Аз “Қобуснома”-и Унсурулмаъолии Кайковус: Андар фарзанд парвардан ва оини он
Бидон, эй азизи ман, ки агар худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, кӣ аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст. Дуввӯм он ки ба доягони меҳрубон супор…
Чун бузургтар шавад, таълими силоҳаш диҳӣ, то савориву силоҳшӯрӣ биомӯзад ва бидонад, ки баҳри силоҳ чун кор бояд кард ва чун аз силоҳ омӯхтан фориғ гардӣ, бояд, ки фарзандро шино биомӯзӣ, чунон ки ман даҳсола шудам, моро ҳочибе буд. Боманзарҳочиб гуфтандӣ ва фарасият некӯ донистӣ ва ходиме ҳабашӣ буд Райҳон ном, вай нек низ донистӣ. Падарам, раҳматуллаҳ, маро бад-он ҳарду супурд, то маро саворӣ ва найза бохтан ва зӯбин андохтан ва чавгон задан ва тобтоб андохтан ва каманд афгандан ва ҷумла ҳар чи боби фурусият ва рӯҷулият буд биёмӯхтам. Пас Боманзарҳочиб ва Районходим пеши падарам шуданд ва гуфтанд; “Худовандзода, ҳар чӣ мо донистем, биёмӯхт. Худованд фамон диҳад, то фардо ба нахчиргоҳ он чӣ омӯхтааст, ба Худованд арза кунад.” Амир гуфт: “ Нек ояд”.
Рӯзи дигар бирафтам, ҳар чӣ донистам ба падар арза кардам. Амир эшонро хилъат фармуд ва пас гуфт: “Ин фарзанди маро он чӣ омӯхтаед, некӯ бидонистааст, валекин беҳтарин ҳунаре наёмӯхтааст”. Гуфтаанд: ”Он чӣ ҳунар аст?”.
Амир гуфт: “ Ҳар чӣ вай донад, аз маънии ҳунар ва фазл ҳама он аст, ки ба вақти ҳоҷат, агар вай натавонад кардан, мумкин бошад, ки касе аз баҳри вай бикунад. Он ҳунар, ки вайро бояд кардан аз баҳри хеш ва ҳеҷ кас аз баҳри вай натавонад кард, вайро наёмӯхтаед”.
Эшон пурсиданд, ки: “Он кадом ҳунар аст?”
Амир гуфт: “Шиноварӣ, ки аз баҳри вай, ҷуз вай кас натавонад кард. Ва маллоҳе ҷалд (чусту чолок) аз Обисгун биёвард ва маро бадэшон супурд, то маро шино биёмӯхтанд,ба кароҳият на таъб, аммо нек биёмӯхтам, то иттифоқ афтод, ки он сол, ки ба ҳаҷ мерафтам бар дари Мавсул омадам, ҳеҷ чора надонистам андар киштӣ нишастам ба Даҷла ва ба Бағдод рафтам ва он ҷо шуғл некӯ шуд…
Ғаразам он аст, ки андар Даҷла пеш аз он ки ба Уқбуро расанд, ҷое мухавф аст гирдобе саъб, ки малоҳи доно бояд, ки он ҷо бигузарад, ки агар сарфи он надонад, ки чун бояд гузашт, киштӣ ҳалок шавад. Мо чанд кас дар киштӣ будем, бадон ҷой расидем. Малоҳ устод набуд, надонист, ки чун бояд рафт. Киштӣ ба ғалат андар миёни он ҷойгоҳи бад бурд ва ғарқа гашт. Қариб бисту панҷ мард будем. Ман ва марди пири басрӣ ва ғуломе аз они ман зирак, ки Ковӣ ном буда, ба шино берун омадем ва дигар ҷумла ҳалок шуданд. Баъд аз он меҳри падар андар дили ман зиёдат шуд, дар садақа додан аз баҳри падар ва тараҳҳум фиристодан зиёдат кардам. Бидонистам, ки он пир чунин рӯзеро аз пеш ҳамедид, ки маро шиноварӣ омӯхт ва ман надонистам.
