Аз Оқоҳусайни Ноҷӣ бихонем
Дар улуми зоҳирӣ ва дар фанни шеъру иншо дасте доштаву хатти насху шикастаи таълиқро хуш менавишта. Муддате дар хидмати Оламгирподшоҳ дохили муншиён буда. Охир дар айёме, ки он подшоҳи мағфур мутаваҷҷеҳи тасхири Дакан буд, рухсати дорулхилофаи Деҳлӣ гирифта, тувлияти мазори фойизуланвори Хоҷа Қутбиддин Бахтиёри Кокӣ, куддиса сирруҳ, ба ў муфавваз гардид ва ҳамон ҷо даргузашт.
Шеъраш ин аст.
Бишканад аз ҷаври гардун, гар насўзад дил зи ишқ,
Донае, к-аз барқи солим ҷаст, ризқи осиёст.
****
Магар ба хоб ба рўи ту во шавад чашмам,
Худо кунад, ки ба хоб ошно шавад чашмам.
****
То даромад ёр дар оғўш, аз худ рафтаем,
Умри мо чун барқ қадри як бағал во кардан аст.
****
Омад буте ба ҷилваи якбарқобкун,
Аз зин фурў наёмада, подаррикобкун.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.