Аз профессор Шамсиддини Солеҳ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавонед бихонед?

Шамсиддини Солеҳ аз ҷумлаи муҳаққиқони пуркори тоҷик аст, ки бештар дар бораи жанри адабии роман корҳои арзишманду мондагори пажӯҳишӣ анҷом додааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддини Солеҳ  7-уми ноябри соли 1959 дар деҳаи Ғағзаи ноҳияи Панҷакат ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили (1984) факултаи филологияи УДТ (ҳоло ДМТ) аст.

Солҳои 1984 -1991 дар рўзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (ҳоло «Насими  айём»-и н. Рўдакӣ) кор карда, 1992-1995 дар аспирантураи АИ Тоҷикистон хондааст. Фаъолияти минбаъдааш дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон гузаштааст, вазифаҳои ходими илмӣ, котиби илмии шуъбаи адабиёт ва мероси адабӣ, муовини директор ва мудири шуъбаи адабиёти муосир ва мероси адабӣ иҷро намудааст.

Аз соли 2012 сардори Маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллииТоҷикистон кор кардааст. Ҳоло устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ мебошад.

Ба таҳқиқи яке аз жанрҳои муҳими адабӣ-роман ва ташаккули он дар адабиёти қарни бисти тоҷик, поэтикаи ҳикояҳои тоҷикӣ дар солҳои 70-80-и асри гузашта шуғл варзида, ҳамзамон бобати ҳаёту осори адибони адибони муосири тоҷик, шинохти адабиёт зиёда аз сад мақола, тақризу китобиёт дар матбуоти тоҷик ба табъ расондааст.

Аз Шамсиддини Солеҳ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:

Вориси Хайём: Шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ. – Душанбе, 1991. – 50 с.

Марги сафед: Нашъамандӣ-фоҷеаи шахс, оила ва марги миллат. – Душанбе, 2001. – 14 с.

Поэтикаи  ҳикояи тоҷикии солҳои 70-80 садаи ХХ (масъалаи замон  ва макони бадеӣ). – Душанбе, 2006. – 169 с.

Адабиёт ва шинохти он. – Душанбе, 2009. – 240 с.

Роман дар адабиёти тоҷикии садаи ХХ [Матн]: Масъалаи ташаккули жанр. – Душанбе, 2011. – 336 с.

Роман в таджикской литературе ХХ века (проблемы формирования жанра):: Дисс… доктора филол. наук. – Душанбе, 2011.

Нақду адабиётшиносӣ дар саҳифаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (соли 2006):  Аз маҷлиси раёсати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 2 май.

Таҳқиқоти сазовор ва бунёдӣ: Барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ. – 2014. – 12 июн.

Оинаи нақду адабиётшиносӣ: Баррасии мақолаҳои дарҷшуда дар ҳафтаномаи Адабиёт ва санъат // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 25 апрел.

Библиографияи миллӣ.