аз калом чизе будӣ Ҳақ таоло бо расул, салла-л-Лоҳу алайҳи, хитоб фармудӣ. Ва гуфтаанд ба тозӣ: «ва хайру ҷалиси фӣ-з-замони – китобун». Дўсте, ки бар ман ҳаққи сўҳбат дошт ва дар некаҳдӣ ягона буд, аз ман илтимос кад, ки «сабаби ниҳодани Наврўз чӣ будааст ва кадом подшоҳ ниҳодааст?» Илтимоси ў мабзул ва ин мухтасар ҷамъ карда омад ба тавфиқи чалла ҷалолаҳу.

ОҒОЗИ КИТОБИ «НАВРЎЗНОМА»

Дар ин китоб, ки баён карда омад дар кашфи ҳақиқати Наврўз, ки ба наздик(и) мулуки Аҷам кадом рўз будаст ва кадом подшоҳ ниҳодааст ва чаро бузург доштаанд ва дигар ойини подшоҳон ва сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда ояд, ин шоа-л-Лоҳу таоло.

Аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўзу рубье аз шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед – он рўз – аввали мулуки Аҷам, ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўз бомдод Офтоб ба аввали диқиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рўзгор будаанд, ки Эзид, таборак ва таоло, дуво(н)здаҳ фаришта офаридааст: аз он ҷаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ва ҳар чи андар ўст, аз аҳриманон нигоҳ доранд ва чаҳор гўшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳад, ки аз кўҳи Қоф бигузаранд ва чунин кунанд, ки ҷаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур меронанд аз халоиқ. Ва чунин мегўянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав андар сарои куҳан бароварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биофарид ва осмонҳою заминҳоро бад-ў парвариш дод ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд ва нурест аз нурҳои Эзади таоло ва андар вай бо ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзид таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

Ва гўянд мисоли ин чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба халифате аз хулафо(и хеш), ки ўро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки вайро бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гўянд чун Эзид, таборак ва таоло, бад-он ҳангом ки фармон фиристод, ки субот бар кард, то тобишу манфиати ў ба ҳама чизҳо бирасад.

Офтоб аз сари Ҳамал бирафт ва осмон ўро бигардонид ва торикӣ аз равшаной чудо гашт ва шабу рўз падидор шуд ва он оғозе шуд мар-ин ҷаҳонро. Ва пас аз он ба ҳазору ҷаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон дақиқаву ҳамон рўз боз расид ва он муддат ҳафтод (ва се бор кирон) – Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони суғрро» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ, ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунад ва бадин ҷӣ бирасад ва Зуҳалу Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки хубути Зуҳал андар ўст, қирон бувад бо муқобилаи ин бурҷ, ки Зуҳал андар ўст, як давр ин ҷост ва як давр он ҷо. Бар ин тартиб, ки ёд карда омад ва ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд, чунонки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳалу Муштарӣ бо (як) дигар кавокиб он ҷо буданд, ба фармони Эзиди таоло ҳолҳои одам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш буд. Ва чун он вақтро дарёфтанд, мулукони Аҷам аз баҳри бузургдошти Офтобро ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рўзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон кардан два ин рўзро ҷашн сохтанд ва олимонро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он аърихро нигоҳ доранд.

Ва чунин гўянд, ки чун Каюмарс ин рўзҳо оғози таърих кард – ҳар соли Офтобр ва чун як давраи Офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рўз ба дуво(н)здаҳ қисмат кард – ҳар бахше сӣ рўз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва ба фаришта(е) бозбаст аз он дуво(н)здаҳ фаришта, ки Эзид, таборак ва таоло, эшонро бар олам гумоштааст. Пас он гоҳ даври бузургро (ки) ба сесаду шасту панҷ рўзу рубъе аз шабонарўзист, «соли бузург» ном кард ва ба ҷаҳор қисм ном кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигузарад, Наврўзи Бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст ойину русуми мулук ба ҷой оваранд аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол, ки ҳар рўзи Наврўз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад ва ин таҷрубат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд.

Фарвардинмоҳ бо забони паҳлавист, маънияш чунон бошад, ки ин он моҳ аст, ки оғози рустани набот дар вай бошад ва ин моҳ мар-бурчи Ҳамалрост, ки сар то сари вай Офтоб андар ин бурҷ бошад.

Урдибиҳиштмоҳ, ин моҳро урдибиҳишт ном карданд, яъне ин моҳ он моҳ аст, ки ҷаҳон андар вай ба биҳишт монад андар хуррамӣ ва «урд» ба забони паҳлавӣ монанд бувад ва Офтоб андар он моҳ бар даври рост дар бурҷи савр бошад ва миёнаи баҳор бувад.

Хурдодмоҳ, яъне он моҳ аст, ки хуриш диҳад мардумонро аз гандуму ҷаву мева ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи ҷавзо бошад.

Тирмоҳ, ин моҳро бад-он тирмоҳ хонанд, ки андар ў ҷаву гандуму дигар чизҳоро қисмат кунанд ва тири Офтоб аз ғояти баландӣ фуруд омадан гирад ва андар ин моҳ Офтоб дар бурҷи саратон бошад ва аввали моҳ аз фасли тобистон бувад.

Мурдодмоҳ, яъне хок доди хеш бидод аз барҳо ва меваҳо(и) пухта, ки дар вай ба камол раса два низ ҳаво дар вай монанди губори хок боша два ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва қисмати ў аз Офтоб мар бурҷи асад бошад.

Шаҳривармоҳ, ин моҳро аз баҳри он шаҳривар хонанд, ки риви дахл буд, яъне дахли подшоҳон дар ин моҳ бошад ва дар ин моҳ барзгаронро додани хироҷ осонтар бошад ва Офтоб дар ин моҳ(и)  сунбула бошад ва охири тобистон бувад.

Меҳрмоҳ, ин моҳро он меҳрмоҳ гўянд, ки меҳрубонӣ бувад мардумонро бар якдигар аз ҳар чӣ расида бошад, аз ғалла мева насиб бошад бидиҳанду бихўранд ба ва Офтоб дар ин моҳ дар мизон бошад ва оғози хариф бувад.

Обонмоҳ, яъне обҳо дар ин моҳ зиёдат гардад аз боронҳо, ки оғоз кунад ва мардумон об гиранд аз баҳри кишт ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи акраб бошад.

Озармоҳ, ба забони паҳлавӣ «озар» оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошад ва ба оташ хоҷат бувад, яъне моҳи оташ ва навбати Офтоб дар ин моҳ мар-бурҷи Қавсро бошад.

Даймоҳ, ба забони паҳлавӣ «дай» дев бошад бад-он сабаб ин моҳро «дай» хонанд, ки дурушт бувад ва Замин аз хуррамиҳо дурмонда бувад ва Офтоб дар ҷаддӣ бувад ва аввали зимистон бошад.

Баҳманмоҳ, яъне ин моҳ ба ҳамон монад ва монанд бувад ба моҳи дай ба сардию хушкӣ ва ба кунҷ андар монда ва низ Офтоб андар ин моҳ ба хонаи Зуҳал бошад ба далв бо ҷаддӣ пайванд дора.

Исфандормузмоҳ, ин моҳро бад-он «исфандормуз» хонанд, ки «исфанд» ба забони паҳлавӣ мева бувад, яъне андар ин моҳ меваҳою гиёҳҳо дамидан гирад ва навбати Офтоб ба охири бурҷҳо расад – ба бурҷи Ҳут.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Маҳмадқул Ҳазратқулов: “Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол”.Душанбе, 2012.

Таҳияи Саломат Яқубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.