Аз «Панднома»-и тиббии Луқмони Ҳаким

Луқмони Ҳаким«Агар қувваҳои бадан аз ақл ғолиб оянд, мувозинати инкишофи табиату ниҳоди инсон вайрон мешавад. Бинобар ин хайрияти олии рўҳ дар мувозинати ақлу ҷисм аст. Агар ҷисм солим бошад, рўҳ низ саломат аст».

(Абуалӣ ибни Сино)

Эй азизам, бидон, ки зарари муҷоаамат ин аст:

– Аммо он чӣ муҷомаатро зарар расонад аз таом, ҳар чӣ ба таъм шўр бувад, рутубати аслиро хушк гардонад.  Чунончи, Абўшайх Кўшӣ дар «Мўҷиз» гуфта, ки турш бошад, мардумро зуд пир гардонад.

Чунончи, устод  гуфта:

НАЗМ:

Тариқи ҳакимона маслук дор

Зи турш фаровон макун ихтиёр.

Ки пирӣ ба зудӣ падид оядат,

Дамодам заифӣ падид оядат.

Аммо он чи Луқмони Ҳаким фарзанди худро манъ фармуда, амалест, ки мубошаратро зиён дорад, нутфаро кам кунад ва ҷамии қувваҳоро заиф кунад:

      Аввал:  пешоб бисёр нигох  доштан:  дувум: биёр шаб бедор будан; саввум: бисёр пиёда рафтан; чаҳорум: дар гармоба бисёр арақ кардан; панҷум: савории бисёр кардан; ҳаштум: рост истода мубошарат кардан; нуҳум: турши бисёр хўрдан; даҳум:  гуруснагӣ ва ташнагии бисёр кашидан; аз мазкурот, албатта, иҷтиноб лозим аст.

Ҳикмат: ҳакиме гуфта, ки:

– Ҳар кӣ баъд аз сўҳбати мубошарат ба чизи ширин хўрдан одат кунад, асло заиф нашавад, ҳамчунон гулқанд ва монанди инҳост ва маъҷуни бодом.

МАЪҶУНОТИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

… Тамоми тандурустиҳо зи қай кардан бувад ҳосил,

Ба ҳар моҳе ду навбат қай бикун, дигар ту медонӣ.

Ҳамехоҳӣ зи ранҷе ҷумла танро карданат зоил,

Зи маъҷуни билодур нафъ хоҳӣ ёфт чандоне,

Барои сустии тан гар зи балғам* бошад, эй оқил,

Набошад беҳ зи маъҷуни билодур ҳеҷ дармоне…

Сифати маъҷунот аз барои рутубати аъзо ва тамоми бодҳо ва иллатҳои даруну берунро аз тамоми иллатҳои сафровиву* савдовӣ ва аз балғам халосӣ диҳад ва қуввати боҳро зиёда кунад. Ҳар кӣ бо ин маъҷунот одат кунад, марди пирро дар ҳолати ҷавонӣ овард. Агар хоҳӣ, ки ҳамеша тандуруст бошӣ, ин маъҷунотро истеъмол кун.

                ДОРУҲОИ МАЪҶУНОТ ИН АСТ:

Тухми зардак (сабзӣ), тухми шалғам, тухми турб, тухми пиёз, пўсти бехи кавар, тухми арча, лисон-ул-усфур (гиёҳе, ки “забони гунҷишк” гӯянд; лочиндона), пудинаи боғӣ, мурч ва занҷабил (гармдору, имбир) аз ҳар як қадре бо шарбати ширинии сафед се чандон маъҷун кунанд ва ҳар сабоҳ тановул намоянд, меъдаро қувват диҳад, об рафтани даҳонро боздорад, дилро соф кунад ва гармии пушт биафзояд, баданро тавоно кунад, гурдаро гарм кунад ва аз савдову сафро ва аз балғам халосӣ ёбад.

 Манбаъ: “Кимиёи хирад”. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, соли 2009.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Дилафрузи Ҳабибулло,
мутахассиси шуъбаи Абонементи байни
китобхонавӣ  ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.