Аз пандномаҳои донишманди маъруф Зафар Мирзоён. Одоби рафтуомад дар кўчаву хиёбонҳо
Пеш аз ҳама, бояд ҳар як шаҳрнишин дарк кунад, ки ў ҳуқуқ надорад дар шаҳр зиндагӣ карда ба ҳусни шаҳр халал ворид созад. Бо рафтору амали бепарвоёнаи худ боиси бо сарзаниш ва таънаомез ёдовар шудани номи мардуми сарбаланди Кўлоб, Ховалинг, Муъминобод ва навоҳии дигар шавад. Ончуноне борҳо мушоҳида шудааст, шаҳрвандон партобҳову хошокҳои хонаи худро дар кўчаву роҳрав ва ҷўйбору дарё мепартоянд. Ба ташноб латтаву коғаз партофта, обраву лўлаҳои ташнобро баста, боиси сар задани обҳои номатбўъ мегарданд.
**** **** ****
Ба таъкид бояд гуфт, ки гаштугузор ва рафтуомад дар кўчаҳову хиёбонҳои шаҳр низ усули тарбият дидаро тақозо дорад. Агар анбуҳи одамон ҳангоми рафтуо дар кўчаҳои шаҳр як низоми қоидаи муайянро риоя накунанд, дар шаҳр бенизомиву бетартибии фоҳиш рух дода, боиси асаббоният ва ноҳинҷории шаҳрвандон мегардад. Нахуст, зарур аст ҳар шахс ва тифлӣ дарк кунад, ки пиёдагард набояд рафтуоро дар роҳҳои мошинрав анҷом диҳад. Ва пиёдаравонро зарур аст, то аз он қисми роҳ бигзаронад, ки махсуси гузаргоҳ дониста шудааст.
Мутаассифона, бисёр ба чашм мехўрад, ки марду зан, пиру ҷавон даста-даста дар роҳҳои мошинрав гаштугузор мекунанд ва ронандагони автомашинаҳо бошанд, бо сигналҳои гўшхарош роҳгузаронро таҳдид мекунанд. Ҳар як шахси ба шаҳр ворид гаштаро мебояд, то ба ҳангоми дохил шудан ба бино (аз дар даромадан) аввал бояд ба шахси аз бино хориҷшаванда роҳ диҳад, сипас худ вориди бино бояд шавад. Аксаран ба назар мерасад, ки се чор нафар дар пиёдарав гирд омада, машғули сўҳбатанд ва хаёл ҳам намекунанд, ки дар айни замон роҳро банд карда ба рафтуомади дигарон халал мерасонанд ва бо ин бепарвоии худ атрофиёнро асабӣ низ мекунанд. Табиист, ки чунин ашхос аз тарбияти одоб бенасиб будани худро ба атрофиён нишон медиханд.
Аз тарбияти дуруст бархурдор будан, ё набудани шахсро аз оддитарин рафтораш метавон мушоҳида кард. Масалан, дари хона ва ё дафтари кории касеро куфтан (тақ-тақ задан) дар назари аввал менамояд, ки ягон амали тарбиятпазирро намехоҳад. Шояд фикр кунад, ки дарро мекўбанд то иҷозаи даромадан бихоҳанд ва ё шахси дар утоқ бударо ба назди хеш бихонанд ва барои иҷрои ин амал кадом андешаеро пеши рў овардан зарурат надорад. Аммо дарро задан ҳам ҳунару тарбиятро талаб мекунад. Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки гузаштагони мо ин амалро ба гунаи «дарро кўфтан», ё «дарро задан» баён намекарданд, балки онро аз рўйи одоби парварда «дарро нохун задан» мегуфтанд. Чунин рафтори баодобона ҳанўз ҳам дар миёни ҳамқавмони афғонистониамон ривоҷ дорад. Дар онҷо шахсе агар хоҳиши дохил шудан ба утоқеро дошта бошад, дарро бо нохун мезанад, на бо ангушти қатъ карда ва гузашта аз ин бо мушт. Одоби иҷозаи ворид шудан, ё ба гуфтугў даъват кардани соҳибхона чунин аст, ки пас аз нохун задани дар ва ё пахш кардани тугмаи занг ду-се дақиқа интизор шудан муҳим аст. Бояд фурсат дод, ки соҳибхона сару либоси худро бо тартиб даровардад. (Шояд дар хона зан дар бар либоси маҳрамона дошта бошад ва монанди он). Борҳо ба мушоҳида расидааст, ки ҳамдиёри мо як-ду бор дарро мушткўбӣ карда, бедуни шунидани посухи иҷозат ба утоқ ворид шуда, одамони дар ҳолати ногувор қарор доштаи дохилро ба хиҷолат овардааст. Ва ё ба кўбидани дар тифли хоб бударо бедор карда, боиси нороҳатии аҳли хона гаштааст.
ПОКИИ КЎЧАВУ РОҲРАВҲО
Пеш аз ҳама, бояд ҳар як шаҳрнишин дарк кунад, ки ў ҳуқуқ надорад дар шаҳр зиндагӣ карда ба ҳусни шаҳр халал ворид созад. Бо рафтору амали бепарвоёнаи худ боиси бо сарзаниш ва таънаомез ёдовар шудани номи мардуми сарбаланди Кўлоб, Ховалинг, Муъминобод ва навоҳии дигар шавад. Ончуноне борҳо мушоҳида шудааст, шаҳрвандон партобҳову хошокҳои хонаи худро дар кўчаву роҳрав ва ҷўйбору дарё мепартоянд. Ба ташноб латтаву коғаз партофта, обраву лўлаҳои ташнобро баста, боиси сар задани обҳои номатбўъ мегарданд. Ё худ либосу пўшоки аҳли хонаводаи худро дар болои роҳравҳо ва айвонҳои манзилҳои баландошёна овезон карда, кўчаҳоро бо он «байрақҳо»-и худ нозеб месозанд.
Нагуфта нагузарем, ки 15-20 сол пеш мардум либосҳои тагпўш ва лиҳофҳои доғзадаи хонаашонро барои тамошои раҳгузарон намегузоштанд ва дар айвонҳояшон гулкорӣ мекарданд. Роҳ намедоданд, ки собуноба (мағзоба) ва обҳои чиркин аз ҳавлиашон ба кўчаҳо ҷорӣ шавад. Шаҳриён на танҳо ҳавлии худ, балки кўчаву растаи назди хонаашонро субҳи барвақт об мепошиданд. Хасу баргу хасрўбаҳоро ҷамъ мекарданд. Рўбучин мекарданд. Ҳатто кўдакон роҳравон порчаи коғазро аз рўйи пиёдаравҳо меғундоштанд. Одамон ҳатто пасмондаҳои сигоретро ба қуттиҳои махсуси сари роҳ мепартофтанд. Баҳорон ҳашар эълон карда, дар дастҷамъӣ бо мардуми махаллаи худ кўчаву паскўча ва умуман муҳити зисти худро поку мусаффо мекарданд.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Ниёиши некону покон”, таҳияи сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Ойҷонгул Давронова.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи милли мутолиа кунанд.