Аз пандномаҳои Низомии Ганҷавӣ. Дар боби ёриву дӯстӣ

Туро аз ёр нагзирад ба ҳар кор,
Худояст он, ки бемисл асту бе ёр.
Басо коре, ки аз ёре барояд,
Бибояд ёр, то коре барояд!
*****
Ба ҳар ҷо, ки бошӣ зи пайкору сур
Мабош аз рафиқи сазовор дур.
*****
Боғ боғи ту, хона хонаи туст,
Ошёни ман ошёнаи туст.
*****
Бар он кас дӯстӣ бошад ҳалолат.
Ки бешӣ хоҳад андар чоҳу молат.
Рафиқе, к-ӯ бувад бар ту ҳасаднок,
Ба бодаш деҳ, ки нарзад сӯҳбаташ хок.
*****
Чу дар базми шодӣ нишаст оварӣ,
Беҳ, ар ёри хандон ба даст оварӣ.
Макун бар рухи ҳеҷ ғамгин нигоҳ,
Ки то бар ту шодӣ нагардад табоҳ.
*****
Раҳ он касрост дар кошонаи ту,
Ки дӯзад чашми худ аз хонаи ту.
Мадон он дӯстро ҷуз душмани хеш,
Ки ёбӣ чашми ӯ бар равзани хеш!
*****
Душмани хурд аст балое бузург,
Ғафлат аз ӯ ҳаст хатое бузург.
Хасмии каждум бадтар аз аждаҳост,
К-ин зи ту пинҳон бувад, ӯ бар малост.
*****
Макун бо ҳеҷ бадмаҳзар нишасте,
Ки н-орад дар шукӯҳат ҷӯз шикасте.
*****
Машмор андӯи хурдро хурд,
Хор аз раҳи худ чунин тавон бурд!
*****
Дӯст бувад марҳами роҳатрасон
В-арна раҳо кун сухани нокасон.
*****
Ҳамнишасте, ки нофабӯй бувад,
Беҳтар аз он, ки ёвагӯй бувад!
*****
Дӯстӣ аз аждаҳо нашояд ҷуст,
К-аждаҳо одамӣ хурад ба дуруст.
*****
Ҳазор аз баҳри май хӯрдан бувад ёр,
Якеро баҳри ғам хӯрдан нигаҳ дор.
*****
Ҳар нафас, к-он ғаразомез шуд,
Дӯстии душманиангез шуд.
Дӯстие, к-он зи туиву манист,
Нисбати он дӯстӣ аз душманист.
*****
Некмардон ба бад инон надиҳанд,
Дӯстонро ба душманон надиҳанд.
*****
Дӯстии ҳар кӣ туро рӯшан аст,
Чун дилат инкор кунад, душман аст.
Тан чӣ шиносад, ки туро ёр кист,
Дил бувад огаҳ, ки вафодор кист.
*****
Дӯст кадом? – Он, ки бувад пардадор ,
Пардадаранд ин ҳама чун рӯзгор.
Ҷумла бар он, к-аз ту сабақ чун баранд,
Сиккаи корат ба чӣ афсун баранд.
Бо ту инонбастаи сурат шаванд,
Вақти зарурат ба зарурат шаванд.
*****
Бо пардадаридагони худбин
Дар хилвати ҳеҷ парда маншин.
*****
Он парда талаб, ки чун Низомӣ
Маъруф шавӣ ба некномӣ!
*****
Бар дари ҳар кас чу сабо дарматоз,
Бо дами ҳар кас чу ҳаво дармасоз.
Ин ҳама чун соя, ту чун нур бош,
Гар ҳама дорӣ, зи ҳама дур бош!
МАНБАЪ: Низомии Ганҷавӣ: “Ҳазору як андарз”. Душанбе “Маориф ва фарҳанг”, 2007.
Ин китоби хеле хубро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Баргигул НАБОТОВА, мутахассиси пешбари
шуъбаи хизматрасонӣ ба
шахсони имконияташон маҳдуд.