Аз пандномаҳои Низомии Ганҷавӣ. Дар боби чангу сулҳ

На дониш бошад он касро, на фарҳанг,
Ки рӯзи оштӣ пеш оварад ҷанг.
Хирадманде, ки дар ҷанге ниҳад пой,
Бимонад оташеро дар миёнҷой!
*****
Бо ҳеҷ дудил машав сӯйи ҳарб,
То сикка дуруст хезад аз зарб.
*****
Гуҳар чун ба осонӣ ояд ба чанг,
Ба сахтӣ чӣ бояд тарошид санг.
Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом.
Чи бояд сӯйи чанг додан лагом!
*****
Чу дар тоси лағзанда афтод мӯр.
Раҳонандаро чора бояд, на зӯр!
*****
Шунидам зи ҳарбозмоёни пеш,
Ки аз зӯри тан заҳраи мард беш.
Далерист ҳанҷори лашкаркашӣ,
Сарафкандагӣ нест дар саркашӣ.
Ба ҳангоми дашкар бароростан,
Зи лашкар набояд мадад хостан,
Сабурӣ зи худ хоҳу сабр аз Худой,
Ки лашкар бад-ин ҳар ду монад ба ҷой!
*****
Чу пирӯз бошӣ, машав дар ситез,
Макун баста бар хасм роҳи гурез.
Гаҳи ноумедӣ ба ҷон боз кӯш,
Ки мардонаро кас намолид ба гӯш.
*****
Ба ҷойе, ки оҳан дар ояд ба занг,
Ба зар додан оҳан барояд зи санг.
Хазина зи баҳри зар окандан аст,
Зар аз баҳри душман пароканда аст.
*****
Ситезагарӣ бо худованди бахт,
Ситезандаро сар бурад бар дарахт.
*****
Ситезандаро чун бувад сахт кор,
Ба нармӣ талаб кун, ба сахтӣ бидор.
Сари хасм чун гардад аз фитна пур,
Ба чарбӣ биёвар, ба тези бибур!
*****
Чу хоҳӣ, ки бошад зафар ёри ту,
Зафардида бояд сипаҳдори ту.
*****
Ба ҳар ҷо, ки ҳарбе фароз оядат,
Ба ҳарбозмоён ниёз боядат.
Ҳазиматпазир аз дигар ҳарбгоҳ,
Набояд, ки ёбад дар он ҳарб роҳ.
Гурезанда чун раҳ ба даст оварад,
Ба кӯшандагон дар шикаст оварад.
*****
Сипаҳро ба андоза деҳ пойгоҳ,
Мадеҳ бештар чизе аз харҷи роҳ.
Шикамбандаро чун шикам гашт сер,
Кунад баддилӣ, гар чи бошад далер.
На серӣ чунон деҳ, ки гарданд маст,
На бигзорашон аз хуриш тангдаст.
Чунон зӣ, ки ҳангоми сахтиву ноз,
Бувад лашкар аз ҷуз туе бениёз.
*****
Сипаҳро, ки фирӯзмандӣ расад,
Зи ёрони якдил баландӣ расад.
*****
Кулӯхе, ки бо кӯҳ созад набард,
Ба санге тавон з-ӯ баровард гард.
Дарахти каду то на бас рӯзгор,
Кунад даъвии ҳамсарӣ бо чанор.
*****
Ҳамасола гавҳар нахезад зи санг,
Гаҳе сулҳ созад ҷаҳон, гоҳ ҷанг.
*****
Аблаҳӣ бин, ки аз пайи санге,
Дӯст бо дӯст мекунад ҷанге.
*****
Бар одати хештан мазан санг,
Бо лашкари хештан макун ҷанг.
*****
Наҳанг он беҳ, ки бо дарё ситезад,
К-аз оби хурд моҳӣ хурд хезад!
*****
МАНБАЪ: Низомии Ганҷавӣ: “Ҳазору як андарз”. Душанбе “Маориф ва фарҳанг”, 2007.
Ин китоби хеле хубро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Баргигул НАБОТОВА, мутахассиси пешбари
шуъбаи хизматрасонӣ ба
шахсони имконияташон маҳдуд.