Пас бояд, ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар фарзандро биомӯзӣ, то хаққи падарӣ ва шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва натавон донист, ки бар сари мардумон чи гузарад. Ҳар ҳунаре ва фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омухтан тақсир набояд кардан. Ва ба вақти таълим агар муаллимон ӯро бизананд, ӯро шафқат мабар ва бигузор то бизананд, ки кӯдак илму адаб ва ҳунар ба чӯб омӯзад ва на ба таъби хеш. Аммо агар беадабӣ кунад ва ту аз вай дар хашм шавӣ, ба дасти хеш вайро мазан ва ба муаллимонаш битарсон ва адаб эшонро фармой кардан, то кинаи ту дар дил нагирад. Аммо бо вай баҳайбат бош, то туро хор нагирад ва доим аз ту тарсон бошад ва дираму зар ва орзӯе, ки вайро бошад, аз вай дареғ мадор, бад-он қадар, ки битавонӣ, то аз баҳри сим марги ту нахоҳад аз ҷиҳати мерос ва бадном нашавад. Ва ҳаққи фазанд омӯхтан дон аз фарҳанг ва дониш ва агар фарзанде бад бувад, ту бадон манигар, ҳаққи падарӣ ба ҷой овар, андар омӯхтани адаби вай тақсим макун, ҳарчанд ки агар ҳеҷ моя хирад надорад , агар ту адаб омӯзи ва агарна рӯзгораш биёмӯзад…
Аммо шарти падари нигоҳ дор, ки вай чунон зиндагони кунад, ки фиристода бошад. Ва мардум чун аз адам мавҷуд шуд, хулқ ва сиришти ӯ бо ӯ буд. Аммо аз беқувватӣ ва аҷзу заифӣ пайдо натавонад кардан ҳарчанд бузургтар мешавад ҷисму руҳи у қавитар мегардад ва феъли вай падотар мешавад аз неку бад. То чун вай ба камол расад, одати вай низ ба камол расад.Тамомии рӯзи беҳӣ ва рӯзи бадӣ пайдо шавад, валекин ту адаб ва ҳунар ва фарҳангро мероси хеш гардон ва ба вай бигузор, то хаққи вай гузорида бошӣ, ки фарзандони мардумони хосро меросебеҳ аз адаб ва фарҳанг нест. Ва фарзандони оммаро меросе беҳ аз пеша нест, ҳарчанд ки пеша на кори мӯҳташамон аст, ҳунар дигар аст ва пеша дигар. Аммо аз рӯи ҳақиқт наздики ман пеша бузургтарин ҳунаре аст ва агар фарзандони мӯҳтамашон сад пеша донанд чун ба касб бикунанд айбе нест, балки ҳунар аст. Ҳар яке рӯзе ба кор ояд.
Ҳикоят:
Бидон, ки Гуштосуф аз мақарри иззи хеш бияфтод ва он қисса дароз аст, аммо мақсуд аз он аст, ки вай ба Рум афтод ва дар Қустантания рафт ва бо вай ҳеч набуд аз моли дунё ва айбаш омад нон хостан, магар иттифоқ чунон афтода буд, ки вай ба кӯчекӣ дар сарон падари хеш оҳангаронро дида буд, ки корҳои оҳнина: аз теғ ва корд ва риқобу даҳонаи лаҷом карданӣ муҷовир, магар дар толеи ӯ он афтода буд, ин саноат, пайваста гирди оҳангарон мегашти ва ҳамедиди ва ин саноат дида буд ва биёмӯхта.
Он рӯз, ки ба Рум дар монда буд, бо оҳангарони Рум гуфт, ки: “ Ман ин санъат донам” Ӯро бо муздурӣ гирифтанд ва чандон ки он ҷо буд, аз он саноат зиндагонӣ мекард ва кас ниёзаш набуд ва нафоқот аз ин мекард, то он гоҳ ки ба ватани хеш расид.
Пас ба лашкар фармуд, ки ҳеҷ мӯҳташам фарзанди хешро аз саноат омӯхтан нанг надоранд, ки бисёр вақт бувад қувват ва шуҷоатро суд набувад, боре пешае ё коре омӯхта бошад ва ҳар дониш, ки бидонӣ, рӯзе ба кор ояд.
Ва баъд аз он дар Аҷам расм афтод, ки ҳеч мӯҳташам набудӣ, ки фарзандро саноат наёмӯхтӣ, ҳарчанд ки бад –он ҳоҷат набудӣ ва он ба одат карданд.
Пас ҳар чӣ битавонӣ омӯхтан, биомӯз, ки манофеи он ба ту расад, аммо чун писар болиғ гашт, бинигар андар вай, агар сари салоҳ дорад ва ба кадхудоӣ ва зан доштан ва рӯзбеҳӣ машғул хоҳад будан, пас тадбири зан хостани ӯ кун, то он ҳақ низ гузорида бошӣ, аммо то битавонӣ, агар писарро зан диҳӣ, ё духтарро ба шуй диҳӣи бо хешони хеш васлат макун. Зан аз бегонагон хоҳ, ба ақработи хеш агар васлат кунӣ ва агар накунӣ, эшон худ гушту хуни туанд. Пас аз қабилаи дигар хоҳӣ, ки қабилаи хешро ба ду қабила карда боши ва бегонаро хеш карда, то қувват ду гардад ва аз ду ҷониб туро муовинат бувад. Пас агар донӣ, ки сари кадхудоӣ ва рӯзбеҳӣ надорад, духтари кадхудоён ва мусулмононро дар бало маяфкан, ки ҳарду аз якдигар дар ранҷ бошанд.
