Аз пандномаҳои донишманди маъруф Зафар Мирзоён
Равоншод Зафар Мирзоён на танҳо як донишманди муътабару соҳибкитоб ва устоди забардаст буд, балки аз нигоҳи одобу ахлоқ миёни дӯстону ҳамкорон соҳиби иззату икром буд. Дар яке аз китобҳояш бо номи “Ниёиши некону покон”, ки соли 2015 дар нашриёти “Шарқи озод” чоп шудааст, як силсила насиҳатгунаҳоеро ҳам ҷо додааст. Мутолиаи ин навиштаҳо на танҳо аз аҳаммият холӣ нестанд, балки хеле заруранд. Хоса барои имрӯзиён. Ҷомеаи мо ба панд беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад, агар албатта, гӯши пандшунав дошта бошад.
Хостем як силсила ин пандномаҳои шахсияти донишманди муосирамонро ин ҷо бикорем, ба он хотир, ки хонанда баҳраҳо бардорад.
ОЙИНИ МЕҲМОНӢ
Воқеан, ба меҳмонӣ даъват кардан ва меҳмон шудан низ хусусиятҳои хосеро дорад. Мардуми тоҷик дар мавриди одоби пазироии меҳмон ва ба меҳмонӣ рафтан назокатҳоеро муроот мекарданд, ки на камтар аз рафтори аврупоиҳои тарбиятдида буданд.
Дар миёни тоҷикон то ҳанўз як силсила ибораву масъалаҳо ривоҷ доранд, ки ҳар кадоме дархўри як ҷаҳон маънӣ буда, касонро ба одоби меҳмонпарварӣ ё пазироии шоистаи меҳмон водор мекунад. Чунончи ибораи «меҳмони нохонда», яъне меҳмони даъватнашуда. Тасаввур кунед, ки як шахси дилхоҳатон бидуни хабари пешакӣ шом вориди хонаатон мешавад. Дар хонаи шумо тасодуфан ҳамон шом аз хўрданиҳо чизе нест ва меҳмон ҳам хўроки шомро нахўрда омадааст. Шумо аз самими дил мехоҳед ўро иззат кунед, вале дар ин фурсати маҳдуд ва дастатон коре намеояд. Ба утоқи ошпазӣ даромада бонуи хонаро асабонӣ мекунем… Умуман ташрифи ноҷо метавонад боиси пайдо шудани ғубори кудурат дар дили қадрдонҳо гардад.
Ба меҳмонӣ рафтан вақту фурсати муайянро талаб мекунад. Барои «меҳмони нохонда» нашудан шахсро лозим аст, ки аз ташрифи худ ба хонаи наздикон соҳибхонаро огоҳ созад. Табиист, ки мо тоҷикон ҳангоми сўҳбат (хоҳ телефонӣ, хоҳ рў ба рў) аз рўи одоби таоруф ҳамдигарро ба хонаи худ даъват мекунем. Мисли «ба тарафи моҳо як сайр карда биёед», «Чӣ ба хонаи мо намеоӣ», «янгаро гирифта як рўз хона биё», «Як пиёла чой кунем» ва монанди он. Ин даъваткуниҳоро «одоби таоруф», «ҳусни таоруф» ва гоҳе «чаҳди самаркандӣ» меноманд.
Аммо ин ҳусни таоруф гуфтори бемақсад нест, балки санҷиш ё ба истилоҳ пешгирӣ (разведка) аст, ки кай ва дар чӣ маврид он шинос, рафиқ ё хешовандаш ба манзили ў ташриф меоварад. Накунад, ки баногоҳ, банохост биёяду соҳибони хона фурсат барои тарадуд наёбанд. Барои он, ки чунин беназокатӣ сурат нагирад, шахси оқил бояд тахминан чунин изҳор кунад. «Ташаккур, ҳоло вақту ҳавсалаи мувофиқ нест. Насиб бошад як рўз хабаратон мекунем, ки ҳамроҳи янгаат ба дидорбинӣ меоем», ё «Ташаккур, агар вақтатон бошад рўзи якшанбе омада ғаматон медиҳем». Одамони ботарбия ҳатто чунин пурсишҳо мекунанд: «Хуроки дўстдоштаат чист?», «Агар мухолиф набошӣ фалониро ҳам даъват мекунам»…
Шахси ба меҳмонӣ даъватшуда бояд бикўшад, аз ду то дувуним соат (агар он ҳам рўзи истироҳат бошад) бештар хонадорро заҳмат надиҳад. Меҳмондоронро ва масруфияти корҳои зиндагӣ фориғ накунед. Шахси ба меҳмонӣ даъватшуда бояд бикўшад, ки тифли худро пеши наздиконаш дар хона гузашта, дар меҳмонӣ шулуғу мағал эҷод накунад. Яъне ба ивази сўхбати дўстонро доир кардан, ҳамаро ба оромкунии тифл машғул карда, табъи ҷамъомадагонро хира насозад.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Ниёиши некону покон”, таҳияи сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Ойҷонгул Давронова.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи милли мутолиа кунанд.