Аз пандномаҳои Низомии Ганҷавӣ. Дар боби пириву ҷавонӣ

Ҷавонӣ чист? – Савдоест дар сар

В-аз он савдо таманное муяссар.

Чу пирӣ дар вилоят гашт волӣ,

Зи сар берун шуд он савдо ба ҳолӣ!

*****

Фориғӣ аз қадри ҷавонӣ, ки чист?

То нашавӣ пир, ки надонӣ, ки чист?!

Шоҳиди боғ аст дарахти ҷавон,

Пир шавад, бишканадаш боғбон

Гарчи ҷавонӣ  ҳама худ оташ аст,

Пирӣ талх асту ҷавонӣ х(в) аш аст.

*****

Зи ҳастӣ то одам мӯйе умед аст,

Магар, к-он мӯй худ мӯйи сапед аст.

Чу дар мӯйи сиёҳ омад сапедӣ,

Падид омад нишони ноумедӣ!

*****

Пири думӯйе, шабу рӯзи туст,

Рӯзи ҷавонӣ адабомӯзи туст.

Давлат агар давлати ҷамшедияст,

Мӯйи сапед ояти навмедияаст.

*****

Хушо мулко, ки мулки зиндагонист.

Беҳо рӯзо, ки он рӯзи ҷавонист.

На ҳаст аз зиндагӣ хуштар шуморе,

На чун рӯзи ҷавонӣ рӯзгоре.

*****

Айби ҷавонӣ напазируфтаанд,

«Пириву сад айб»-чунин гуфтаанд.

*****

Гул, ки нав омад ҳама роҳат дар ӯст,

Хор куҳан гашт, ҷароҳат дар ӯст.

Аз навӣ ангур бувад тӯтиё

В-аз куҳанӣ мор шавад аждаҳо.

*****

Бисоти майи арғувонӣ бинеҳ,

Тараб созу доди ҷавонӣ бидеҳ.

Чу дорӣ ҷавониву иқбол ҳаст,

Ба руду ба май шод бояд нишаст.

*****

Ақл, ки шуд косаи сар ҷойи ӯ,

Мағзи куҳан нест пазиройи ӯ.

Он, ки расадномаи ахтар гирифт,

Ҳукм зи таърихи куҳан баргирифт.

*****

То ҷавониву тандурустӣ ҳаст,

Ояд асбоби  ҳар мурод ба даст.

Дар сиҳисарв чун шикаст ояд,

Мӯмиёӣ куҷо ба даст ояд?!

*****

Ҷавонӣ шуду зиндагонӣ намонд,

Ҷаҳон, гӯ, мамон, чун ҷавонӣ намонд.

Ҷавонӣ бувад хубии одамӣ,

Чу хубӣ равад, кай бувад хуррамӣ!

*****

Дар куҳан инсофи навон кам бувад,

Пир тарафдори ҷавон кам бувад.

*****

Ҷавоне гуфт пиреро:-Чӣ тадбир,

Ки ёр аз ман гурезад, чун шавам пир?!

Ҷавобаш дод пири нағзгуфтор,

Ки дар пирӣ ту худ бигрезӣ аз ёр!

*****

Чу пири куҳан гардад озурдапушт.

Зи найза асо беҳ, ки гирад ба мушт.

*****

Зи пирӣ дигаргун шавад ройи нағз,

Фаромӯшкорӣ дарояд ба мағз.

*****

Ҷавон гарчи шоҳи далерон бувад,

Гаҳи чора мӯҳтоҷи  пирон бувад.

Каду гар ба навшоҳ бозӣ кунад,

Ба шохи куҳан сарафрозӣ кунад.

*****

Ҷавон гар ба дониш  бувад беназир,

Ниёз оядаш ҳам ба гуфтори пир.

*****

Чун ҷавон ҷӯш дар ниҳод орад,

Панди пирон куҷо ба ёд орад!

*****

Ҳадиси кӯдакиву худпарастӣ,

Раҳо кун, к-он хуморе буду мастӣ.

Чу умр аз сӣ гузаштат ё худ аз бист,

Намешояд дигар чун ғофилон зист.

*****

Ба ком аз ҷавонӣ тавонӣ расид,

Чу пирӣ расад, гӯша бояд гузид,

Ба пиронсар гунбанди лоҷвард.

Ба Заҳҳоку Ҷамшед бин то чӣ кард!

*****

Дарахте, к-аввал аз аз пайванд каҷ хост,

Чу хушку пир гардад, кай шавад рост!

Гилеми нав, к-аз ӯ гармӣ наёяд.

Куҳан гардад, куҷо гарми физояд!

МАНБАЪ: Низомии Ганҷавӣ: “Ҳазору як андарз”. Душанбе “Маориф ва фарҳанг”, 2007.

Ин китоби хеле хубро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Баргигул Наботова, корманди

шуъбаи хизматрасонӣ ба

шахсони имконияташон маҳдуд.