Бигузор, то чун бузург шавад, чунон ки хоҳад кунад, ё ба зиндагонӣ, ё баъд аз марги ту ба ҳама ҳол чунон тавонад буд, ки фиристода бошад.
Агар фарзанд духтар бошад ба доягони мастураи некӯпарвар бисупор ва чун бузург шавад ба муаллима дех…
Валекин дабирӣ маёмӯзаш ва чун бузург шуд, ҳар чӣ зудтар ҷаҳд кун, ки башавҳараш диҳи….
Аммо то дар хонаи ту бошад, модом бар вай ба раҳмат бош, ки духтаракон асири модар ва падар бошанд. Аммо писарро агар падар набошад, ба талаби кори хеш тавонад дошт, аз ҳар руй, ки бошад ва духтар бечора бувад. Он чи дорӣ, аввал дар барги духтар кун ва шуғли вайро бисоз ва ӯро дар гардани касе кун, то аз ғами вай бираҳӣ. Аммо агар духтар дӯшиза бошад, талаби домоди дӯшиза кун, то зан дил дар шуй бубандад ва шуй низ дар зан доштан бикӯшад ва аз ҷонибайн созгорӣ бошад.
Чунон шунидам, ки Шаҳрбону духтаре буд хурд. Шаҳрбонуро асир бурданд аз Аҷам ба Араб. Амирулмӯъмумин Умар… фаро расид, фармуд, ки вайро бифурӯшанд. Чун вайро дар байъ бурданд, Амир-ул-муъмин Алӣ… фароз расид ва ин хабар бидод: “ Лайса ал байъу (ало) абно- алмулук”.
Чун хабар бидод, байъ аз Шаҳрбону бархост. Ва ӯро ба хонаи Салмони форсӣ биншонданд, то ба шуй диҳанд. Чун ҳикояти шуй бар вай арза карданд, Шаҳрбону гуфт:
“То ман шуйро набинам зани ӯ набошам”. Вайро манзарае нишонданд ва содоти Арабро ва Яманро бар вай бигузарониданд, то он кас, ки ӯро ихиёр афтад ба зани ӯ бошад ва Салмон пеши ӯ биншаст ва он қавмро таъриф мекард, ки ин фалон аст ва он беҳмон аст ва ӯ ҳар касро нуқс мекард, то Умар бигузашт. Шаҳрбону гуфт:” Ин кист?”
Салмон гуфт: “Умар аст”
Шаҳбону гуфт: “ Марде бузург аст, аммо пир аст”. Чун Алӣ бигузашт, Шаҳрбону гуфт: “ Ин кист?”. Салмон гуфт: “Алӣ аст”…
Шаҳрбону гуфт:” Марде бузургвор аст, валекин фардо ман андар он ҷаҳон бар рӯи Фотима, Зӯҳро натавонам нигарист ва шарм дорам ва аз ин ҷиҳат нахоҳам”.
Чун Ҳасан бинни Алӣ бигзашт, чун ҳоли ӯро донист, гуфт; “Дар хӯри ман аст, вале бисёрникоҳ аст, нахоҳам”.
Чун Хусейн ибни Али…бигузашт, ӯ бипурсанду бидонист ва гуфт: “ Ӯ дархӯри ман аст ва шавҳари ман ӯ бояд, ки бувад. Духтари душизаро шӯи дӯшиза бояд, ки бувад. Ман шуй накардаам ва ӯ зан накардааст”.
Ва аммо домоди некӯрӯй гузин ва духтар ба марди зишт рӯй мадеҳ, ки духтар дил бар шӯи зиштрӯй наниҳад. Туро ва шавҳарро бадномӣ ояд. Бояд, ки домод хубрӯй ва покдин ва босалоҳ ва бокадхудой бувад. Нафақоти духтари хеш донӣ, ки аз куҷо ва аз чӣ ҳосил мекунад. Аммо бояд, ки домоди ту аз ту фурӯтар бувад, ҳам ба неъмат ва ҳам ба хашмат, то вай ба ту фахр кунад ва на ту ба вай, то духтар дар роҳат зияд. Чун чунин аст, андаке гуфтам, аз вай бештар чизе талаб макун, духтарфурӯш мабош, ки домод худ муруввати хеш набигузорад ва мардумӣ ба ҷое меравад. Ту он чӣ дорӣ базл кун ва духтар дар гардани вай банд ва бираҳон худро аз ин меҳнати азим ва дӯстро ҳамин панд деҳ…
Таҳияи Ороста Азизова, сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб.