Аз пандномаҳои донишманди маъруф Зафар Мирзоён. Фарҳанги гуфтугўи телефонӣ

пандномаҳои донишмандАз телефон истифода кардан ва умуман гуфтугўи телефонӣ низ  хулқу рафтори тарбият ёфтаро талаб дорад. Риояи одоби муошират ҳангоми гуфтугўи телефонӣ чун гуфтугўи рў ба рў мебошад. Борҳо мушоҳида гаштааст,ки гўшаки телефонро бардошта, алфози дурушт ва омиронаи шахси камтарбияро мешунавӣ: « Ин ҷо куҷоай?», «Ту киӣ?». «Хонаи киай», «Мара шинохтӣ», «Э гуш ку, Гулрўра файрод ку».

Нахуст пеш аз рақами телефонро зер кардан  бояд донист, ки куҷо занг мезанӣ. Сониян, шахси ботарбия бояд пеш аз ҳама салом дода, худро муаррифӣ кунад, сипас ба  баёни матлаб бигзарад. Ва агар сахван рақами телефони шахси дигарро гирифта бошад, ҳатман аз шахси гўширо гирифта узр пурсад.

Ногуфта нагузарем, ки  бо телефон гуфтугўи дароз кардан  ва ба беҳудагўӣ рох додан аз одоб берун аст. Яқин аст хонандаи гиромӣ борҳо мушоҳида  кардааст, ки дар маҷлис даҳҳо одамон гирд омада,ки мавзўеро мухокима мекунанд, баногоҳ аз гўшае занги телефон ё овозхоние садо дода  таваҷҷўҳи ҳамаро ба худ ҷалб намуда, ҳозиронро нороҳат кардааст. Ба мушоҳида расидааст, ки овози мусиқии телефон ба ҳангоми маросими азо, тадфин, ҳини хондани оёти « Қуръон», ба гўш расида ,боиси ранҷиши азодорон ва ҳайрату шигифти атрофиён гардидаст. Агар чунин истифодабарандагони  телефон аз одоби одитарин бархурдор мебуданд, на танҳо то берун шудан аз миёни мардум аз гуфтўи телефонӣ худдорӣ мекарданд, балки ба ҳангоми ворид шудан ба маъракаву ҷамъомадҳо коргирӣ аз телефони  худро қатъ мекарданд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми сухбат бо шахсе гуфтугўро бо ў қатъ намуда,  бо телефони кисагӣ бо шахси дигар ба гуфтор пардохтан, аз одоби одии муошират берун аст.  Шахси бархурдор аз одоби одии  инсониро мебояд дар чунин ҳолатҳо, тугмаи телефони  худро фишурда, кори онро манъ кунад.

Мо дар ин ҷо аз зарари  ҳамеша дар ҷайбу бағал доштани телефон ва гирифтор гаштан ба бемориҳои саратону касолатҳои рўҳӣ сухан намегўем. Зеро дар ин бора гуфтаҳо зиёданд ва таъкидҳои Президенти   Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар вохўрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар баёнгари ҷиддӣ будани ин мавзуъ мебошад. Аммо ба он гуфтаҳо ин дарёфтаро  меафзоям, ки чуноне коршиносон натиҷагирӣ кардаанд, дар ҷаҳон 1,9 миллиард одамон аз телефони ҷайбӣ истифода мекунанд ва дар Тоҷикистони мо ин шумора наздик ба 2,5-3 миллион нафар аст. Чуноне кордонони корозмуда дарёфтаанд 70 % мавҷҳои  хатарнок бештар бо суҳбатҳои тўлонӣ зиён меоваранд. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки мардҳо телефонҳоро дар ҷайби шим ва рўӣи камарбанд (тасма) нагузоранд, зеро нўри элекромагнитӣ ба қисми поёни бадан зиён оварда, 30% сперматазоидро коҳиш медиҳад.

Аз китоби Зафар Мирзоён “Ниёиши некону покон”, таҳияи сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Ойҷонгул Давронова.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи милли мутолиа кунанд.